25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
МАҚОМИ МЕҲВАРИИ ЗАН ДАР СОЛИ НАВ
.
Наврӯз дар Бадахшон бо шӯълапошиҳои шамси оламтоб ва садои дафу доираи бонувон, танин меандозад. Тибқи одати бостонӣ нахуст мардум ба хонабарорӣ мепардозанд, ки онро «сурхбаророн» ҳам мегӯянд.
Барои кадбонуҳо, ки қариб ҳар рӯз ба ҷорӯб задани хона машғуланд, маросими хонабарорӣ мақоми махсус дорад. Кадхудои хона ду ҷорӯб мебандад, ки якеро «пиёдаҷорӯб» ва дигареро «савораҷорӯб» меноманд ва бо яке сақфу бо дигаре фарши хонаро тоза карда, бар рӯйи сутунҳои хона кафи орд мезананд. Бо ин амали рамзӣ нерӯҳои аҳриманиро аз манзил берун намуда, онро ба вуруди соли нав ва фариштаҳои некӣ омода мекунанд.
Ба гуфтаи фарҳангшинос Лаълҷубаи Мирзоҳасан мардуми Бадахшон Наврӯзро Хидирайём ва ё Иди бузург меномад. Мурод аз маросими хонабарорӣ ба пешвози соли нав зоҳиран ва ботинан пок шудани ҳама чиз ва ҳама кас аст. Масалан, ранги сурхи қолинҳо ва бистару болини хона, ки дар ин рӯз ба берун бароварда, дар ҷойи нурафкани офтоб гузошта мешаванд, рамзи ҳаёту шодмониро дорад.
Кафи орд ё сафедӣ маънои осоиш ва сафои рӯзгорро ифода мекунад.
Ду ҳафта пеш аз таҷлили Наврӯз мардум ба тозаву сафед кардани хонаҳо, боғу роғҳо, оташдонҳо мепардозанд ва дар рӯзи Наврӯз либосҳои наву тозаро ба бар мекунанд ва ҳамдигарро бо нидои «Шогун баҳор муборак!» табрику таҳният мегӯянд.
Дилбастагӣ ба Наврӯз дар Бадахшон ба дараҷаест, ки мардум ҳатто арчаи сафеди наврӯзиро эҷод кардаанд. Бо анҷоми хонабарорӣ кадхудои хона ва бачаҳо бо гулғунчаҳои дарахти борвар ва ё арчаи сафеди наврузӣ, ки онро «каҷак» ва ё «ғулғула» ҳам меноманд, қадам ба остонаи хона мегузоранд. Арчаи наврузӣ хушаи серҳосили гандумро ба ёд меорад ва устоҳои маҳаллӣ онро аз шохаи бед тайёр мекунанд. Дар баъзе маҳалҳо арчаи сафеди наврӯзиро ранги сафеду қирмизӣ ҳам мекунанд. Кадхудо ва фарзандон онро дар даст гирифта, бо нидои «Шогун баҳор муборак!» ба хона ворид мешаванд . Кадбону бо суханони «Барои Шумо ҳам муборак!» бо дасти росташ ба китфи рости воридшудагон, ки ҷойгоҳи нерӯҳои некӣ аст, кафи орд - рамзи бахти сафед ва сафову осоиши рӯзгор мепошад. Арчаи наврӯзӣ чун рамзи бахту иқболи нек ва рӯзгори пурбаракат то наврӯзи оянда дар хонавода нигоҳ дошта мешавад.
Ба гуфти усто Курбонмамадшо Мирзошоев, агар дар назари аввал тайёр намудани «ғулғулаи наврӯзӣ» кори саҳл намояд ҳам, дар асл гулкории чӯб ва ба шакли хӯшаи гандум даровардани он, малакаи махсус талаб мекунад. Арчаи наврӯзӣ дар хонаводаҳо ҷойи хӯшаи пурбори гандумро мегирад ва аз фасли баҳор ва шукуфтанҳо, киштаҳои фаровону ҳосили пурбаракат башорат медиҳад. Бонувон мегӯянд, ки аз боришоти зиёди барф фоли нек гирифтанд, ки соли равон соли пур аз хайру эҳсони табиат хоҳад буд.
Кадбонуҳо беҳтарин ҳунари пазандагии хешро дар омода намудани таомҳои қадима дар ин рӯз намоиш медиҳанд. Хӯроки махсус бо номи бат, аз омехтаи орду шир ва равғану шакар тайёр мекунанд ва аҳли хонавода ва ҳаққу ҳамсояҳо аз он ком ширин намуда, ба ҳунари пазандагии кадбону баҳо медиҳанд.
Бибии хонавода ҳангоми пухтани ғизо аз анъанаи фоландозӣ ёдовар мешавад ва чӯби ғалтакро, ки бо он хамирро тунук мекунанд, гирифта, болои дег мегузорад . Бо гирифтани номи ҳар як узви хонавода болои ғалтак кафи орд мепошад ва бинобар эътиқодот ҳангоми гирифтани номи касе орди бештар рӯи ғалтак монаду ба дег нарезад, ҳамон нафарро иқбол ва саодати бештаре дар соли нав интизор аст.
Ба бачаҳо дар ин рӯз таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мешавад ва онҳоро дар ҳар як хонавода тӯҳфаҳо интизор аст. Онро кадбонуҳои моҳир махсус тайёр мекунанд. Бачаҳо бо ғуруби офтоб болои бом рафта, шолро аз равзан ба хона дароварда, бо қироати шеъри наврузӣ тӯҳфаро аз дасти кадхудои хона мегиранд. Сипас, мардум ба хонагаштак мепардозанд. Ба манзили ҳамдигар меҳмон шуда, ба ифтихори Иди бузург ва оғозҳои нек ҳамдигарро муборакбод менамоянд.
Аммо дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои наврӯзӣ издивоҷ афзоиш меёбад. Ақидае роиҷ аст, ки ҳар касе дар Наврӯз оила бунёд кунад, ҳеҷ як қувваи аҳриманӣ ба он зиён расонда наметавонаду ин хонавода тамоми умр хушбахт монда, фарзандони солеҳ ба дунё меорад. Маросими баробаршавии шабу рӯзро дар Ёгед шаби бурвеҷ меноманд. Ба қавли бархе аз сокинон бурвеҷ калимаи суғдӣ буда, маънои шаби муқаддасро дорад.
Занон дар остонаи бурвеҷ ба оростани хони наврӯзӣ машғул мешаванд. Бо фаро расидани шом ҳама хурду бузург гирди хони наврӯзӣ нишаста, то афрӯхтани оташ рақсу сурудхонӣ мекунанд.
Писарон ба хешу табор, ёру дӯстон, пиронсолону меҳмонон як тухми мурғ-рамзи бахту иқболи сафед, хайру баракат ва сериву пуриро тақдим мекунанд. Духтарон маросими дигаре ба ҷо меоранд, ки ордгузаронӣ ном дорад. Он аз пӯшидани либосҳои идона дар субҳи Наврӯз оғоз мешавад. Духтарон дар коса орд гирифта, ба хонаи хешу табор ва ёру дӯстон рафта, онро тақдим карда, бо тӯҳфаҳо сарфароз мегарданд.
Ба хотири бузургӣ ва шаҳомати Наврӯз занон ба ҳамдигар орд тақдим намуда, бо ҳамин васила ба кудурат, ҳамдигарнофаҳмӣ ишора намуда, буғзу кинаеро, ки байнашон буда, фаромӯш мекунанд ва ҳамдигарро мебахшанд,-мегӯяд сокини деҳаи Ёгед Замира Назарова.
Орд рамзи сериву пурӣ буда, тақдими он таманниёти зиндагии пурнозу неъмат ва осуда ба шахс аст.
Наврӯз ба анъанаи номгузорӣ ҳам бетаъсир нест. Шонаврӯз, Наврӯзшо, Наврӯзбек ва Наврӯзмоҳу Шогуна аз номҳои наврӯзии роиҷ дар Бадахшон мебошанд.
Дар Бадахшон Наврӯз бо вожаи « Шогун» ва ё «Шоҳгон», яке аз номҳои бостонии ҷашни наврӯзи аҳди орёӣ буда, маънои саид, хуҷаста, рӯзи нав ва соли навро дорад. Кадбонуҳо дар ин ҷашни бостонӣ мақоми меҳварӣ дошта, фазоил ва ҳунарҳои волои хешро ба намоиш гузоштанро расм кардаанд.
Ш. Мирзоҷалол
:.
Фарҳанг
30.03.2012 10:37
3562
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz