25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЗАМОНЕ, КИ РӮЗНОМА НАДОШТЕМ…
Агар сад сол аз ин пеш мушкили асосӣ - набудани рӯзнома, бузургони миллатро азият медодааст, пас имрӯз чунин як мушкил вуҷуд надорад. Теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо дар кишвар беш аз 400 аст. Пас мушкили имрӯзи ҳаммиллатони мо, бавижа бонувон чист?
Оё васоити иттилоотии ҳамагонии кишвар ниёзҳо, ормонҳо, дардҳо, дастовардҳои бонувони ҳамватанонро бароварда месозанд?
Ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова иброз медорад, ки ҳама рӯзномаҳои хусусиеро, ки дар Душанбеву Хуҷанд чоп мешаванд, мехарад ва мехонад. Аз нигоҳи ӯ ҳоло матбуоти тоҷик аз ҷиҳати мӯҳтаво ва фарогирии мавзӯъот ба дастовардҳои мушаххас ноил гаштааст. Мавзӯъе нест, ки аз мадди назари рӯзноманигорон дур бимонад.
- Барои чӣ мақомоти давлатӣ зуд-зуд зери танқид қарор мегиранду аммо хомӯшӣ интихоб мекунанд?, - суол медиҳад, Файзинисо Воҳидова, ва худ посух медиҳад: «Барои он ки мансабдорони давлатӣ рӯзнома намехонанд ва ё кам мехонанд. Аз Интернет истифода намебаранд. Аз сӯҳбатҳое, ки бо эшон анҷом додаем, маълум мегардад, ки дар аксар маврид аз матлабҳои баҳсбарангези дарҷгардида хабар надоранд».
Раиси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов, Мунира Холматова мегӯяд, ки рӯзномаҳои «Авиценна», «Крим-инфо», «Аргументы и факты», «Фараж», «Азия-плюс», «Ҷумҳурият», «Оила», «Согдийская правда», ҳамчунин нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ»-ро мутолиа мекунад.
- Домани фарогирии мавзӯъоти ин нашрияҳо васеътар аст. Масалан, «Крим-инфо» ва «Оила»-ро барои он хуш дорам, ки онҳо рубрикаи «Пурсишу посух» доранд ва ба саволҳои хонандагон ҳуқуқшинос посухи мушаххас медиҳад, мегӯяд М. Холматова.
Хуршеда Раҳимова як бонуи хонашин иброз медорад, ки вай аз шумули ҳафтаномаҳо асосан «Оила» «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-у «Фирӯза»-ро мутолиа менамояд. «Барои он ки дар ин нашрияҳо қиссаҳо ва ахбори ҷолиб, крассвордҳо, маслиҳатхои муфид, матлабҳо дар бораи шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва мушкилоти бонувон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд»,- мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Сокини деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт Одина Ҳакимова дар мавриди мутолиаи матолиби матбуотӣ мегӯяд: Ман худ ба ягон нашрия обуна нестам, вале ҳар он чӣ ба дастам меафтад, мехонам. Бароям фарқе надорад, ки он кадом нашрия аст. Баъзан, рӯзномаю маҷаллаҳоро аз дугонаҳоям дастрас мекунам. Азҷумла, чанд шумораи дастрасшудаи маҷаллаи «Бонувони Точикистон»-ро хондам.
- Оё матбуоти тоҷик ниёзҳои Шуморо чун хонанда қонеъ мекунад? - мепурсам аз апаи Одина.
- Бале. Мушкил он аст, ки мо имкони сари вақт дастрас кардани рӯзномаҳоро надорем. Гузашта аз ин рӯзона ба кори саҳрову рӯзгор машгул ҳастем. Барои мутолиа фақат шом фурсат мерасад. Вале шабонгоҳон бароямон ҳамагӣ дувуним соат барқ медиҳанд, ки дар ин соатҳо мо бештар телевизион тамошо мекунем. Аз телевизионҳои Тоҷикистон бештар барномаҳои дидании шабакаҳои «Баҳористон» ва «Сафина», аз телевизионҳои Ӯзбекистон шабакаҳои телевизионии «Рухсора М», «Андиҷон», «Намангон», «Қӯқанд», «Бухоро», «Ёшлик»-ро мебинем.
-Ман бештар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро мутолиа мекунам, - изҳор дошт момодоя Мадинахон Саидхоҷаева. - Рӯзномаҳои дигаре низ дастраси мо мешаванд, вале азбаски онҳо ба таърифу тавсиф машғул ҳастанд, ман онҳоро намехонам.
- Гуфтед, ки хонандаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ҳастед, бо чӣ навиштаҳо маҷалла диққати Шуморо ҷалб сохта?
- Ростӣ вақте мебинам, ки сурати бонуи зебое дар муқова ҷой дода шудааст, эҳсоси кунҷковонае фаро мегирадам, ки «ин бону кӣ бошад?». Ва ҳамин тавр ҳамаро мехонам.
- Бештар кадом матлабҳоро роҷеъ ба ҳаёти бонувон мутолиа кардан мехоҳед?
- Дар бораи саломатии инсонҳо, чӣ зану чӣ мард. Зеро саломатии яке ба солимии дигар сахт вобаста аст.
Воқеан, даҳҳо нафар ҳамсӯҳбатони мо ба суоли «Оё рӯзнома мехонед?», посухи манфӣ доданд ва қариб аксарият набудани вақт, қувваи барқ, камбизоативу нодории хешро сабаб медонистанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қисми аъзами аҳолии кишварро, бонувон ташкил мекунанд. Аксарияти онҳо дар деҳот умр ба сар мебаранд. Муаллиму духтури деҳа камтар рӯзнома мехонад, зеро онҳо мекӯшанд бо баробари тамомшавии рӯзи корӣ тезтар ба хона омада, корҳои хонагиро ба сомон расонанд.
Пас кӣ рӯзномаю маҷалла мехонад? Ҳамоне, ки ба соҳибкории хурду миёна машғул аст ва ах ҳуқуқҳояш каме бохабар шудааст ва ё бохабар шуданист? Шояд!
Замоне «забон» (рӯзнома) надоштем, ҳоло, ки шумори рӯзномаҳо ба садҳо адад расидааст, рӯзнома намехонем. Аҷаб!
Тилав Расулзода
:.
Фарҳанг
20.03.2012 04:40
2837
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz