Хонандаи азиз, ёд дорӣ, замоне доштани маълумоти олӣ ё ҳатто пӯшидани либоси аврупоӣ аз нишонаҳои хеле замонавӣ ва фаъолу пешқадам, яъне муосир будани занон маҳсуб мешуд. Вале имрӯз чи дар шаҳру чи дар русто, дигар бе рӯймол будану либоси замонавӣ пӯшидан ҳайрати касеро намеорад. Соҳибкасбу дипломдори шинохташудаву пазируфта шудани зан меъёри зиндагӣ, пайи касбе рафтани духтарон низ тақозои замон шумурда мешавад.
Ҳатто сари фармони мошин будани занро дар Тоҷикистон як чизи муқаррарӣ меҳисобанд. Ба қавле, бонуи худшинос, аллакай ниёзманди ронандаи шавҳар ё худи ӯ намегардад, то ба ҷойе равад.
Вале ҳанӯз барои эътироф шудани зани муосир меъёрҳои сахттаре боқиянд, ки на ҳама кас метавонад ҷавобгӯйи он бошад. Занҳои ҷавони зиёдеро медонам, ки бо гирифтани як маълумот қонеъ нагашта, пайи омӯхтани ихтисоси дувум талош меварзанд. Ба кори каммузд қаноат накарда, дар ду-се ҷо фаъолият намуда, пайи ободии рӯзгорашон мегарданд. Ба донистани ду-се забони хориҷӣ талош меварзанд. Барои пайдо намудани мавқеву мақом дар ҷомеа кӯшиш доранд. Вале ҳанӯз барои расидан ба сатҳи бонуи эътирофшуда роҳ дур аст.
Занҳои зиёде, дигар хонаи шавҳарро паноҳгоҳ аз мушкилоти зиндагӣ ва китфи мардро такягоҳи ягона баҳри наҷот нахонда, ба ақлу заковат ва тавонмандии хеш итминон мебанданд. Зеро дар ҷомеа арзишҳо тағйир мехӯранд.
Ҳарчанд эътироф намекунем, вале ба ҷуз аз хонаводаҳои замони шӯравӣ, бархе аз муносибатҳои суннатӣ низ дар оилаҳо зери хатари фурӯравӣ қарор мегиранд. Дигар мафҳумҳои талоқ, зани дуюму сеюм, фарзанди беникоҳ, тӯй кардану баъди муддате ҷудо шудани ҷавонон, ба хотири хона бо марди пир издивоҷ намудани зани ҷавон (ё баръакс), никоҳҳои ғайриқонунӣ, фоҳишагиву зино ва даҳҳо амалҳое, ки замоне айбу шармандагӣ маҳсуб мешуданд, бо бепарвогии ҳайратовар аз ҷониби мардум нодида гирифта мешаванд ё хомӯшона пазируфта мегарданд.
Акнун гурӯҳе ба кори давлат, гурӯҳи дигаре ба тиҷорату истеҳсол, гурӯҳаке ба шикастани ҳама қолабу суннатҳо ва ба роҳҳои ғайримаъмулӣ ва ғайриахлоқӣ равонанду гӯё бори зиндагӣ мекашанд. Бепарвоӣ ба тақдири атрофиён ва ба ҳар роҳе, бо уболу савоб рӯз гузаронидани қишре, меъёрҳои пазируфтаи ҷомеаи шарқиро аз байн мебарад, вале гӯё бехабарем.
Акнун миёни зиндагии «назариявӣ» ва воқеияти рӯзгори мо фарсахҳо дурист. Ҳар кадоме ба хотири ҳимояи худ нобинову ношунавоем. Ҷуз хеш ҳамаро гунаҳкор мешуморем. Интизориҳо аз ҳама дорем, вале худ иқдоме гузоштанӣ нестем. Ғайбат мекунем, менолем, шикоят дорем, вале мехоҳем, ки касе бояд барои беҳбуди рӯзгори мо бикӯшад, на худи мо. Пас, агар ҳар кадоме пайи иқдоме набошем, оё дар рушди ҷомеа саҳм дорем? Оё метавонем бо виҷдони хуфта интизори эътироф ва сазовори зиндагии шоистатаре бигардем?
Зани муосир ояндаи фарзанди хешро бояд имрӯз замина гузошта, дар талоши покии ахлоқ гардад. Ба ҳар гуна амали номашрӯъ носозгор бошад. Ва ҳар нафаре аз худ бипурсад, ки оё ислоҳи камбудҳо вазифаи ӯ нест? Ва бидонад, ки чун як шаҳрванд ҳақи нодидагириҳо надорад.
Бонуи муосир чорагарӣ кунад, на чарогӯйӣ!