.
Ҳунар биёмӯз, эй ҷони падар
Бист сол қабл тасмим гирифт, то ҷараёни зиндагияшро тағйир бидиҳад ва ба эҳёи ҳунари модар – сабадбофӣ шуғл варзад. Мӯҷиби ба ин қарор омадани ӯ, рӯзгори нобасомон, маҳрум шудан аз ҷойи кори доимӣ, ҷудоӣ аз шавҳар, масъулияти парвариш ва тарбияи се кӯдаки маъсум буд. Матлаби мо роҷеъ ба рӯзгори Шаҳодат Ҳомидова, сокини деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.
Шаҳодат ҳамагӣ 31 сол дошт, ки шавҳараш аз бари ӯ рафт. Вай дар корхонаи тозатаъсиси муштараки «ВТ-Силк» ба кор пардохт. Вале корхона аз сабаби мувоҷеҳ шудан ба мушкилот, коргаронро ба рухсатии тӯлонӣ фиристод. Тасмим гирифт ҳунари аз модар «мерос» мондаро зинда дошта, онро инкишоф бидиҳад.
– Сабадбофиро аз модарамон Олтуной Ҳомидова ба мерос гирифтаем, – қисса мекунад Шаҳодат. – Модарам аз бибиямон ин касбро омӯхтаанд. Ба ману бародарам Домуллоҷон ва хоҳарам Назокат ин ҳунарро омӯзонида, насиҳат мекарданд, ки онро аз ёд набарорем ва ба фарзандон низ интиқол бидиҳем.
Такомули ҳунар
Шаҳодат сабадҳои гуногунро барои нигаҳдории нону либос, хушк кардани қурут, моҳидорӣ омода месохт ва ҳафтае як маротиба ба бозори Қайроққум барои фурӯш мебаровард. Бо як қисми маблағи бадастомада навдаву шохаҳои нав мехарид ва қисми дигарашро ба хонавода сарф мекард. Вай аз деҳа ба деҳа, аз шаҳр ба шаҳр гашта, шохи тут, бед, биҳӣ, анор, лигуструма –буттаи ҳамешасабз мехарид ва ба хона оварда, аз он сабад мебофт.
Соли 1998 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд коргардони машҳури синамо Бахтиёр Худойназаров филми «Падари маҳтобӣ»-и хешро ба навор гирифт. Вай аз Шаҳодат хоҳиш кард, то барояш аз навдаҳо кӯзадону ниқоби фурӯзонакҳо омода созад.
Баъдан, соли 2003 Шаҳодат барои такмили ҳунари хеш озими пойтахти Қирғизистон шуд ва аз ҳунарманди маҷорӣ Форган Шандор асрори сабадбофии аврупоиро биёмӯхт.
Баъди бозгашт Шаҳодатро созмони ҷамъиятии Оҷонсии дастгирии равандҳои рушди «Нов» ба ҳамкорӣ даъват кард. Бо кӯмаки онҳо Шаҳодат тайи се сол ба 22 деҳаи дурдасти ноҳияи Айнӣ сафар кард ва беш аз сесад нафар духтарону писарони толибилмро ҷамъ намуда, барояшон сабадбофиро омӯзонд.
Хаймаҳои ҳикмат
Шаҳодат соҳиби тахайюли рангин аст. Чаҳор сол қабл як гурӯҳ филмсозон дар мавзеи Шӯркӯли ноҳияи Шаҳристон филмеро ба навор гирифтанд. Бо хоҳиши филмсозон Шаҳодат барояшон хайма бофт. Он хаймаҳо дар худ ҳикмати садсола доштанд.
Ҳамакнун Шаҳодат лаҳзае бекор наменишинад. Ашёи ӯ на риштаю расан, на мӯю ресмон, балки шохаи сабзи дарахтон аст. Ӯ дигар танҳо бо сабадбофӣ машғул нест. Дӯстони зиёде дорад, ки барояш тарҳҳои навро пешкаш месозанд. Яке аз дӯстонаш адвокати варзида Татяна Хатюхина аст, ки тавассути Интернет барояш тарҳҳои комилан ҷадид ва нотакрорро пайдо ва дастрас менамояд.
Шаҳодат дерест орзу дорад порчаи заминеро барои парвариши лигуструма ба иҷора бигирад. Вале то ҳол ин орзуяш чун орзуҳои дигараш, яъне дар гӯшаи бозори Хуҷанд дӯкон доштан ва дар намоишгоҳҳои берун аз кишвар ширкат варзидан, амалӣ нашудааст.
Рушди ҳунармандӣ – наҷоти миллат!
Чунончи Хуршеда Содиқова, сарвари Донишкадаи пажӯҳишҳои авроосиёӣ дар Тоҷикистон, иброз медорад, дар ҷумҳурӣ садҳо ҳунарҳои мардумие ҳаст, ки эҳё ва рушди онҳо метавонад сатҳи фақр ва камбизоатиро коҳиш бидиҳад. Байни мардум мақоле роиҷ аст: «Ризқи шахси ҳунарманду косибро Худо медиҳад». Имрӯз эҳёи ҳунарҳои мардумие чун танӯрсозӣ, сандуқсозӣ, дастархондӯзӣ, қуроқдӯзӣ, адрасбофӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, кулолгарӣ ва амсоли он метавонад рӯзгори одамонро обод созад. Вале бозорҳои Тоҷикистон моломоли маҳсулоти чинӣ ва ӯзбекӣ шудаанд. Барои он ки маҳсулоти хориҷӣ бозори фурӯши маҳсулоти моро танг насозад, бояд давлат воридоти он маҳсулотро манъ созад. Зеро ҳар он чизе, ки ба таври дастӣ офарида мешавад, дар худ меҳру муҳаббати инсониро таҷассум месозад.
– Мо бояд саёҳат ва ҷаҳонгардиро рушд дода, шароити мусоидро барои бозаргонони дохилӣ муҳайё созем, – таъкид медорад Хуршеда Содиқова. – Бисёр хуб аст, ки дар шароити феълии нарасидани ҷойҳои корӣ мардум, ба вижа бонувон, машғули кори судманд мешаванд. Муҳимтар аз ҳама ҳунарҳои мардумӣ эҳё гарданд. Ҳунарҳои мардумӣ баёнгари таърих, фарҳанг ва тарзи зиндагиву рӯзгори халқанд. Таманнои онро дорем, ки ҳамватанони дигарамон ҳам мисли Шаҳодат Ҳомидова соҳиби иродаи қавӣ бошанд ва дар роҳи шукуфоии кишвар ва саодати ростин ва ободии рӯзгори хеш гомҳои устувор бигузоранд.
Тилав Расулзода