25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
7 СИН ВА 7 ШИН
.
ҲАФТ ШИН
Шакар
Имрӯз хокаи қандро шакар мегӯем. Вале дар хони Наврӯзӣ шакар ба маънои маводи ширину хуштаъмест, ки дар таркиби нон, картошка, мева ва сабзавот мавҷуд аст. Дар илми тиб номҳои гуногун дорад: дар шир – лактоза, ангур – глюкоза, мева – фруктоза, лаблабу ва найшакар – сахароза.
Шир
Шир ғизои муқаддасест, ки инсон бори нахуст аз пистони модар меошомад. Дар хони Наврӯзӣ низ он мавҷуд ва эътибори хосаро соҳиб аст. Шир аз об ва сафеда иборат аст. Дар таркибаш витаминҳои А, В, С, К дорад. Зуд ҳазм мешавад. Беҳтарин шир, шири гавазн аст.
Шамъ
Мартабаи ба хони Наврӯзӣ ҷой ёфтани шамъ ва қудсияташ он аст, ки ёдгоре аз оташи зардуштист. Равшанӣ мебахшад, нур медиҳад. Худ месӯзаду ба дигарон фурӯғ мебахшад. Рамзи базму шодӣ. Барҳамзанандаи торикӣ. Нишонаи офтоб, бахт ва гармӣ аст.
Шоя
Маводе, ки дар хони Наврӯзӣ вазифаи ороишӣ ва хушбӯиро дорад, шоя мебошад. Шоя маънои рустаниро дорад. Навъҳои гуногуни шохчаи навсабзида ё нав гулкардаи дарахт. Маъмулан шамшод. Рамзи зебоӣ, ҷавонӣ, тозагӣ, умуман зиндагӣ. Рамзи ростӣ, некӣ. Роҳати чашм, қуввати дил, барҳамзанандаи андӯҳ аст.
Шароб
Шаробро бузургонамон аз мӯъҷизаҳои илоҳӣ медонанд, ки аз шираи ангур ва гандум ҳосил мешавад. Ба дастурхони идонаи наврӯзӣ ҷой ёфтани шароб аз он аст, ки онро бузургон барҳамзанандаи андӯҳ ва дард, офарандаи сухан, қувватдиҳандаи дил донистаанд. Бе шароб базм лаззат надорад. Душманро дӯст мегардонад. Бузина парӣ метобад, хор ба гул табдил меёбад.
Шарбат
Ширинии равон, афшураи мева: анор, себ, зардолу ва олуболу. Қувватдиҳандаи дил ва ақл, сабуккунандаи рӯҳ, шиканандаи ташнагӣ. Дорои витаминҳои А, В, С, Д, Е мебошад. Бо ин хосиятҳои шифобахш ва рӯҳбаландсозиаш шарбат дар хони муқаддаси Наврӯзӣ ҷойгоҳ ёфтааст.
Шиннӣ
Маводи ширини дигаре, ки дар хони Наврӯзӣ ҷой дорад, шиннӣ (ё худ ширинӣ) мебошад, ки аз ангур, тут, харбуза ва тарбуз бо роҳи ҷӯшонидан тайёр мекунанд. Таркиб ва сифаташ ба шакар монанд аст. Барои пухтани мураббо, ҳалвои сурхак ва тарҳавло низ истифода мешавад. Аз шакар ду маротиба ширинтар аст. Зеби ҳар дастархон ва иззати ҳар меҳмон аст.
_________
ҲАФТ СИН
Себ
Меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Иштиҳоовар. Хунро тоза ва зиёд мекунад. Зеби ҳар дастурхон аст. Навъҳои суманӣ, пешпазак, шакарак, турушак, крепсон, антонӣ, аштархонӣ ва ғайра дорад. Барои тайёр намудани мураббо ва шарбат низ истифода мешавад.
Бо чунин хусусиятҳои фоидабахши худ, себ дар дастурхони муқаддаси Наврӯзӣ ҷой ёфтааст.
Суманак
Маъмултарин ва хушояндтарин маводи хони Наврӯзӣ аст, ки ҳам дар шакли сабза ва ҳам дар сурати ғизо хонро оро медиҳад. Таркибаш аз қанд бой аст. Ширааш серғизост. Аз шираи суманак хӯрок мепазанд, ки ҳамин номро дорад. Суманак тандурӣ ва дегӣ мешавад. Пухтани суманаки дегӣ вақти зиёдро талаб мекунад. Аз лаззати суманак баракати солро муайян мекунанд.
Самак
Қудсияти самак дар хони Наврӯзӣ рамзи моҳии муқаддасест, ки гӯё дунё болои он ҷой дорад. Моҳиро дар шакли бирён ва пурра болои хон мегузаранд. Аз беҳтаринҳояш ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ маҳсуб меёбанд. Хусусан, дуввумаш болаззат аст. Осонҳазм. Баданро фарбеҳ мекунад. Афзояндаи қуввати чашм, барандаи андӯҳ. Аз сафеда фаровон. Ба қавле хӯрдани моҳӣ одамро аз гуноҳ пок месозад.
Сир
Сирпиёз бо хусусиятҳои хушбӯӣ (тару тозааш), рафъкунанда ва гурезонандаи қувваҳои бадӣ ва дарду таб, шарафёби мавқеъ дар хони Наврӯзӣ гардидааст. Он рустании табобатӣ буда, дар таркибаш витамини В,С, йод, равғани эфир дорад. Дар Чини қадим аз сир ғизое тайёр мекарданд, ки онро ҷавҳари ҷавонӣ меномиданд. Уламои амрикоӣ исбот намудаанд, ки истеъмоли сир боиси сар назадани саратон аст.
Санҷид
Хушбӯтарин меваи ғизои болои хони Наврӯзӣ буда, хуштамъ низ мебошад. Пӯсташ сурхи зардчатоб, мағзаш ордакдори ширин, то 64% қанд, 10% сафеда, 1,3% ҷавҳар дорад. Гулаш хушбӯй, дорои алкалоид, сершаҳд ва дорои равғани эфир аст. Барои табобати меъда, рӯда ва газаки рагҳои нафас истифода мешавад.
Сирко
Ин маводи мӯъҷизакор хусусиятҳои зиёди кимиёӣ дошта, бо эъҷозҳои лаззатбахши хеш мавқеъ дар хони Наврӯзӣ дорад. Асосан, аз туршии май ё спирти этил ҳосил мешавад. Ба сирко тархун, карафс, барги қарақот(зирк) андохта, хушбӯй мекунанд. Дар тайёр кардани хӯришҳо низ истифода мешавад.
Сипанд
Ин растании хушбӯй низ дар хони Наврӯзӣ мавқеъи асосиро соҳиб аст. Он гиёҳи доруворӣ буда, барои таскини рӯҳ, қалб ва шифои меъда истифода мешавад. Бӯи хуш дорад. Зидди зуком бештар истифода мешавад. Дар аҳди қадим ба оташ меандохтанд, то бӯи хуш диҳад. Барои радди қувваҳои нопок сипанд дуд мекунанд. Ёдгоре аз ойини зардуштист.
:.
Фарҳанг
16.03.2012 10:24
19385
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz