25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
АВВАЛИН БОНУИ РӮЗНОМАНИГОР КӢ БУД?
.
Хонандаи азиз, дар арафаи таҷлили 100 – солагии матбуоти тоҷик аз муҳаққиқи ин соҳа, устоди факултаи рӯзноманигорӣ Пайванди Гулмуродзода хоҳиш кардем, ки аз нақши занон дар тӯли 1 асри соҳибматбуотӣ барои хонандаи мо матлабе таҳия намояд. Мутаассифона, иттилои камтарине дар ин мавзӯъ бароятон пешниҳод месозем, ки он нишонаи таваҷҷӯҳи ноқис ба фаъолияти бонувон дар солҳои пешин аст.
Имсол барои рӯзноманигорони ҷумҳурӣ соли таърихист. Аввалин рӯзномаи сирф тоҷикии «Бухорои Шариф» 100-сола мешавад, ки поя ба рӯзноманигории касбии мо гузошт. Мо бо ифтихор аз ҳиммату ғайрати бунёдгузорони он Мирзо Муҳиддини тоҷири бузург ва падари яке аз рӯзноманигорону сарварони вақти Ҳукумати Тоҷикистони навтаъсис Абдулқодир Муҳиддинов, Мирзо Сироҷи Ҳакими тоҷир ва адиби маорифпарвар, муаллифи саёҳатномаи «Туҳафи аҳли Бухоро», соҳиби имтиёзи нашр Левини соҳиби матбаа дар Когон, сардабир ва публисисти маъруфи рӯзнома Мирзоҷалол Юсуфзодаи озарӣ ва нахустмуҳаққиқи рӯзнома устод Айнӣ ёд мекунем ва ҳар кадоме аз муаллифони мақолаҳову китобҳо оид ба таърихи рӯзноманигории тоҷик мекӯшанд, ки дар хусуси ҷой ва мақоми ин рӯзнома, нахустин муаллифони фаъоли он, мавзӯъ ва муҳтавои матолиби рӯзнома сухане чанд гуфта бошанд.
Дар воқеъ, нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» дар оғози садаи ХХ, яъне 11 марти соли 1912, дар замони баҳсу мунозираи муҳофизакорону навхоҳон, муқовимату мухолифати шадиди кӯҳнаву нав воқеаи таърихӣ буд, ки мутаассифона, дар ин муборизаи нобаробар фарзонафарзандони миллат на ҳамеша дастболо мешуданд. Аввалин иқдомҳои амалии маорифпарваронаи онҳо дар тарғибу ташвиқи мардум ба илмомӯзиву маърифатандӯзӣ, бедорӣ ва худшиносӣ, ки тавассути макотиби тозаусули замонавӣ сурат мегирифт, бо иғвои рӯҳониёни иртиҷоӣ аз ҳукуматдорони вақти аморати Бухоро ба зудӣ аз байн бурда мешуд. Дар ин муборизаи ноҷавонмардона қисми зиёди маорифпарварони тоҷик ҷон бохтанд.
Сад соли рӯзноманигории тоҷик якранг набуд: мушкилоту эҷоди монеаҳои сунъӣ дар таъсиси нахустнашрияҳои даврони шӯравии тоҷик, ҷонбозиҳои устод Айнӣ бо Сайидризо Ализода дар ташкили нахустнашрияҳои тоҷикӣ дар Самарқанд, пайдоиши аввалин матбааву рӯзномаву маҷаллаҳо, агентии иттилоотӣ дар пойтахти нави Тоҷикистон-Душанбе ва хидмату заҳмати Аббос Алиев-нахустнозир (вазир)-и маориф бо бародарони тотору эронӣ, таъсиси Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо сарварии шоири маъруф Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе, фаъолияти шӯъбаи он бо роҳбарии устод Айнӣ дар Самарқанд ва ҷалби ҷавонони хушистеъдод барои кор, афзудани номгӯйи расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар охири солҳои 20-ум ва солҳои 30 юми садаи ХХ, таъсиси радио, пайдоиши матбуоти ҷавонону наврасон, бонувон, нашрияҳои соҳавӣ, ноҳиявию шаҳрӣ, минтақавию вилоятӣ, инъикоси масоили муҳими ҳаёти иҷтимоии кишвар дар саҳифаҳои матбуоту гуфторҳои радио, ҷоми шаҳодат бардоштани хабарнигорони расонаҳои хабарӣ аз ҷониби мухолифини сохти нав, қурбонии бисёре аз поягузорони матбааву матбуот, радиову нашриёт дар замони авҷи вабои шахспарастии Сталинӣ бо «ҷурм»-и хиёнат ба Ватану ҷосусӣ ба манфиати давлатҳои дигар дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва паёмадҳои онҳо таҳқиқу таҳлили муфассалеро мехоҳад.
Чун варақпораҳои зарду бо гузашти айём баъзан хираи матбуотамонро варақгардон мекунем, ба авзои замон ошно гардида, ба бисёр саволҳо ҷавоб хоҳем ёфт, ки яке аз мавзӯъҳои муҳими баҳс дар нахустрӯзномаҳои даврони шуравӣ «озодии занон» ва ҷалби бонувон ба ҳаёти иҷтимоӣ буд.
Мақоми бонувон дар ҷомеаи давлати навтаъсиси шӯравӣ дар нахустрӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирифт ва озодии занон ба эҳёи забон ва маорифи миллӣ марбут дониста мешуд. Зеро мактаб ташаккулдиҳандаи тафаккур ва ҷаҳони маънавӣ, тақвиятбахши ҳуввият, худогоҳиву худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас ба шумор меравад, ки устод Айнӣ барҳақ таъкид дошт: «Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактаб ва маориф аст». Ва ё «… барои қавми тоҷик масъалаи маориф воҷибтарини масъалаҳост».
Азбаски дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ дар Туркистону Бухоро забони тоҷикӣ аз доираи истифодаи расмӣ ва раванди таълим берун карда шуд, ин ҳолат боиси рукуд ва таъхири ташаккули ҳувияти миллӣ, аз ҷумла бонувони тоҷик гардид. Адибону рӯзноманигорон бо таваҷҷӯҳи вижа ба соҳибмаърифатии занону духтарони тоҷик дар нигоштаҳояшон мунтазам аз хусуси зарари таълим ба забони ғайрро таъкид менамуданд: «Аксарияти занон ва духтарони шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд тоҷик ва тоҷикзабонанд ва таълиму тарбияти онҳо ба забони ӯзбекӣ меравад, аз ҳамин сабаб наметавонанд онҳо фоида бигиранд ва баҳрае бубаранд». Ва ё: «… аз офтоб ҳам равшан аст, ки забони аҳолии Конибодом тоҷикӣ аст. Вале тамоми мактабҳои духтарон ба забони ӯзбекӣ меравад…»
Домани модар нахуст омӯзгори кӯдак аст,
Тифли донишҷӯ куҷо парварда нодон модаре?!
Аз ин ҷост, ки нақши бонувони тоҷик на танҳо дар маҳви бесаводӣ, таълиму тарбияи насли наврас, пеш бурдани корҳои маърифативу фарҳангӣ саҳифаҳои матбуотро зебу зиннат дода, балки корнамоиву ҷасораташон дар обёрии дашту саҳрои ҷигарбирёни водии Вахш, бунёди иншооти бузургу корхонаҳои азим, таъсиси колхозу совхозҳо, ҷонбозиҳояшон дар набардгоҳу ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои бунёдкориву ободонӣ, бозгӯйи матонату ҷасорат, ҳиммату ғайрати бонувон мебошад.
Зиёда аз 40 сол боз ба омӯзиши таърихи рӯзноманигории тоҷик машғулам. Яъне то андозае аз дирӯзу имрӯзи расонаҳои хабариамон огоҳӣ дорам ва медонам, ки дар солҳои 20-уми садаи гузашта дар рӯзномаҳои нахустини тоҷикӣ саҳифаҳои вижаи бонувон роҳандозӣ шуда буд ва бо таъсиси радио фаъолияти бонувон чашмрастар гардид.
Дар солҳои сиюм маҷаллаи «Бо роҳи ленинӣ» таъсис ёфт, ки барои инъикоси ҳаёти бонувон ихтисос ёфта буд ва баъди чанде унвони «Занони Тоҷикистон» -ро гирифта, айни замон бо номи «Фирӯза» дастраси хонандагон мегардад.
«Бонувони Тоҷикистон»- маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зодаи даврони мустақилияти кишвар буда, соли 2006 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба вижа, сӯҳбати рӯзноманигорони мард бо бонувони маъруфи кишвар на танҳо матолиби маҷалларо гуногунранг мегардонад, балки дар ифшои ҷаҳони ботинии бонувон низ нақши муҳим мебозад.
«Бонувони Тоҷикистон» бо силсиламақолаҳои таҳлилӣ, баррасии масоили гендерӣ, банду басту ороиш таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мекашад, дар инъикоси ҳаёти бонувон ва ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли мушкилоту муаммои зиндагии рӯзмарраи онҳо фаъолтарин нашрияи хосаи занон аст.
Дар гузаштаи дуру наздик бонувони зиёде дар расонаҳои хабариамон ифои вазифа карда, дар густаришу пешравии онҳо хидмати шоистаеро ба сомон расондаанд. Шоираҳои маъруфамон Мавҷуда Ҳакимова ва Гулрухсор Сафиева, рӯзноманигорону адибони шинохтаамон Озод Аминзода, Хайринисо Муҳиддинова, Назокат Олимова, Муаззама Аҳмадова, Талъат Нигорӣ, Ҳуриниссо Ализода, Зулфия Атоӣ, Анора Остонова, Инна Рустамова, Хайринисо Расулӣ, Тӯҳфа Расулова, Гавҳар Усмонова, Соҷидаи Мирзо, Адолати Раҳмон ва даҳҳо нафари дигар аз ин мактаб ба камол расидаанд. Номи Бӯринисо Бердиева-муҳаррири рӯзномаи «Маориф ва маданият», ки бо ҷасорату матонати худ дар дифоъ аз анъанаву расму русум ва манфиатҳои миллӣ муқобили идеологияи яккатозу ҳукмрони давру замон пофишорӣ мекард, то ба имрӯз вирди забонҳост.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бонувони тоҷик на танҳо дар расонаҳои кишвар фаъолона ифои вазифа мекунанд, балки дар расонаҳои хориҷӣ низ бо муваффақият фаъолият доранд.
Хушбахтона, аввалин муаллимаву олимаҳо, кормандони идораву муассисаҳо, ҳифзи ҳуқуқ, вакилу вазир, қаҳрамонони меҳнатро медонем. Вале дар садумин солгарди матбуоти тоҷик пурсиши бепосухи ман ин аст, ки киро чун нахустрӯзноманигорбонуи тоҷик муаррифӣ карда метавонем ва ба чӣ хотир?
То ба ҳол ба ин суол ҷавоби қотеъ пайдо накардаам.
Пайванди ГУЛМУРОД
:.
Фарҳанг
28.03.2012 05:52
3060
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz