Чаҳорпораҳо
Эй зан, ки писандидаи аҳли башарӣ,
Аз шабнами поки саҳарӣ поктарӣ.
Зебо гули боғӣ, ки барои ту кунад
Мурғи чамани ишқ басе нағмагарӣ.
Зан нест зане, ки дилбарӣ натвонад,
Чун қақраи кабкони дарӣ натвонад.
Зан нест зане, ки бар ҷигарбандонаш
Омӯхта лафзи модарӣ натвонад.
Зан нест зане, ки бо зане қаҳр кунад,
Овозаи қаҳри хеш бар даҳр кунад.
Як қатраи меҳри зан ба дунё кофист,
Аҳсан ба зане, ки қатраро баҳр кунад.
Хохӣ бишавӣ пухта, сафар бояд кард,
Бар даҳр ба чашми дил назар бояд кард.
Ҷӯяндаи бахту обрӯӣ, эй зан,
Аз ғайбати ҳамдигар ҳазар бояд кард.
Дубайтӣ
Баҳоронро ба зан созанд монанд,
Занонро чун баҳори умр хонанд.
Худоё, ин тароватро нигаҳ дор,
Баҳору зан шабеҳи ҳам бимонанд.