25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ГУЛБАСТ – нишоне аз Ориён
Шавӣ обу адои нози ширину ҷамоли хуш,
Агар бинӣ ту рақси чумчаи кӯлобидухтарро!
Ва агар бигирем, ки ин кӯлобидухтари чумча ё ба истилоҳи мардумӣ кафгирчабадаст бо докаву куртаи гулбаст хуш мехиромад, шояд ба назар чун фариштаи зебоӣ ва ҳусну малоҳат ҷилва намояд. Зеро гулбаст воқеан ҳам либоси зебо ва нодирест.
Ба шаҳодати мардумшиносон гулбаст гунаи либоси сирф мардумист, ки онро бонувон бештар дар навоҳии ҷануби кишвар истеҳсол ва ба бар мекунанд.
Усулан, дар ноҳияҳои ин минтақа бештар чакан маъмул аст. Гулбаст бошад, ба ҳайси як матои бо санъати нодир омодашуда дар феҳристи сару либоси ифтихории бонувона ҷо гирифтааст.
Сарандозу пероҳани гулбаст, тавре аз номашон ҳам пайдост, ба монанди чакан саропо гулпӯшанд. Вале гулбаст аз чакан бо нозукиҳои хосаи омодашавии касбияш фарқ дорад. Агар ду-се даҳсола пештар чакандӯзӣ ҳунари хонаводагию ҳатмӣ барои ҳар бонуи рустоӣ маҳсуб меёфта бошад, гулбастбандӣ ин тавр нест. Зеро гулбаст аз бонукосибон он гуна заҳмати сангин ва чолокию зиракӣ металабад, ки ҳатто на ҳар кас метавонад омӯхтани ин ҳунарро орзу кунад.
Тавре ки мардумшиносон мегӯянд, гулбаст гунае аз либосвори сирф ориёӣ буда, суннатҳои ҳирфаии он тақрибан аз байн рафтаанд. Фақат дар ҷануби кишвар ва шояд дар баъзе аз дигар рустоҳои кӯҳистони мамлакат ҳам солорбонувоне бошанд, ки ин анъанаи ҳунари бонувони ориёиро зинда доранд.
Дар Кӯлоб бонуе бо номи Шоиста чун устои моҳири гулбастбанд машҳур аст. Ба қавли фарҳангшиносони минтақа сулолаи хонаводагии ин бонуи ҳунар, ки бо номи сулолаи Ҳасаниён ёд мешавад, тӯли чанд қарн ин ҷониб ба ҳайси бонукосибони гулбастбанд ном баровардааст.
Дар гузашта бонувони ориёӣ гулбастро аз катони хеле ва хеле нозук ва маҳин, ки замони ахир ҷойи онро дока гирифтааст, истеҳсол мекарданд. Ҷараёни омода намудани гулбаст имрӯз дар дегҳои бузурги суннатӣ сурат мегирад. Барои омода намудани як сару либоси гулбаст докаро аз се деги ҷӯшон мегузаронанд ва рангрезӣ мекунанд. Шигифтии ин ҳунар ин аст, ки ҳини омодасозии гулбаст аз ягон қолаб кор намегиранд. Вале пас аз 240 соат матои рангину пурҷилои пур аз моҳу ситора пайдо мешавад. Чӣ гуна?
Савронбӣ Ҳасанова – сокини кӯчаи Муҳаммадӣ Ҳакимови шаҳри Кӯлоб, яке аз ҳунармандони муваффақи ин касби аждодӣ мегӯяд:
– Мо гулбастро бо устодонамон холаи Шоиста ва холаи Асалбӣ тайёр мекунем. Барои омода кардани як матоъ то 3-4 рӯз кор мекунем. То омодашавии як сару либоси пурра – поча, латта ва курта 10 рӯз заҳмат кашидан лозим меояд. Гулбасти мо гулҳои ситораву моҳтоб дорад ва панҷаи одам низ дар он нақш карда шудааст. Матои гулбаст на тарроҳӣ мегардад ва на қолабрезӣ. Ҳатто аксҳои моҳу ситора бар асари чолокона бастани кунҷу канори матоъ бо ресмони маҳин ҳосил мешаванд. Гулбаст маъмулан 3 ранг дорад. Онро ҷо-ҷое мебандем ва ба дег меандозем ва чун як рангро гирифт, мегирему риштаро хушк мекунем ва матоъро баста ба деги дигар меандозем, рангҳои ситораву моҳтоб гунаи дигар пайдо мекунанд.
Ростӣ, вақте ки шахсан ман ба гулбаст назар медӯзам, ҳич боварам намеояд, ки ҳамин матои гулбезро бе ягон қолиб, бе тарҳ ва бе қаламзанӣ рӯи кор оварда бошанд.
Зафар Мирзоев, забоншинос ва нафаре, ки ба омӯзиши амиқи ҳунарҳои атиқаи мардумӣ сару кор дорад, мегӯяд, тарсими моҳ дар ин нигораҳо ба гунаи чалипо омадааст, ки нишон аз даврони моҳпарастии Орёнои аҳди қадим буда, ба замони хуршедпарастиву оташпарастӣ рост меояд.
Хайрулло Тоҳиров, бостоншинос ва донандаи ҳунарҳои мардумӣ ин тарсимҳоро ба даврони то оташпарастӣ нисбат медиҳад.
Ин дар мавридест, ки тарсимҳои гулбаст қолиб надоранд ва танҳо дар зеҳни мардум тӯли ҳазорсолаҳо аз гирудорҳои замонаҳо маҳфуз монда то рӯзгори мо омада расидаанд.
Аз сӯи дигар, дар гулбаст аз ягон ранги кимиёвии ҷадид истифода намебаранд ва ҳатто ҳамчун сирри давлатӣ асрори устоҳои рангрезро пинҳон мекунанд.
Усто Савронбӣ мегӯяд:
– Ин рангҳои табиӣ, рангҳои халқианд. Аз «краска» истифода намебарем. Мо намедонем рангро чи гуна омода мекунанд. Мо танҳо ранги тайёрро мегирем. Кӣ тайёр мекунад рангро, мо намедонем, ба Худо, ки намедонем…
Ман хеле мехостам, ки таркиби рангҳои гулбастро ошкор кунам. Зеро гулбаст умри тӯлонӣ дорад ва аммо барои боре онро намешӯянд ва ин рангҳо матоъро аз ифлосшавӣ ҳифз медоранд. Вале гулдухтарони усто сирри рангҳои табиии худро ҳамчун сирри давлатӣ ва ё асрори ишқи нахустини хеш пинҳон медоштанд. Ва кӣ медонад, шояд ҳамин махфидории асрори касб буд, ки гулбасти Ориёниҳо аз шӯру ошӯбҳои даврони Дорову Искандару турку муғулу арабу рус то ин замон беосеб, чунин зебову мунаққаш омада расидааст…
Сайёфи МИЗРОБ
:.
Фарҳанг
30.03.2012 12:06
6646
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz