Абдурауфи Фитрат – аз публисистони шинохтаи солҳои 1920 -30.
Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов – муҳаррири рӯзномаи «Қутулиш» аст, ки аз моҳи июни соли 1928 аввал дар Тошканд ва баъдан дар Когон асосан бо забони тоҷикӣ чоп мешуд. Дар ҳайати таҳририяи рӯзнома Ҳамдӣ, Мунзим ва Фитрат низ буданд.
Қосим Дайламӣ – муҳаррири нашрияи сертиражи «Фикри ҷавон» аст, ки ба сифати газетаи деворӣ аз моҳи майи соли 1925 ҳафтае ду бор дар Ӯротеппа нашр мешуд.
Юсуф Фаттоҳ – муҳаррири рӯзномаи «Овози Шарқ» аст, ки аввалин намунаи матбуоти низомии тоҷикист. Он аз 12 августи соли 1924 то моҳи марти соли 1925 ҳафтае як бор чоп мешуд.
Абдулқаюми Қурбӣ – муҳаррири масъули рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал». Шумораи аввалини он 25 августи соли 1924 нашр шуд. Дар заминаи он баъдан «Овози тоҷик» ба вуҷуд омад, ки муҳаррираш Қурбӣ буд. Ин рӯзномаро модари матбуоти тоҷик ҳам меноманд.
Ғайбулло Нурмуҳаммадови тотор аз Бухоро бо худ мошини чопии тигелии навъи «Либертӣ» - ро овард. Сафар аз Бухоро то Душанбе як моҳ тӯл кашид. Мошини чопиро дар шакли ба қисмҳо ҷудошуда ва 10 сандуқи ҳуруфи сурбиро поездсавору мошинсавору шутурсавор 31 июли соли 1924 ба Душанбе оварданд.
Аббос Алиев – муҳаррири аввалини рӯзномаи «Иди тоҷик» аст, ки аз 15 марти соли 1925 ба фаъолият оғоз кард. Баъдан ин рӯзнома номи «Бедории тоҷик» -ро гирифт. 8 октябри соли 1928 рӯзнома бо номи «Тоҷикистони сурх» чоп шуд. Ибтидои соли 1955 он унвони «Тоҷикистони советӣ», соли 1990 номи «Тоҷикистони шӯравӣ» -ро гирифту аз 9 –уми сентябри соли 1991 то имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» ба нашр мерасад.
Абрам Ромов – муҳаррири аввалини рӯзномаи «Советский Таджикистан» аст, ки моҳи ноябри соли 1925 аз чоп баромад. Аз соли 1930 рӯзнома номи «Коммунист Таджикистана» -ро гирифт. Феълан он бо номи «Народная газета» чоп мешавад.
Бахтиёр Ҳамдамов – сардабири рӯзномаи ҲХДТ «Минбари халқ», ки имрӯз бо теъдоди зиёд нашр мешавад.
Бурҳон Сафарӣ – муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷоми Ҷам» - яке аз пурхонандатарин нашрияҳои музофотӣ. Аз 4 январи соли 1992 дар Кӯлоб нашр мешуд. 8 шумора чоп шудааст.
Латофат Кенҷаева – сардабири маҷаллаи «Машъал» (аз соли 1984 то имрӯз, ки баъдан номи «Истиқбол»-ро гирифт). Ташаббускори фаъоли ба нашр расондани китобҳои журналистбонувон ва умуман эҷодкорон аст.
Ҳабибулло Ёров – сардабири «Нидои ранҷбар» - нашрияи ҲКТ, ки аз феврали соли 1992 чоп мешавад. Публисисти шинохта.
Абдуғаффор Қурбонов – сардабири ҳафтаномаи «Посух» - нашрияи Вазорати фарҳанг ва ИЖТ. Шумораи аввалаш 18 ноябри соли 1994 чоп шуд. Аз чоп бозмондааст.
Акбари Саттор. Ӯро эҳёкунандаи матбуоти тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ меноманд. Соли 1994 рӯзномаи «Дайджест – пресс» -ро таъсис дод. Пас аз 2 сол ҳафтаномаи хусусияш «Чархи гардун» фаъол шуд. Соҳиби рӯзномаҳои «Авиценна», «Вечерний Душанбе», чопхонаи «Интишор» ва ғ. Феълан раиси ИЖТ.
Умед Бобохонов – муассис ва сардабири рӯзномаи «Азия плюс», ки аз 21 январи соли 2000 чоп мешавад. Роҳбари медиа – гурӯҳи «АП», ки дар он рӯзнома, оҷонсии хабарӣ ва радио фаъол аст.
Нозирҷон Ёдгорӣ – журналисти варзида, сардабири рӯзномаи «Нерӯ. Ин нашрияро Н.Ёдгорӣ бо Пайванди Гулмуродзода дар тобистони соли 2004 ба нашр расонд. Аммо пас аз чанд шумора нашрия аз чоп монд.
Қурбоналӣ Хӯҷамов – муассиси рӯзномаи «Зиндагӣ». 8 сентябри соли 2004 таъсис ёфтааст. Пас аз маргаш рӯзнома аз чоп монд.
Ҷумъа Толиб – бунёдгузори рӯзномаи «Пайкон». Соли гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Рӯзнома аз чоп монд.
Зафари Суфӣ – муасисси рӯзномаи «Озодагон», ки аз 28 декабри соли 2006 чоп мешавад.
Асҳобиддин Суннатӣ – муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила». Баъдан дар заминаи он нашрияҳои «Дунё» ва «Аввалин сканворди тоҷикӣ» пайдо шуданд.