Аммо дар истилоҳ «оила» ба пайванди зану марде гуфта мешавад, ки зиндагии якҷоя ва бо ҳамро интихоб мекунанду ҷуфт мешаванд ва аз онҳо фарзандон мерӯянд.
Издивоҷи мард бо мард ва ё зан бо занро дар ҷомеаҳои шарқӣ ва мусулмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ «оила» гуфтан намешавад, аммо дар бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, алалхусус дар кишварҳои ғарбӣ ва Амрико издивоҷи ҳамҷинсон расмӣ шуда, ҳукми қонуниро гирифтааст ва ҳамчун ҳаққи инсонӣ эътироф гардидааст.
Оиладорӣ иборат аст аз иҷрои масъулият ва ӯҳдадориҳое, ки ду ҷинси муқобил дар баробари якдигар бар ӯҳда мегиранд. Аз нуқтаи назари урфу мазҳабҳои шарқӣ, алалхусус дар ислом оила ва ё оиладорӣ шакли қарордодӣ дорад на паймонӣ.
Яъне, вақте мо оиласозӣ ва оиладориро дар дини масеҳӣ назари гузарое меафканем, мебинем, ки дар он мазҳабу кеш оиладориву оиласозӣ дар асоси як аҳду паймон аст на як қарордоду масъулиятпазирӣ.
Ин хеле идеолӣ менамояду зебо, аммо амалан як кори намешуданӣ ҳаст. Чун инсонҳо хатокору аҳду паймоншикананд ва барои онҳое, ки паймоншиканӣ мекунанд ва ё издивоҷашон барор намегирад, роҳи берунрафте вуҷуд надорад.
Аммо дар дини мубини ислом издивоҷ як шакли қарордодӣ дорад, ба ин маъно, ки шумо вақте вориди ақду никоҳи мусулмонӣ мешавед, дар дараҷаи аввал зери як қарордод бо ӯҳдадориҳое имзо мегузоред, ки ҳам ҷавобгариҳои ин дунёӣ дораду ҳам ухравӣ.
Мутобиқи аҳкоми издивоҷ ҳар марди мусулмон вазифадору ӯҳдадор аст, ки ҳамсари худро бо хонаву хӯроку пӯшок таъмин намуда, аз лиҳози отифиву равонӣ такягоҳ бошад. Аз тарафи дигар, ҳар зани шавҳаркунанда низ вазифадор аст, ки шавҳари худро итоат кунад, фарзанд ба дунё ораду амонатдори хонаву кошона бошад.
Яке аз пурсишҳое, ки дар ин масъала хеле бо он рӯ ба рӯ мешавам, ин бунёди оила дар асоси ишқ аст. Хелеҳо аз ман ин пурсишро кардаанд, ки назари Ислом ба ин масъала чӣ гуна аст? Алалхусус, аз дӯстону ҳамкорони ғарбӣ ва рус фаровон интиқоду саволоте шунидаам, ки магар мумкин аст бо касе, ки дӯст надорӣ, зери як сақф зиндагӣ кунӣ?
Усулан, дини мубини ислом бо оиласозӣ дар асоси ишқу муҳаббат мухолиф нест, аммо ошиқиро асоси издивоҷ қарор намедиҳад. Аз рӯйи таълимоти дини мо шартҳои издивоҷ иборат аз булуғ ё ба балоғат расидан ва оқилу мусулмон будан аст. Ҳеҷ ҷойе мо намебинем, ки донишманде мусулмон омада ва гуфта бошад, ки ошиқ шудану ошиқ будан низ яке дигар аз шартҳои издивоҷ ва бунёди оила аст.
Аммо боз ҳам ин савол мумкин аст матраҳ шавад, ки вақте дини мубини ислом бо ишқу муҳаббат мухолиф нест, пас чаро онро шарти бунёди оила қарор надодааст?
Посухаш ин аст, ки ишқу ошиқӣ иборат аз як эҳсоси зебову гузарои отифист, ки дар маҷмӯъ умри зудгузаре дорад. Худи Маҷнун, ки падари ишқи отифӣ бо зан аст, дар яке аз шеърҳояш мефармояд, ки: