Вақте жарф назар меандозему таҳлил мекунем, мебинем, ки барои хушбахтии воқеии оила меҳру муҳаббат нақши муҳим дошта, фарзандони солим асоси хушбахтӣ ва пулу дороӣ (ба таври кофӣ) ҳатмист. Аммо боз меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки барои расидан ба хушбахтии воқеии оилавӣ онҳоро бояд риоя кард:
Таҳаммулпазирӣ – вақте камбудие аз ҷонибе (зан, шавҳар) сар зад, тавони созишу муросоро бояд дошта бошед.
Тасмимгирӣ – нагузоред, ки одамони бадхоҳу бадамал рӯи фикру ақида ва ё зиндагии шахсиатон таъсиргузор бошанд. Дар ҳар ҳолат танҳо баъд аз таҳлили воқеии вазъ тасмиме барои худ бигиред.
Эҳтироми андеша – ҳатто афкори кӯчактарин аъзои оиларо ба инобат гирифта ва хоҳиши ӯро (агар пазируфтанист) амалӣ созед.
Маъмулан мардҳо баъди издивоҷ дигар вақти камтаре барои худу шуғли дӯстдошта (варзиш, нишастҳои дӯстона, мошин…) доранд. Аз ин хотир онҳо аз оиладор (пойбанд) шудан сахт метарсанд. Охир, кӣ мехоҳад озодиашро аз даст бидиҳад? Бинобар ин вақте ҷавонписари «меҳрубону гапгир», оне ки ситораҳои осмонро замоне бароятон омода буд биёрад, баъди издивоҷ оҳиста – оҳиста тағйир биёбад, ғусса нахӯред. Инро равоншиносон ҳолати табиии мард баъд аз издивоҷ унвон кардаанд, ки дар шарҳаш мегӯянд:
– Баъд аз издивоҷ доираи меъёрҳои озодии пешина барои мард маҳдуд мешавад. Масалан, агар пештар ӯ имкони ҳар бегоҳ сарҷамъ омадан бо дӯстонро дошт, баъди оиладор шудан ин амал хеле кам ва он ҳам бо гирифтани «иҷозат» (ногуфта намонад, ки огаҳ карданро низ мардон барои худ чун сензураву иҷозат маънидод мекунанд) иттифоқ меафтад;
– Чизи дигаре, ки марди оиладорро асабӣ месозад, ин зангҳои пайдарпаи телефонӣ ва суолҳои «Дар куҷоӣ? Кай меоӣ?»-и ҳамсараш аст. Вале чӣ мегӯед, ки вақте завҷааш бо дугонаҳояш ҷое рафту аз вақти муайяншуда каме дер ба хона омад, худашон қодиранд корро то хархашаву ҷанг бикашанд;
– Мардҳо он қадар хаёлоти «бою рангин»-е доранд, ки ҳамеша сари эҳсоси рашку алам дар фикри исботи «хиёнат»-и зан мешаванд;
– Вақте ба зан шавҳараш мегӯяд, ки: «Бо дӯстонам ҷое нишаста будему бо сабаби бад будани хати алоқа телефони дастиам хомӯш буд» вай зуд бовар мекунад. Ақаллан вонамуд мекунад, ки ба дурустии суханони шавҳараш бовар кардааст. Аммо исботи бо дугонаҳо нишастан ва телефони берун аз хати алоқа қарордошта барои мардон хеле мушкил аст. Онҳо дар чунин мавридҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд сухани ростро қабул созанд;
– Одатан мардҳо то издивоҷ имкони ҳар гуна либос пӯшидану ороишро ба бонувон медиҳанд ва тарзе ҳам вонамуд мекунанд, ки гӯё ин ҳама барояшон маъқулу хушоянд аст. Аммо баъди издивоҷ ногаҳон аз либосҳои тангу ороишоти ҳамсара ғашашон меояд. Мисли кӯдаке, ки мехоҳад «бозича»-ашро ба таври дилхоҳ «зеб» бидиҳад, дар фикри дигар кардани либоспӯшии завҷаашон мешаванд;
– Баъди ҳар нофаҳмие дар оила ба ҳамсарашон ваъда медиҳанд: «Ман дигар мешавам. Хатоҳои гузашта такрор намешаванд». Ва ба қавли худ «вафо» мекунанд, аммо ин ҳама «дигаргунӣ» дар хислату рафтори онҳо дер давом намекунад;
– Гарчанде чунин вонамуд мекунанд, ки «ҳеҷ гап не», аммо мардҳо аз оилавайронӣ сахт метарсанд. Беш аз ҳама аз он хавф доранд, ки баъди рафтани бонуи хона кӣ хонаву дар ва зиндагии эшонро ба тартибу низом медароварда бошад? «Кӯдаконро кӣ нигоҳубин мекунад?» - меандешанд дар худ;
– Хислату рафтори мардон то он ҳад аҷибу нофаҳмиданист, ки дардноку нобахшиданӣ будани мафҳуми хиёнатро дониста, мисли оруе, ки ҷониби асал майл дорад, бо даст додани аввалин имкон ба ҳамсарони худ тайёранд хиёнат бикунанд;
– Баъди издивоҷ «танбалу гапнодаро» мешаванд. Ҷавонмарде, ки замоне бароятон ситораи осмонро ваъда додаву мегуфт, ки: «Бароят субҳонаи олиҷаноб, хӯроки лазизтарин, ширинии хушмаззае омода хоҳам кард, ки мислашро ҷое на дидаиву на шунида», акнун аз шумо талаб мекунад, ки барои ӯ ин ҳама «надидаҳову нашунидаҳоятонро» омода созед;
– Мардҳо аксар маврид мушкили оилавиашонро ба дӯстон (дар тарабхона, вақти бозии шоҳмот, дар роҳ…) гуфта, дил холӣ мекунанд. Онҳо аз сӯҳбати ҷиддӣ бо ҳамсарашон мегурезанд. Сари ин масъала чунин андеша доранд, ки: «бо зан намешавад дар ин мазӯи муҳим сӯҳбат кард»;
– Дар бисёр ҳолатҳо мардҳо даромади асосиашонро аз занҳояшон махфӣ нигоҳ медоранд. На аз он хотир, ки ба ҳамсарашон бовар надоранд, балки мехоҳанд андозаи даромадашон барои онҳо чун рамзи «вобастагии иқтисодӣ», «эҳтироми бештар» норавшану торик бимонад.
Таҳияи
Гулноза БОБОМУРОДОВА