.
Ба маъракае рафтему тибқи «таомул» ба сару либосамон нигариста, моро ба хонае гузарониданд, ки дар он ҷо тақрибан 10 -12 шахси галстукдор ва рӯҳоние нишаста буд. Баъд аз хондани дуо, сӯҳбат пиромуни занҳо печид. Нафаре ба рӯҳонӣ муроҷиат намуд: «Занак пир шудаасту мо ҳанӯз ҷавонем, чӣ кор кунем, чӣ маслиҳат медиҳед, домулло?» Дигаре ҷониби ӯ нигариста гуфт: «Очаи бачаҳоро зиндагӣ он қадр фарсуда намудааст, ки дигар дилам намекашад, чӣ бояд кард?» Савумӣ бо ҳасрат таъкид менамуд, ки дилаш зани ҷавон мехоҳад. Посухи рӯҳонӣ тақрибан як хел садо медод: «Бояд зани дувум гирифт».
«Зани дувум- зани мардум», – мегӯяд халқ. Дар ин матлаб сари дурустиву нодурустии ин гуфта баҳс накарда, даст рӯи сина гузошта, ҳаминро бояд ёдовар шавем, ки ҳич гоҳ дар зиндагӣ зани дувум ва ҷавон ҷойи ҳамсари аввалро намегирад. Зани ҷавон ба марди солхӯрда на аз рӯйи муҳаббату садоқат издивоҷ менамояд, балки ҳадафи мушаххас дорад: хона гирифтан мехоҳад, шавҳар ба ҳаллу фасли масоили молии вай мусоидат мекунад ва ниҳоят аз ҳисоби ӯ дар истироҳатгоҳҳои беҳтарин тафреҳ хоҳад дошт. Илова бар ин, бо даст додани нахустин имконият, аз қабили аз сари мансаб рафтани шавҳар ва ё пайдо намудани маҳбуби ҷавону доро вайро бе дудилагӣ ва азоби виҷдон тарк мекунад.
Гузашта аз ин, бармегардем сари сӯҳбати аввал ва аз худ суол мекунем, ки чаро мардҳои мо дар қарни 21 ба сар мебаранду шуурнокии онҳо дар сатҳи қуруни вусто қарор дорад. Барои чӣ онҳо омодаанд, маоши худро барои зани бегона ва лаҳзаи тафреҳе харҷ намоянду андеша намекунанд, ки агар нисфи ин маблағро барои ҳамсари худ сарф созанд, аввалан, рисолати инсонии хешро иҷро намудаву баъдан аз бемориҳои гуногуни сироятӣ ҳифз хоҳанд шуд ва сониян маблағи мондаро метавон барои хонондани фарзандон дар макотиби беҳтарин ихтисос дод ва ё сатҳи зиндагиро болотар бурд. Ва ниҳоят, чаро мо аз тамаддуни дигар миллатҳо бештар ҷанбаҳои манфиро мегирему ба паҳлуҳои мусбати он бетафовут менигарем?
Агар ба «суннатҳо» -и сад соли ахирамон нигарем, бо каме тадқиқ рӯшан месозем, ки бештарашро аз хориҷ «ворид» карда, зиндагии сахту сангини хоҳарону модарони худро печидатар намудаем. Назарҳои манфӣ ба мақоми зан дар ҷомеаи мо аз ғарб сарчашма мегиранд ва он ҳам аз Аврупои қуруни вусто. Масалан, Клод Бернард ба зан ҳамчун ба махлуқи бе рӯҳ ва андеша менигарист. Фрейд бошад, рӯҳи занро ҳамчун рӯҳи ҳайвон арзёбӣ мекард. Дар он замон рӯҳониёни ғарб бо аҳли дарбор забон як карда, аз пайи ҷамъ намудани дороӣ шуда, алайҳи чунин назарҳои хушунатбор посухе намегуфтанд. Рӯҳониёни кишварҳои мусалмонӣ натиҷаи чунин муносибат ба занро дида, ифротро ба ҷойе расониданд, ки сатҳи бонуи хонаро ба мошини либосшӯӣ баробар карданд. Арзиши инсонии зан ба дараҷае паст карда шуд, ки ҳатто дар муошират номашро нагирифта, масалан «модари Маҳина» гуфта, садояш менамоянд. Дар ибтидо бошад, занро танҳо бо исми фарзанди аввалаш (агар писар бошад) садо мекарданд. Агар нахустфарзанд духтар бошад, номи писарашро (ҳатто агар савум ё чаҳорум тифли хона бошад) мегирифтанд. Садо додани исми духтар мамнуъ буд. Холо дар аксар хонаводаҳои тоҷик шавҳар номи занашро намегираду ба вай «модари фалонӣ» гуфта, муроҷиат менамояд. Хатто бонувони гиромиамон ба пайдошавии ин тарзи муносибат аҳамият надода, ба якдигар «очаи Маҳина» ё «очаи Акбар» мегӯянд. Агар чунин тарзи муносибат давом кунад, дур нест рӯзе, ки зани тоҷик номи аслии хешро аз ёд барад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Дарҳои оҳанини сохти шӯравӣ боз шуду марди тоҷик имрӯз ба қавле «дунёдида» гардид. Ин «ҷаҳонбинӣ» ба ӯ иҷоза медиҳад, ки барои ба варзиш шуғл варзидани маъшуқааш имкон фароҳам орад. Вақти интихоби либоси зебо ва гаронтарин ба вай пул медиҳад. Барои рафтанаш ба солонҳои занона мусоидат (ҳатто бо мошин) менамояд. Ба истироҳатгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ва хориҷӣ мебарад. Таҳсилашро дар донишгоҳи беҳтарин сармоягузорӣ менамояд, аммо боре ҳам андешае дар мағзаш русух намекунад, ки агар ҳамин гуна шароитро барои ҳамсараш муҳайё созад, ниёзе ба зани бегона намемонад. Ҳамсараш на бесаводу ҷоҳил мемонаду на «фарсуда» мегардад. Лаҳзае тасаввур намекунад, ки агар ҳамсараш баъд аз субҳона ба ҳавзи шино раваду баъдан аз мағозаҳои хуб либоси зебо харида ба бар намояд ва ҳафтае се маротиба дар фитнесклуб ба варзиш шуғл варзад, аз ягон зани дигар камие нахоҳад дошт. Агар ҳамсараш таҳсилоти донишгоҳӣ дошта бошад, фарзандони солеҳе тарбия хоҳад кард. Ва ниҳоят, агар маҷаллаҳои занонаро мутолиа намояд, ҳар шом барояш хӯрокҳои лазиз хоҳад пухт.
Вақте писар издивоҷ мекунад, мо ба вай «шаҳ» гуфта, муроҷиат менамоем, ки маънои «шоҳ» - ро дорад, яъне ба ӯ мақоми баландеро қоилем. Аммо чаро ба «шаҳ» намегӯем, ки арӯси ӯ низ мақоми «малика» -ро дорад ва онҳо дар зиндагӣ ҳуқуқ ва масъулияти баробар доранд? Мардуми русзабон дар нисбати зани издивоҷкарда вожаи «замуж» -ро мавриди истифода қарор медиҳанд. «За- муж» маънии дар ҳимояи шавҳар қарор доштанро дорад. Яъне мард бояд барои буду боши ҳамсараш шароити хуби инсонӣ фароҳам оварад, то ӯ ба чизе ниёз надошта бошад. Чаро мо ба маънии вожаҳое, ки истифода мебарем, аҳамият намедиҳем? Ё шояд аксари мардҳо онро ба хотири дур кардани масъулият аз дӯши худ нодида мегиранд? Оё то ҳанӯз эҳсос накардаем, ки дар ҷаҳолат қарор додани зан бар зарари хонавода, ҷомеа ва миллат аст? Магар зани бесавод метавонад хонаеро обод нигаҳ дораду фарзандони фарзона тарбият намояд?
Алии Шариатӣ, донишманди варзида ва ҷомеашиноси шинохтаи Фаронсавӣ дар ин маврид мегӯяд: «Намедонам, чӣ гуна шахси номукаммал ва бесуд, ки шароити ками истифода аз имконоти ақлонӣ дорад ва аз истифода ва баҳрабардорӣ аз адабиёт, маориф, илм, фарҳанг, тамаддун, андеша ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ маҳрум аст, чӣ тавр масъулият ва ӯҳдадориҳои худро дар мавриди тарбияи насли оянда анҷом хоҳад дод. Чӣ хел вай ба фарзанди худ жарфнои рӯҳро меомӯзад, дар ҳоле, ки худаш аз он хабаре надорад? Чӣ тавр ӯ ба тифли худ пазируфтани ғояҳои навро хоҳад омӯхт? Чӣ гуна ин зан фарзанди соҳибистеъдод ва рӯшанфикр парвариш мекунад? Зани бемаълумот барои фарзанди худ ҷуз доягӣ чӣ кори дигареро анҷом хоҳад дод? Дар вақти омӯхтани интизом ӯ тифли худро бо вожаҳои ифлос сарзаниш менамояду ба сараш дод мезанад ва ҳатто аз сари ғазаб ба тақдири ояндааш лаънат мефиристад».
Дӯсте нақл кард, ки ҳамсояаш 20 сол боз дар шаҳри Санкт Петербург ронанда аст. Бо даст додани имкон дар 2-3 сол боре ба Тоҷикистон меояд. Рӯзе телефони хонааш хароб шудаву ӯ ба хонаи ҳамсоя занг зада, хоҳиш намудааст, ки ҳамсарашро даъват намоянд. Ӯ аз маркази фарҳангии Русия, аз тариқи телефон ба занаш маъвизаеро шунавондааст, ки муллое дар кадом масҷиди шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъа қироат кардааст. Оё ин бадбахтӣ ва ҷоҳилӣ нест? Шахсе дар маркази тамаддуни Аврупо зиндагӣ карда, ҳамчун ҳадяи фарҳангӣ ба ҳамсараш маъвиза ироа менамояд! Дигар аз чунин волидон тарбияи чӣ гуна фарзандро метавон интизор шуд? Оё ин фарзанд дар пешрафти илм ва тамаддуни миллат метавонад саҳми кӯчаке дошта бошад?
Шоири хушсалиқа, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ боре нақл кард, ки дар қарни 19 дар Бадахшон марде ба назди муллои деҳа омада, хоҳиш менамояд барояш «Гулистон» - и Саъдии Шерозиро рӯнавис кунад. Мулло ба ивази заҳматаш барзагови ягонаи мардро талаб менамояд. Ба хотири соҳибмаълумот шудани фарзандон мард розӣ мешавад. Баъд аз чанде мулло ба хонааш одам мефиристад, ки говро биёраду китобро бигирад. Вақте мард ба хонаи мулло меояд, ӯ чоруқҳои нави вайро дида, ба болои гов онҳоро низ талаб мекунад. Марди деҳотӣ ночор чоруқҳояшро кашида, дар зимистон бо пойи урён, вале хушбахт «Гулистон» дар даст ба хона бармегардад.
Фикр мекунед сабаби муносибати дағал ва ғайриинсонии бархе аз мардони мо ба зану фарзанд магар аз бефарҳангӣ нест? Чаро дар қарни 19 ба ивази китобе барзагов медодему имрӯз аз мутолиа дур шудаем? Чаро бо садои баланд эҳтироми модар мегӯему дар назди фарзандон бонуи хонаро сақат мегӯем? Вақте дар нисбати модари фарзандон беэҳтиромӣ мекунем, онҳо аз мо чиро меомӯзанд? Чаро андеша намекунем, ки сабаби дағалӣ ва беэҳтиромии писарон бо ҳамсаронашон дар муносибати мо нуҳуфтааст.
Фурсат расида, ки муносибатҳои хонаводагиро аз тариқи муҳаббат ба роҳ монем. Вақте тифл дар муоширати волидон танҳо сухани ишқ мешунаваду меҳрубонӣ мебинад, бидуни шак ҳангоми издивоҷ чунин муносибатро бо ҳамсари худ хоҳад кард. Аз эҳтимол дур нест, ки бо роҳандозӣ намудани чунин тарзи муносибат, баъд аз фавт рӯйи қабри инсон гули лола бирӯяд на хор.
Эмомалӣ Сайидамирзод