25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БОНУИ ҚАЛАМКАШ
- Шуморо ба иди матбуоти тоҷик табрик мегӯем ва баъдан мехостем бидонем, ки чаро омӯзгор неву рӯзноманигор шудед?
- Соли 1972 баъди хатми донишкада, маро бо роҳхати Вазорати маориф ба ҳайси омӯзгор ба ноҳияи Ховалинг фиристоданӣ шуданд. Бо сабаби дурии роҳ ва бе дастёр мондани модари беморам, ман ба ин розӣ нашудам. Баъдтар ба редаксияи газетаи «Ҳақиқати Кӯлоб» ба ҳайси котиба ба кор даъват карданд, пазируфтам. Чор-панҷ соли аз миён гузашта буд, ки рӯзномаи вилоятии Кӯлоб таъсис ёфт. Аксари кормандони рӯзномаи шаҳрии мо ҳам, ба он ҷо ба кор гузаштанд. Сармуҳаррири рӯзномаи навтаъсиси «Роҳи ленинӣ» Қувват Холов маро низ ба ҳайси мухбир ба кор гирифт.
Бо қаламкашони ҳирфаиву шинохта фаъолият кардан масъулият ва кайфияти махсусе дорад. Ман ҳатто нафаҳмидам, ки чӣ тавр 23 соли ҳаётам дар ин ҷода сипарӣ шудааст. Даҳ сол таҳти сарварии рӯзноманигор ва шоири машҳур, шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ фаъолият кардаам. Аз ӯ на танҳо нозукиҳои касб, дарси одаму одамгарӣ низ аз бар кардаам. Он замон муҳити коргоҳ пур аз муҳаббату зебоӣ буд…
- Муҳити оилавиатон чӣ? Кори эҷодӣ ба он халал намерасонд?
- Шукр, оилаи хубе дорам. Бо шавҳарам якдигарро дӯст дошта, хона бунёд кардаем. Агар муҳити оила солим набошад, бону на фақат кори эҷодӣ, балки ҳеҷ кореро табъи дил ба анҷом расонида наметавонад.
Шавҳарам Ғаффор Давлатов, ки худ омӯзгор (мудири озмоишгоҳи факултаи физикаи ДДК) аст, маро хуб мефаҳмид, кӯшиш мекард, ки дар хона бароям муҳити ороми эҷодӣ фароҳам оварад.
- Дар фаъолияти рӯзноманигориатон ҳолатҳои фаромӯшнопазир рух медоданд?
- Албатта, зиёд буданд чунин лаҳзаҳо. Зиндагии журналист, ки бо баду неки мардум шарик аст, наметавонад якмарому бе моҷаро бошад. Боре ҳамроҳи рӯзноманигор Давлаталӣ Раҳмоналӣ аз колхози «Ленинград»-и ноҳияи Кӯлоб (ҳоло ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) як мақолачаи танқидӣ дарҷ кардем. Пеш аз чоп маводи нимтайёрро ба сармуҳаррир Шоҳмузаффар Ёдгорӣ нишон додем. Он кас маъқул карданд. Мақола нашр шуд. Баъдан он мақола бо кӯшиши Давлаталӣ дар барномаи танқидии «Сӯҳбати дӯстон»-и радиои Тоҷикистон низ садо дод. Дар он камбудиҳои зиёди хоҷагӣ қайд шуда буд. Раиси ҳамовақтаи колхоз Абдуҷаббор Зардиев бо даъво чанд карат ба идораи рӯзнома омад. Раис сахт оташин буд. Вале шодравон Шоҳмузаффар Ёдгорӣ як феъли хуб дошт. Ҳеҷ гоҳ мухбиронашонро ба дасти даъвогарон «намесупурд».
- Шумо бештар дар кадом шӯъбаи рӯзнома кор кардаед?
- Тӯли ин солҳо дар шӯъбаи сохтмони советӣ ва саноат кор кардаам. Бештар бо сохтмончиён, савдогарон, кормандони суду прокуратура сару кор доштам.
- Матбуоти онвақта аз имрӯза бо чӣ фарқ мекунад?
- Гумон мекунам, таъсири рӯзнома дар даврони шӯравӣ ба ҷомеа бештар буд. Мақолаҳои танқидӣ нишонрас буданд. Агар далелҳои мақолаи танқидӣ тасдиқ мешуданд, шахси танқидёфта ё аз вазифа сабукдӯш мегардид ё ҳатман ҷазо мегирифт. Ҳатто аз болои баъзе гунаҳгорон парвандаи ҷиноӣ низ боз мегардид.
Мақолаҳои ҷиддии тавсифӣ низ таъсири амиқ доштанд. Шахси сифатшуда ҳатман ба эътибори роҳбарон сазовор мегардид, ҳатто дар вазифа ягон зина боло бароварда мешуд. Рӯзноманигор низ обрӯ ва мақоми махсуси худро дошт. Хубии кор ин буд, ки 70-80 фоизи мардум рӯзномаву маҷалла мехонданд.
- Имрӯз кадоме аз рӯзнома ва маҷаллаҳоро мутолиа мекунед?
- Аз нашрияҳои давлатӣ маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва аз ҳафтаномаҳои ғайридавлатӣ ҳафтавори «Фараж» ва «СССР»-ро мехонам. Дил мехоҳад тамоми матбуоти давриро аз назар гузаронӣ, вале афсӯс, маош намерасад…
- Дар давоми 23 соли фаъолият бо чанд нафар занони рӯзноманигор кор кардаед? Умуман, мавқеи занро дар матбуоти даврони шӯравӣ чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
- Дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» шумораи бонувони рӯзномангор хеле кам буданд. Вақти ба кор омаданам дар тамоми вилояти Кӯлоб, танҳо шодравон Адолат Амирова, ба ҳайси наттоқ ва рӯзноманигор фаъолият дошт. Баъдан, Моҳитобон Шарифова ба кор омаданд. Рӯҳашон шод бод инсони наҷибе буданд. Чанде бо сардабири имрӯзаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Ҳуринисо Ализода низ ҳамкорӣ кардаам.
Билоли ШАМС
:.
Фарҳанг
14.03.2012 11:52
2486
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz