25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БА МОДАР «ТУ» НАГӮЕМ
.
Маъмулан дар таътилҳои тобистонаву зимистона фарзандонам ба деҳа, ба назди бибиашон мераванд. Баъди дидору тафреҳ дар деҳа писари хурдиам, ки шаш сол дорад, дар давоми чанд рӯз таассуроташро ба ман якояк мегуфт. Гоҳе ӯро садои хурӯс ба ваҷд меоварду гоҳе ҳам манзараҳои кӯҳистон. Ин дафъа аз лаҳзаи аввали баргаштан бо як асабонияти тифлона ва қадре тааҷҷуб ба такрор мегуфт, ки фарзандони холааш тарбияи хуб надоранд. Аз ӯ сабаб пурсидам. «Диловар ва Дилангез ба падару модарашон «ту» гуфта муроҷиат мекунанд», – посух дод писарам.
Ёдам ҳаст, замони донишҷӯӣ яке аз ҳамсабақонам дар посух ба сухани устоде шумо нагуфта, вожаи «худат» - ро истифода карда буд. Он лаҳза дар чашмон ва симои устод асабонияту қаҳр, тааҷҷубу ранҷиш ва таҳқир ба ҳам омехта шуд. Ҳамсабақи бечора пайваста пузиш мехосту мегуфт, ки дар ҷануб мардум ба ҷои «шумо» вожаи «худат» - ро истифода менамоянд, ки ҷонишини он аст. Устод бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳарфи шогирдро намепазируфт. Билохира, муносибати байни устоду шогирд барои чанд моҳе ба сардӣ кашид.
Он вақт сабаби ранҷиши устодро намефаҳмидам, зеро дар маҳале, ки бузург шудаам, ба ҷуз падарам, хурду бузург (агар шинос бошанд) ба ҳам ту гуфта, муроҷиат менамуданд. Падар дар Бухоро сабақ гирифтаву муносибату фарҳангаш аз мардуми маҳал каме фарқ мекард. Тибқи фармудаи ӯ ба фарзандонам шумо гуфтанро омӯхтам ва имрӯз сабаби тааҷҷуб ва асабонияти писарамро мефаҳмам.
Мавзӯе, ки мехоҳем дар ин навишта матраҳ шавад, пайдо кардани шакли дурусти муроҷиат аст, яъне мавқеъ ва тарзи истифодаи ҷонишинҳои шумо ва ту. Зеро тибқи маъмул дар манотиқи ҷанубу шарқ ҷонишини ту истифода мегардаду дар қисмати шимол шумо. Оё тарзи истифодаи ин ҷонишинҳо дуруст аст? Ва дар оянда аз кадом яке баҳра барем?
ДОДИХУДО САЙМИДДИНОВ
, доктори илми филология, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин маврид чунин мегӯяд: «Дар таърихи корбурди ҷонишинҳо ту ҷойи худро дорад. Бо истифодаи ҷонишини шумо тарзи корбурди онҳо коҳиш меёбад. Дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳангоми муроҷиат ба волидон ҷонишини ту истифода мегардад. Зеро он самимият, садоқат, муҳаббат ва наздикиро ифода менамояд. Аз нигоҳи меъёри сарфу навҳ истифодаи ҷонишини шумо ғалат аст. Дар гузашта ниёкони мо ҳатто вақти ниёиш ба Худо (ҳамзамон аз Ӯ бузургтару наздиктар ба инсон касе нест) ҷонишини туро истифода мекарданд. Дар адабиёти классикии тоҷику форс низ ҷонишини ту истифода шудааст. Аммо дар ҳузури ашхоси бегона волидон ба фарзандон дастур медоданд, ки ба онҳо шумо гуфта муроҷиат намоянд. Корбурди ҷонишини шумо дар муоширати дарбор пайдо шуда, кор ба ҷойе расид, ки дар забони англисӣ ҷонишини ту умуман аз байн рафт».
ДАВЛАТБЕК ХОҶАЕВ
, доктори илми филология, профессори ДМТ бар ин назар аст: «Ҷонишини ту аз нигоҳи дастури забон шахси дуюмро ифода мекунад, ки мухотаб аст. Тибқи ин дастур ҳангоми муроҷиат ба мухотаб бояд ҷонишини ту истифода гардад, хоҳ шахс бузург бошаду хоҳ хурд. Аммо дар одоби муошират категорияи эҳтиромият аст. Вобаста ба ин, ҳангоми муошират истифодаи ҷонишини ту андак дурушт ба назар мерасад, бинобарин ба шахси дуюми танҳо шумо гуфтан беҳтар аст. Агар падару модар, калонсолон, устодонро шумо гӯем, хубтар аст. Вақте мутакаллим ба мухотаб шумо гуфта муроҷиат менамояд, одоби муоширатро ба ҷо меорад. Дар ҳуҷҷатгузории расмӣ, равобити байналмилалӣ, яъне фиристодани табрикномаҳо ва барқияҳо, ҳарчанд шахси мухотаб танҳо бошад ҳам, шумо гуфтан беҳтар аст.
Ҳамчунин дар муоширати байналхалқӣ вақте сарварони давлатҳо бо ҳам мулоқот намуда, табодули назар мекунанд, аз ҷонишини шумо истифода мегардад. Бинобарин ба ҷавонон ин масъаларо бояд фаҳмонем, то одоби муоширатро дуруст риоя намоянд. Истифодаи ҷонишини ту аз рӯи дастури забон ғалат нест, аммо ба гӯш дағал мерасад. Аз ин рӯ, дар шимоли ҷумҳурӣ волидон аз тифлӣ фарзандонро меомӯзанд, ки ба мухотаб шумо гуфта, муроҷиат намоянд».
РУСТАМИ РАҶАБ
, сокини шаҳри Душанбе, ки зодаи шаҳри Самарқанди бостонӣ аст, мегӯяд: «Дар хонаводаи мо, ҳатто ба тифли гаҳвора шумо гуфта, муроҷиат менамоянд. Шунидани ту бароям хеле гӯшхарош аст. Онро ҳатто таҳқир мепиндорам. Бояд мардум шумо гуфтанро омӯзанд».
Бар хилофи гуфтаҳои ӯ Тоҷиддини Сафар, омӯзгор, чунин ибрози назар мекунад: «Вақте ба шахси наздикам ту мегӯям, ин нишони муҳаббат ва эътимод аст. Ҳатто тасаввур намекунам, ки ҳамсарам ба тифлаки гаҳвора шумо гуфта муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат як навъ расмиятчигӣ ба назар мерасаду садоқату наздикӣ аз байн меравад. Шунидани ибораи «биёед, ман шуморо маконам» аз ҷониби модар ба кӯдак бароям хандаовар ва ҳамзамон гӯшхарош аст. Дар ин маврид модар барои ифодаи муҳаббати худ ба фарзанд ҳатто ҳиссачаҳои «ак» ва «як»-ро истифода менамояд. Масалан, «ширинаки ман, асалаки ман».
Ба қавли баъзе забоншиносон бояд дар забон мавриди истифодаи ҷонишинҳоро донист. Дар гуфтушунид ва мулоқотҳои расмӣ аз ҷонишини шумо истифода намоему ҳангоми муносибат ба фарзандон аз ҷонишини ту кор гирем, зеро забон воситаи ифодаи андеша, эҳсосот ва ҳолатҳои равонии шахс аст. Фарзандон бояд ба падару модар шумо гуфта муроҷиат намоянду волидон ба онҳо ту гуфта, хитоб кунанд.
ҚИРОНШОҲИ ШАРИФЗОДА
, устоди факултаи журналистикаи ДМТ, назари хешро дар ин маврид чунин баён кард: « Банда дар деҳа таваллуд шудаву дар шаҳр ба камол расидаам. Дар Душанбеи имрӯза ҳангоми муроҷиат ба касе, агар «шумо» бигӯед, ба ҳайрат меояд. Ман мефаҳмам, ки вазъи муошират дар манотиқи Тоҷикистон, ҳатто дар Осиёи Миёна ба тарзи мухталиф аст. Вале модоме мо, тоҷикон, ифтихори таъриху фарҳангдории ҳазорсолаҳо дорем, боистӣ, пайрави ҳамон фарҳанги воло бошем. Бо тақозои касб, дар шаҳрҳои қадим, ба мисли Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, водии Ҳисор, баъзе деҳаҳои Дарвозу Ховалинг дида ва шунидаам, ки дар муносибат ва муошират бо калонсолон, бо ҳамдигар ва хоса бо падару модар, то чи андоза боназокатанд. Вале дар ҷое, ки ба падару модар «ту» - гуфта муроҷиат мекунанд, ба ҷойи он писар ё духтар ман хиҷолат мекашам. Зеро бароям падарро «ту» гуфтан, нописандӣ нисбати ӯст.
Баъзан мегӯянд, ки шахси наздиктаринро «ту» мегӯянд. Бале, дар адабиёти бадеӣ ва ё дар кинофилмҳо ин ҷоиз аст, вале фикр мекунам, ин тарзи муносибат аз чаҳорчӯбаи қоидаи шеъру тақозои равиши сенарияи филм бармеояд. Ба ҳар ҳол, барои онҳое, ки даъвои «озодазода» будан мекунанд, риоя ё ақаллан таоруфи хӯю хислатҳои аҷдодӣ бояд мадди назар бошад».
НАЗАР ВОҲИДЗОДА
варзишгар буда, ба корбурди вожаҳо ва истилоҳот таваҷҷӯҳи хос дорад. Ӯ назари мазбурро қатъиян рад намуда, мегӯяд: «Дуруст аст, ки мо бо ниёкон ифтихор мекунем, зеро таърихро надониста фардоро наметавон сохт. Дар «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар маъхазҳои таърихӣ дар мавриди муроҷиат ба Худо, падару модар ва шоҳ аз ҷонишини ту истифода шудааст. Намефаҳмам «озодазода» будан ба ҷонишини шумо чӣ иртибот дошта бошад? Чаро аз фарҳанги ниёкон даст бикашему ба дигарон пайравӣ кунем? Озодагон бо ҳофизаи таърихӣ иртиботи қавӣ доранд, аз ин рӯ онҳоро «озода» мегӯянд».
Хонандаи гиромӣ, матлаби рӯидастбуда тасодуф иншо нашудааст. Ин баҳс ба дарозои таърих мекашад. Аз рӯзе, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе (Бухорои шарқӣ) таъйин гардид, миёни аҳли зиё ин баҳс идома дорад. Нафаре такя ба таърих мекунаду шахсе ҳам аз муносибатҳои дарборӣ ҷонибдорӣ менамояд. Аммо як чиз мусаллам аст. Дунё дар ҳоли тағйир аст. Танҳо дар такя ба таърих наметавон муносибатҳои ҷадидро роҳандозӣ намуд. Забон ҳам догма нест, дар баробари пешрафти фарҳангу тамаддун бояд аз вожаҳои наву зарурӣ истифода гардад. Дар акси ҳол ин забон аз байн меравад. Ҳамчунин муносиботи миёни волидайну фарзандон ҳам дигар мешавад. Агар гузаштагонамон ба волидайн ту мегуфтанд, чаро мо ба онҳо шумо гуфта муроҷиат нанамоем? Агар модар ба тифли гаҳвора ту мегӯяд, чаро дар посух ба ӯ шуморо истифода набарем? Билохира, қарни 21 асту равобити байналмилалӣ тарзи нави муносибатро аз мо тақозо дорад. Биёед, ба модар ту нагӯем. Ин сарчашмаи ҳаёт, муҳаббат, самимият ва бузургиро эҳтиром гузорем. Хонандаи азиз чӣ назар дорад?
Эмомалӣ САЙИДАМИРЗОД
:.
Фарҳанг
16.03.2012 05:25
3962
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz