25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ҚАРОР ҲАСТ, ВАЛЕ ДАСТГИРӢ НЕСТ
.
Кинои тоҷик ба сармоя ниёз дорад
Агар таърихи муосири кинои тоҷикро бо 20 соли соҳибистиқлолии кишвар муқоиса кунем, ба назар мерасад, ки синамо на танҳо қафомонда аст, балки натавониста ҳадди ақал бонуеро ба монанди филмҳои туркиву ӯзбекӣ миёни мардум машҳур гардонад.
Солҳои Шӯравӣ қаҳрамонзанҳое чун Нигина-и «Қисмати шоир», Лола-и «Ман бо духтаре вохӯрдам», Зебо-и «Вақти зангирии писар расид», Зумрад-и «Зумрад» ва боз даҳҳо нафари дигар буданд, ки дар чандин киноҳо нақш офаридаанд. Ва ин ҳунармандон бо офаридани нақшҳои инъикоскунандаи ҳаёти бонувони тоҷик дар ёди натанҳо бинандаи ватанӣ, балки хориҷӣ ҳам боқӣ мондаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки агар Лола-ву «Зумрад»-ро аз киностудияҳои кишварҳои хориҷ даъват карда бошанд, пас Сайраму Майрам Исоеваҳои тоҷик низ дар филмҳои кишварҳои шӯравӣ даъват шуданд, Дилбар Умарова, Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова дар театр ва ҳам дар синамои кишварҳои хориҷ низ шӯҳрат доштанд.
Вале мутахассисон ва коршиносон имрӯз сабаби маъруфият пайдо накардани ҳунармандонро дар набудани кинои хуб ва маъруф медонанд. Яъне, агар филм баландмазмун бошаду ба дили бинанда роҳ ёбад, қаҳрамонҳои он ҳам шинохта мешаванд. Вале тайи чанд соли охир коргардонҳову муаллифони ғайриҳирфаӣ дар синамо гом гузоштаанд, ки ин боиси коста шудани обрӯи кинои тоҷик мегардад.
САФАРБЕК СОЛИЕВ
, коргардони кино, изҳор медорад, ки фарҳангу ҳунар оинаи ҷомеаанд ва сатҳи имрӯзи синамои тоҷик ҷавобгӯи сатҳи ҷомеа аст. «Таассуф, ки мафҳуми кино дигар барои тоҷикон маънии қаблиро надорад. Он чиро ки имрӯз филм гуфта, шабакаҳои тоҷикӣ тарғиб мекунанд, киноя аз филм аст. Ба филмсозӣ бояд, ки коршиносони ҳирфаӣ машғул бошанд»,- гуфт С. Солиев.
Ба қавли
ЗАРРИНАИ ХУШВАҚТ
, собиқ ҳунарпешаи кинову театр, дар филмҳои ҳозира нақше нест, ки ҳадди ақал ба қаҳрамонҳои синамои ӯзбекфилму афғонфилм баробар бошад. «Масалан, Усама, қаҳрамони 14-солаи як филми афғонӣ, дар сатҳи ҷаҳонӣ нақш иҷро карда, тавонист, ки фоҷиаи занро бозгӯ созад. Вале мо дар киноҳоямон чунин қаҳрамон надорем. Баръакс, дар киноҳои даврони шӯравӣ нақши бозгӯкунандаи ҳаёти занони тоҷик бисёр ба назар мерасид»,- мегӯяд ӯ.
Аммо
ЗУЛФИЯ СОДИҚОВА
, директори «Хонаи кино» изҳори боварӣ кард, ки шахсони зиёдро медонад, ки дар чандин филмҳо нақш меофаранд. Масалан, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова, Моҳпайкар Ёрова ва Фирӯза Раҳмонова ҳамеша фаъоланд. Ӯ мегӯяд: «Ба андешаи ман, онҳоеро, ки аз кӯча даъват мекунанд, барояшон маблағ лозим нест. Ба онҳо «пиар» лозим, то зуд машҳур шаванд. Барои ҳунарпешаҳо муаррифӣ даркор, аммо вақте шинохта мешаванд, зиндагӣ мақеи онҳоро дигар мекунад».
Зарринаи Хушвақт чанд сол боз аз синамо дур шуда, ду сол қабл дар филме нақш офарид. Яке аз мушкилоти асосии ин соҳаро дар набудани сармоя дарёфтааст. Ӯ зимни сӯҳбат зикр кард: «Камбуди асосии филми тоҷик набудани сармояи калон, фанноварии ҷадид ва киностудияи хуб мебошад. Яъне, кинои имрӯз бо ҳамон дастгоҳҳои наворбардории телевизион сабт мешавад. Ин мушкил имкон намедиҳад, то кинои тоҷик дар озмуну фестивалҳои ҷаҳонӣ иштирок кунад. Зеро яке аз талаботи ҷашнвораҳои ҷаҳонии синамо гирифтани филм дар навори ҳирфаӣ аст.»
Дар воқеъ, бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ кино низ дар баробари дигар соҳаҳо рӯ ба таназзул ниҳод. Баъди гузашти солҳо бо беҳбуд ёфтани вазъ, ба ин соҳа низ каму беш таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Аммо кинои тоҷик дигар мисли солҳои пеш ба сохтани филмҳои хуб қодир нест. Агар як мушкил тарки кишвар кардани мутахассисон бошад, аз тарафи дигар нарасидани маблағу таҷҳизоти муосири филмсозӣ ба он оварда расонд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир натавонист филме ҷавобгӯи талаботи ҷаҳониро пешниҳоди аудиторияи тоҷик бигардонад. Ба ҷуз чанд намоишҳои телевизионие ба монанди «Дар орзуи падар», «Гирдоб» ва «Муҷассамаи ишқ».
Каме баъдтар филмҳои дигаре аз ҷониби шабакаҳои телевизионии кишвар, «Тоҷикфилм» ва гурӯҳҳои алоҳидаи филмсоз, ки аксарашон ҷавонон мебошанд, рӯи навор омаданд. Аммо онҳо низ ба талаботи филмсозӣ дар ҷаҳони муосир ҷавобгӯ нестанд. Ба ҷуз филми коргардон Носир Саидов «Қиёми рӯз», ки баъди 20 сол бори нахуст дар Тоҷикистон дар плёнка рӯи навор омада, чандин ҷоизаҳои минтақавию байналмилалиро соҳиб гардидааст.
Иҷрокунандаи вазифаи директори «Тоҷикфилм» Муҳаммадсалим Соҳибов низ иқрор мешавад, ки имрӯз филмҳо дар киноплёнка ба навор гирифта намешаванд, ки боиси костагии сифати он мегардад. Сабаби набудани киноплёнкаро ӯ дар гаронии нарх медонад.
«Мо ҳоло ҳам киноплёнка надорем, чун он хеле қимат аст ва ҳам маблағе, ки Вазорати молия барои «Тоҷикфилм» ҷудо мекунад, кам мебошад. Агар як барномаи рушд вусъат ёбад, мумкин як филми муштарак бо Ҳиндустону Англия дар киноплёнка рӯи навор биёрем. Бо умеди онем, ки шояд онҳо киноплёнкаро аз ҳисоби худашон меоранд»,- қайд кард Муҳаммадсалим Соҳибов.
«Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 572, «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро таъмин намояд.»
Ба қавли таҳлилгарон, раванди номатлуби дигари соҳа ба филмбардорӣ даст задани сарояндаҳо, раққосаҳо, соҳибкорон ва онҳое мебошад, ки аз кӯчаи коргардониву филмноманависӣ нагузаштаанд. Дар ин филмҳо ба ҷуз рекламаву худнамоӣ дигар чизе нест.
Масалан, агар ба филмҳои «Беҳуда хорам мекунӣ», «Сукут», «Меҳроб», «Нерӯи муҳаббат», «Афсонаи зиндагӣ», «Қиссаи орзуҳои осмонӣ», «Умеди охирин» ва ғайра таваҷҷӯҳ кунед, қариб дар ҳамаи ин филмҳо саҳнаҳои такрорӣ, идеяҳои якхеле ва инъикоси нодурусти симои зани тоҷик ва фарҳанг ба назар мерасанд.
Директори «Хонаи кино» иқрор аст, ки коргардонҳои имрӯз аз ҳунарпешаҳои касбӣ истифода намебаранд. Яъне, коргардонҳои кино бештар «ҳунарпешаҳо» -ро аз кӯча ва ё журналистону ровиёнро даъват мекунанд. «Ба фикрам вақте ҳунарпешаеро даъват мекунанд, мегӯянд, ки маблағи кам медиҳем ё пул надорем. Ҳунарпешаҳо розӣ намешаванд. Зеро онҳо низ зиндагӣ доранд. Ё ин ки сенарияҳояшон маъкул намешавад»,- изҳор дошт Зулфия Содиқова.
Ҳамчунин,
САФАР ҲАҚДОДОВ
, мутахассиси соҳа низ ба он назар аст, ки сабаби зуҳур кардани ин тамоюл бештар аз ночорӣ аст. Яъне, буҷети аксари онҳо ночиз аст. Ӯ мегӯяд: «Филмсозӣ имрӯз кори шахсии як хонавода, як гурӯҳ ва ё аз рӯи ҷӯрагӣ шудааст. Коргардонҳо бо сабаби набудани маблағ шахсони наздики худро ҷамъ карда, филм месозанд».
Сафарбек Солиев дар ин маврид мегӯяд, мутаассифона, кинои имрӯза дар сатҳи қишлоқ ҳам тавлид намегардад, ин ҳама ба ғайриҳирфаӣ будани онҳое бастагӣ дорад, ки хешро «коргардон» дидан мехоҳанд, вале ҳунарро надоранд.
Зарринаи Хушвақт низ гуфта наметавонад, ки он чизе имрӯз пешниҳод мешавад, намунае аз синамои тоҷик бошад. Ба андешаи ӯ, филмҳои солҳои охир ба ном сериалу киноҳое ҳастанд, ки дастандаркоронашон барои ба эфир баромадан пул медиҳанду телевизионҳо бошанд эфирашонро пур мекунанд.
Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи директори «Тоҷикфилм», барои ба навор гирифтани филми бозгӯкунандаи ҳаёти зани тоҷик солҳои охир ба онҳо ягон сенарияи хуб пешниҳод нашудааст.
«Ҳамчунин, масъалаи дигар, ин набудани кадрҳои боистеъдод, коргардонҳо ва муҳаррирони боқувват аст. Вале сабаби аслӣ камии маош мебошад. Яъне, бо 300-500 сомонӣ касе кор кардан намехоҳад»,- мегӯяд Муҳаммадсалим Соҳибов.
Зулфия Содиқова бошад, сабаби набудани кадрҳои соҳаи киноро чунин шарҳ дод: «Солҳои пеш дар шӯъбаи актёрии Донишкадаи санъат ҳангоми қабули донишҷӯён интихоб ҷиддӣ буд. Истеъдод, симои зоҳирӣ ва ҳатто дандонҳоро ба назар мегирифтанд. Ҳозир ин чизҳо ба назар гирифта намешаванд. Сабаб дар ҳамин аст, ки коргардонҳо пеш аз он ки нақши духтареро офаранд, аввал симо ва суханрониашро фикр мекунанд ва чун дар шӯъбаи актиёрӣ духтари ба талаботи кино ҷавобгӯро намеёбанд, рӯ ба шахсони ғайриҳирфаӣ меоранд».
Ба андешаи Сафарбек Солиев синамои тоҷик имрӯз пуштибонӣ, сармоягузорӣ, барномаи махсуси рушд мехоҳад, ки ин мушкилро ҳама кишварҳои собиқи шӯравӣ доштанд, аммо ба ҷуз Тоҷикистон ҳама онро ҳал карданд. Ҳам бахши хусусӣ ва ҳам сармояи давлатӣ ба кино ҷалб шуд».
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои масъули «Тоҷикфилм» барои беҳтар намудани вазъи соҳа дар Тоҷикистон низ барои солҳои 2011-2015 Барномаи рушди киноро тасдиқ карданд ва масъулин умедворанд, ки бо амалӣ шудани он вазъи соҳа низ хуб мешавад.
Мутахассисон мегӯянд, то замоне, ки барои санъати синамои тоҷик маблағи лозима ихтисос наёбад, синамои тоҷик ҳамингуна хоҳад монд. Агар ягон сармоягузор, ширкат ва ё Ҳукумати Тоҷикистон 100 миллион доллар барои рушди синамо ҷудо намоянд, метавон гуфт, ки соли 2014 филмҳои тоҷикӣ низ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат варзида, маъруф мешаванд.
Сафар Ҳақдодов изҳор дошт, ки мушкили асосӣ дар он аст, ки кинофотографияи тоҷик як сохтори вижаи худро надорад, дар ҳолати парешонӣ аст. Аз ин рӯ, онҳо ба Ҳукумат ва ба сохторҳои марбута муроҷиат карданд, то сохтори ягона бо қонунгузории идориву фанниву дастурӣ таъсис ёфта, аз ҳама лиҳоз киноро зери назорат ва пуштибонӣ қарор диҳад. Вале бо вуҷуди гузаштани як моҳ то ҳол ба мактуб ҷавоб наомадааст.
«Бояд ҳунарпеша ва кинои тоҷикро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ кард. Ҳадди ақал толорҳои намоиши кино бо шароити хуб сохта шуда, тамошобинро ҷалб кунанд. То замоне механизми молӣ, дастурӣ ва идории киноро ба вуҷуд наорем, соҳа рушд намекунад. Агар ин сохтор ба вуҷуд ояду вазифаашро иҷро кунад, дар он вақт маблағ низ ворид мешавад»,- қайд кард Сафар Ҳақдодов дар идомаи суханонаш.
Дар воқеъ, барои тарғиби соҳа то фестивалҳои кино дастгирӣ наёбанду ҷавонҳоро барои таҷриба гирифтан ба Маскав ва ё дигар кишварҳо нафиристанд, кинотеатр ва бозори кинои тоҷикро беҳтар нанамоянд, ягон сармоягузор маблағ ҷудо намекунад.
Ҳамсӯҳбатони мо бо боварӣ гуфтанд, ки агар дар Тоҷикистон низ толорҳои хуби синамо бошаду мардум барои тамошои кино чун як истироҳати маданӣ раванд, сохтани филм низ авҷ мегирад.
Аммо барои рушди кино мисли дигар соҳаҳо дастгирии давлатӣ хеле муҳим аст. Яъне, давлат агар ягон пружаро дастгирӣ кунаду як нафари алоҳидаи дигар сармоя гузорад ва ба ӯ кафолат диҳанд, ки сармояи гузоштаи ин нафар ҳимоя мешавад, шояд нафари таваккалкунанда ҳам пайдо шавад.
Саида ҚУРБОНОВА
:.
Фарҳанг
16.03.2012 06:26
3005
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz