25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
НАВРӮЗ – КИТОБИ ЗИНДАИ АНЪАНАВУ РУСУМ
.
Ҳанӯз дар аҳди бостон дар густариши Наврӯз Ҳахоманишиҳо саҳм доштанд. Дар замони салтанаташон қисмати афзуни Шарқ, Осиёи Пеш ва шимоли Африқо бо ойину русуми ҷашнвора ошноӣ пайдо карданд. Ва намуна пазируфтанд, чун ки умумияте бо ойину маросими хеш дар он пайдо намуданд. Аз деворҳои тахти Ҷамшед метавон дид, ки намояндагони ҳамаи кишварҳо итоаткор ба қабули фармонравои Бузург, дар Наврӯз бо армуғон меомаданд. Рӯйи сангҳои сайқалхӯрдаи ду тарафи зинапояи толор тасвирҳои барҷастаи сафирони 40 вилояту сарзаминҳои араб, арманӣ, ҳиндӣ ва сакоиву хоразмӣ, бохтариву суғдӣ бо ҳадоёи наврӯзӣ бармалоанд. Ҳадяҳо маъмулан аз намунаҳои беҳтарини ҳар кишвар буданд. Ҳатто шеъру зарофа аз мардуми Ҳабаша ва пунт (яъне соҳили Сомалӣ ва Адан) оварда мешуданд.
Ин ҷанбаи сиёсӣ дошт, зеро ки қисмати зиёди кишварони минтақа аз итоаткорони Ҳахоманишӣ буданд. Онҳо дар маҷмӯъ ба империяи Ҳахоманишӣ хироҷ месупориданд.
Бо гузашти замону марҳилаҳо Наврӯз шикасту рехтро сипарӣ кард, вале аз ҳамаи ҷабру ситами аҷнабиён гузашт ва беҳтару зеботару комилтар то замони мо расид. Акнун дар олам дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ зада ва Наврӯз ба тавру шеваи дигар мақбули ҳамагон гардид.
Дар ин ҷода нақшу ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Ҳанӯз соли 2002 дар мулоқоташ бо Директори Генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсура дар шаҳри Душанбе дар мавриди Наврӯз сӯҳбат ба миён омада буд. Ва пас аз муддате бо пешниҳоди Ҷумҳурии Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбакистон иҷлосияи XXXV қарор дар мавриди ҷаҳонишавии Наврӯз ба миён омад.
Наврӯз воқеан ҷашни умумибашарист. Дар тӯли мавҷудияташ аз донишу русум, ахлоқу маърифат баҳравар шуд ва анъанаи неки ниёгонро то ин замон овард. Наврӯз дарахти бузурги маърифат аст. Андак ҷашнвора дар олам вуҷуд дорад бо ин бузургӣ, нерӯмандӣ ва анъанаву одату русум. Наврӯз маҷмӯи архетипҳо ва рамзҳост. Ҳарчанд дар мавриди аз миён бурданаш мақдуниҳо ва арабҳо сайъ карданд, вале бо тавоноии ҷанбаи табиӣ ва ахлоқии Наврӯз рӯ ба рӯ омада, таслим шуданд.
Наврӯз чун дарахти пурбори анъана ва русуми одатҳои пешину воқеӣ як аст, ки бар хотири ромиш ва афзудани шодиҳо боқӣ монд. Таҷрибаи таърихӣ ин андешаро собит кард ва моро имкон медиҳад онро густариш бидиҳем. Наврӯз як василаи ҳамгароист миёни миллату кишварҳо. Чанд соли охир башарият ҷодаеро ҷустуҷӯ дорад, ки аз ташаннуҷи душманӣ бираҳад. Дар ин рав ба фарҳангу ойине рӯ меоваранд, ки дар ботин табиӣ ва башардӯстонаанд. Наврӯз аз ҷумлаи нерӯҳои хайрхоҳест, ки дар паст кардани шиддати муборизаҳои зебоикуши байни дину мазҳаб, давлату фарҳангҳо саҳм гирад ва сарчашмаи ҳамаи фарҳангҳост, зулол асту ҳаётбахш. Қаблан таълимоти ахлоқии ҳикматпарастони алоҳида ва дину ойинҳо низ пешниҳод шуданд, вале бештарашон ба қавмҳои муайян тааллуқ доштанд, сирф динӣ буданд, на умумибашарӣ. Дар доираи дину мазҳаби як ё якчанд қавму миллат маҳдуд мешуданд.
Вале Наврӯз аз он ҷумла нест, як амри табиӣ, нуҷумӣ, падидаи замонӣ, заминӣ ва осмонист. Онро эҷод кардан, пушту пас бурдан, нодида гирифтан ғайри имкон аст. Ба фаро расиданаш нерӯе халал ворид карда наметавонад. Лаҳзаест, ки офтоб аз Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид мешавад ва адл дар шабу рӯз пайдо мегардад. Яъне шабу рӯз баробар мешавад, ки ҳич қавму миллатро аз он зиён нест ва ба инкор карданаш ҳам асос надоранд.
Дар ҳамин маврид таърихнигорон, нуҷумдонон, тақвимгироён ва доноёни илмҳои ихтисосӣ Наврӯзро дар боби дарёфти сари сол, сарриштаи ҳисоби зиндагӣ, нахуст донистанд. Аввалин тақвим аст, ки дар таърихи инсоният муҳим буд ва бузургони илму фарҳанг шарафмандӣ ба қавме мениҳанд, ки онро қабл аз дигарон дарк намудаанд. Яъне Наврӯз аз назари таърихӣ, фарҳангӣ ва нуҷумшиносӣ собиқа надорад. Оғози сол аз орзую умедҳои фаровон саршор аст. Ва лаҳзаест, ки падруд бо ғаму ранҷҳо ва изтироби пешин мегӯем. Дигаргуниҳои табиӣ инсонро ба ояндаи саршор аз шодиҳо ва беҳрӯзӣ талқин мекунад.
Ҷашнвора, ҷашни табиат, эҳсоси тағйирот дар моҳияти рӯзгорон аст, Наврӯз дубора зиндашавист, ки барои миллату халқиятҳо яксон рух мезанад. Дар ҳама кишварҳо эҳёи табиат - сабзадамишу муғҷакушоии ниҳолон ва гулу буттаҳо шабеҳанд. Ин ҳама кашфиёти имрӯзиён нест, дар аҳди қадим аз тариқи мушоҳида инсон табиатро шинохт. Дар ӯ ибтидо ва интиҳои ҳама чиз: аз пажмурдану марг то зинда шудану тавлидро дарк намуд. Яқинаш буд, ки поиз фасли самароваристу зимистон табиатро мемиронад ва баҳор аст, ки онро дубора эҳё мекунад. Оғози эҳёи дами шодиву нишот аст. Ин ҷанба дар ахлоқи накӯи Зардуштӣ хеле муҳим буд: рӯшанӣ бар торикӣ, зиндагӣ бар марг бояд бартарӣ ёбад. Зоиш мавриди ситоиш ва марг мавриди накӯҳиш қарор мегирифт. Дар ин миён пешиниён эҳсос мекарданд, ки одам фарзанди табиат аст. Яъне Наврӯз андешаи солим дар ягонагии одаму олам ва инсонҳо бо табиат аст, ки илми муосир онро ҷонибдорӣ мекунад.
Дар ин маврид Наврӯз аз рӯйи ахлоқу аҳкоме, ки хоси он аст, назари ғаразноке ба фарҳанги дигарон ва мардуми дигар надорад. Умумиятест барои башарият ошно ва шинохта. Ҷашнвораи маҳдуд, пурмонеъа нест. Наврӯз ба воқеа, падидаи ҷамъиятӣ ва ҳодисаҳои миллию мазҳабӣ робитае надорад. Сарҳаду марзро, сиёҳу сафедро намешиносад. Ба тавлиди касе, ба истиқлолият ва ғалабаи инқилобҳо, ба зуҳури пайғамбарон алоқаманд нест.
Артур Кристенсони даниягӣ мегӯяд: «…Дар замони подшоҳии вай (Ҷамшед) мардум аз газанди парӣ барканор ва ҳамвора ҷавон буданд». Ва ба қавли Маҳмуди Гардрезӣ: «Ҷамшед Наврӯзро бар шукронаи ин, ки Худованд гармову сармо ва бемориву маргро аз мардумон гирифт, ҷашн кард».
Наврӯз аз назари беҳдоштӣ ва тиббӣ хеле муҳим аст, ки дар олами мутамаддин андак ҳамсон дорад. Магар инсонҳои олам метавонанд бар покӣ ва тозагие, ки барои кулли мардумон нигаронида шудааст, муқобил бароянд ё онро напазиранд? Покии ботин ва тозагии зоҳир аз ҷанбаи муҳими ҷашнвора бувад. Қабл аз идвора хонаву дар, хиёбон ва баданро пок кардан аз расми наврӯзист, ки аз моҳияти ҷашнвора берун меояд.
Наврӯз ҷашни хайрхоҳиву хайрандешист. Сухани накӯ гуфтан, кина наварзидан ва субҳ даҳон ширин кардан ва бо алфози зебо берун омадан шарафу саодат аст. Дар ин миён иди зебошиносӣ ва инсонпарварӣ низ ҳаст. Фараҳ бардоштан аз нишоти инсонҳо ва шод будан аз ороиши гулу гиёҳҳо ва озин бастану перостани манзил ва ғайра аз фитрати офарандагони идвора берун меояд. Ва ҳам хони густурдаи наврӯзӣ намунаи хайру баракат аст. Ба он ҳар чӣ доранд, мегузоранд, фоли сол мегиранд ва аз Худованди якто тақозо мекунанд, тӯли сол чунин бошад
Наврӯз ба соне офарида шуда, ки на амрро мепарастад ва на қонунҳои хосаи кишварҳоро.
Аз назари сиёсӣ ва мазҳабӣ ғаразе ба қавме, миллате, кишваре, дине надорад. Онро хилқати некипарастии оламу одам пазирост, зеро бо динҳои бузурги олам дар мухолифат нест. Ҳама динҳо офариниши оламро дар 6-рӯз донистаанд, ки Зардуштия низ ба он қоил аст. Яъне асоси ҷаҳонишавӣ дар аҳком вуҷуд дорад. «Ҷашни Наврӯз барои офарида шудани одамиён аст» - таъкид мекунад, Имом Ҷаъфари Содиқ.
Нӯъмон ибн-ул Марзбон (Ҷадди Абӯҳанифа) хизмати Амир (а) дар рӯзи Наврӯз полуда овард. Ҳазрати Амир алайҳи-с-салавоту ва-с-салом фармуданд: «Ҳама рӯзҳоро Наврӯз барои мо қарор диҳед».
Ҷаҳонӣ шудани ҷашнвораи Наврӯз зарурати замон ва амри таърих буд, ки кулли тоҷикони дунёро муборак бошад. Ва байти Шакиби Исфаҳонӣ ин ҷо хеле бомаврид хоҳад буд:
Ойни беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи Аҷам,
Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи Ҷамшеди Ҷам.
Ҷонибек АСРОРИЁН
:.
Фарҳанг
28.03.2012 05:44
2680
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz