25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
«Себи сеҳрнок»
Ман, ки ҷавони шаҳрӣ будам, то ин андоза хушу гуворо будани боду ҳавои кӯҳистонро намедонистам. Боз меҳрубонии одамонашро намегӯед. Одатан мардуми кӯҳистон меҳмоннавоз ва хеле дилкушоданд. Ин хислати хуби тоҷикона аст, вале маҳз ҳамин дилкушодии мардум боиси бадбахтиҳои ман гашт. Не, шояд мардуми маҳал ин ҷо гуноҳе надоштанд, айб дар ман буд, ки натавонистам худро идора кунам. Биёед, беҳтараш ба шумо ҳодисаро нақл кунам.
Рӯзе пас аз супоридани навбати посбонӣ ба қисми ҳарбӣ баргаштаму ҳис кардам, ки саломатиам хуб нест. Кам-кам сулфа ҳам мекардам. Нисфи шаб ҳарорати баданам баланд шудан гирифт. Хуллас, шамол хӯрдаму бемор шудам. Албатта, дар қисми ҳарбӣ духтурон ба табобатам машғул шуданд. Пас аз беҳтар гардидани вазъи саломатиам боз ба навбатдорӣ, яъне сарҳадбонӣ сафарбар шудам. Дар ин миён мардуми маҳаллӣ, ки аллакай моро хуб мешинохтанд, маслиҳат доданд, ки барои табобати пурра аз маводи нашъаовари чакида истифода кунам, то шифо ёбам. Дар Бадахшон солҳои 1996-1997 дарёфти ин мавод душвор набуд. Аксари мардуми маҳал онро чун дорувории рафъи шамолхӯрӣ истифода мекарданд. Ман ҳам аз он истеъмол намудам. Воқеан, саломатиам хуб шуд.
Дигар ҳар вақте шамол мехӯрдам, бе огоҳ кардани табибони қисми ҳарбӣ аз мардуми маҳаллӣ каме чакида мегирифтаму истеъмол мекардам ва бо ин роҳ вазъи саломатиамро барқарор менамудам. Вале бехабар аз он будам, ки ин дору саломатиро барқарор не, балки асаби маро карахт мекардаасту дардро ҳис намекардаам. Истеъмоли ин навъи маводи нашъадор ба ман гӯё ҳам қуввату ҳам қудрат мебахшид. Хуб дар хотир дорам, бори нахуст ба ман себ барин чизеро доданд, ки танҳо рангаш аз он фарқ дошт, аниқтараш сурхи ҷигарӣ-сиёҳтоб буд. Ман онро чанд рӯз чун себ ё тӯбча дар дастам бозӣ медорондам ва аз як гӯшаи он ба миқдори кам шикаста истеъмол мекардам. Ин «себи сеҳрнок» то хеле вақт басанда буд ва чун он тамом шуд, иродаи ман низ ба пуррагӣ аз байн рафт. Ба худ ҷавоб ёфта наметавонистам, ки чаро он ба ман қуввату дармон мебахшид. Ба ҳар сурат, аз ҳар куҷову бо ҳар роҳе, то вақти ба охир расидани мӯҳлати адои хизмат ин маводро дастрас мекардам.
Чун хизмати аскарӣ поён ёфту ба пойтахт омадам, боз ба тарзи ҳаёти пешина баргаштам, вале ин дер давом накард. Оҳиста-оҳиста рафиқони нав пайдо кардам ва ҳамроҳи онҳо ба истеъмоли чакидаву чарс ва ҳашиш машғул шудам. Аз ин кори ман падару модарам дарак ёфтанд. Худам низ бисёр мехостам аз ин маризӣ раҳоӣ ёбам. Бо маслиҳати падару модар дар беморхонаи клиникии наркологӣ бистарӣ шуда, табобат гирифтам. Албатта, на як бору ду бор. Ҳар навбат пас аз табобат замоне худро хуб ҳис мекардаму ба кори доимиам машғул мешудам. Вале медонед, нашъа маводест, ки инсонро беихтиёр ба худ мекашад. Масалан, вақте бемор мешавам, умуман ба беморхона намеравам, як "доза" ёфта истеъмол мекунам, дардам фаромӯш мешавад. Фақат як чизро дертар фаҳмидам, ҳама ин дардхомӯшкуниҳо худаш дард будааст, дарде, ки наметавон дармонаш кард, дарде, ки то иродаи қавӣ надошта бошӣ аз он раҳоӣ нахоҳӣ ёфт.
...Дар рӯи ҳавлии фурӯдгоҳ якҷоя бо бачаҳо сари миз сӯҳбат доштему фурӯд омадани тайёраро интизорӣ мекашидем. Маҳмуд аз кисааш бастаи хурдакакеро бароварда, коғазпечашро кушоду ба рӯйи варақи каме пештар баровардаи рафиқи дигараш мисли пайроҳа рехт (ба қавли нашъамандон «дорожка» сохт). Мавод сафеди хокамонанд буд. Ӯ сарашро ба болои маводи омодакардааш каме хам карду бо иштиҳои том онро бӯй кашид. Пас аз лаҳзае дар лабонаш табассум пайдо шуду бо мурооти дӯстона чашидани онро ба дигарон низ рухсат дод. Бачаҳо пайи ҳам маводи рӯи коғазро ба биниҳои худ наздик овардаву бӯй мекашиданд.
– Инаш бисёр аҷоиб будааст, гӯён ба таъриф сар карданд. Ман дигар худдорӣ карда натавонистам. Ва онро чашидам... Кош ҳамон вақт шуғли доимие медоштаму аз бекорӣ тамоми рӯзамро бо ин ҷавонон намегузаронидам.Шояд он гоҳ одами дуруст мемондам. Ана, ҳамин тавр боз баргаштам ба олами хаёлҳои осмонӣ, ба дунёи дигаре, ки онро ном нашъамандист. Ба хона дер меомадам, ба суолҳои волидон ҷавобе гуфта наметавонистам. Медонед, нашъа як хусусияти бади дигар ҳам дорад. Ба қавле хеле шерак мешавӣ. Худро Рустами достон фикр мекуниву ба гумонат касе аз ту зӯртар нахоҳад буд. Бо ҳар баҳона зӯрии худатро нишон додан мехоҳӣ, ана баъд ҷанҷолу хархаша, зӯроварию бедодӣ сар мешавад. Вақте ба худ меомадаму корҳои ношоистаи кардаамро мефаҳмидам, аз хиҷолат намедонистам сарамро ба куҷо занам.
Аз ҳама бадбахтиаш дар он буд, ки ман сабабгори марги бармаҳали модарам шудам. Акнун ҳис мекунам, ки чӣ қадар аз пушти ман барин фарзанди ноқобил малӯлу хиҷолатзада буд. Ва маҳз ҳамин рафтори ман сабаб шуд, ки якбора гирифтори чанд беморӣ гашту оламро падруд гуфт. Душвор аст гум кардани азизтарин шахс, вале аз ҷониби дигар хуб шуд, ки барвақттар аз олам гузашту аз сархамиву озурдагӣ, аз ман барин фарзанди носипос халос шуд. Худоё, ман чиҳо мегӯям, наход фарзанд аз марги модар хурсандӣ кунад? Инро ба ҷуз аз фарзанди нашъаманд каси дигаре наметавонад ба забон орад. Ана, ҳамин дарду алам ва андешаҳои гуногун, маро замоне аз ин роҳ боздошт.
Падару бародаронам роҳи наҷотро дар оиладор карданам медиданд. Арӯсро ҳам интихоб кардем. Албатта, аз хешу табор, охир ба мани нашъаманд кӣ ҳам духтар медод? Ба ҳар ҳол, бо умеди он ки ман ба куллӣ шифо ёбам, хешу табор тӯй барпо карданд. Имрӯз Худоро шукр, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯякам. Ҳардуро субҳгоҳон ба боғча мебарам, модарашон кор мекунад. Хайр, чӣ тавр зани бечора ба умеди ман шавад? Агар ҷое кор ёбаму фармоише барои таъмири хона шавад, кор мекунам, агар не, боз зиндагӣ ба сари занам бор мешавад. Зиёдтар аз ҳама аз он метарсам, ки фарзандонам нашъаманд будани маро нафаҳманд. Охир, тасаввур кунед, ҳоли тифлаки бечора чӣ мешавад, агар гӯянд, ки "падарат нашъаманд аст". Шабҳои дароз бедор нишаставу андеша мекунам, ки чӣ тавр аз ин роҳи торику беохир худро боз дорам, чӣ тавр оилаамро ҳифз кунаму кӯдаконамро дуруст ба воя расонам?
Имрӯз роҳи дигареро пеш гирифтаам. Шакли нави ивазкунандаи маводи нашъадор, ба хусус ҳероинро мутахассисон пешниҳод кардаанд. Рӯзе духтур маро даъват карду пешниҳод намуд, ки "агар давра ба давра аз ин маризӣ даст кашидан хоҳӣ, дигар аз истифодаи сӯзандору даст кашу табобатро бо усули нав сар кун." Ин як роҳи дигари табобати нашъамандон бо усули "метадон" буд. Имрӯз ман мувофиқи тавсияи коршиносон бо ин роҳ табобат мегираму рӯз ба рӯз вояи (дозаи) онро кам карда истодаам. Мақсад дорам бо ин роҳ худро аз ин кор боздорам. Албатта, ин кори осон ҳам нест. Зеро мани сустирода аввал аз доруворӣ барои табобат гуфта, сар кардаму, ба ҷои баргаштан ба асли худ, баръакс аз чакида ба ҳашиш, аз он ба ҳероин гузаштам. Имрӯз шукри Худованд, соҳиби хонаву дар ва оилаву фарзандонам, вале ҳамеша дар тарси аз даст додани он мебошам. Намехоҳам фарзандонам аз асли кор бохабар бошанд, назди падару бародарон ва ҳамсарам ҳамеша шармсорам, вале чӣ кунам, ки ин гирдоби марговар маро ҳарчи бештару бештар ба доми худ мекашад. Даст сӯйи мардум дароз кардаву илтиҷо мекунам, то маро аз ин гирдоб раҳо созанд. Ва андешае оромам намегузорад, ки агар ман соҳиби шуғли доимӣ мебудам, агар дар ҷое кор мекардаму вақти зиёдатӣ намедоштам, шояд аз ин роҳи хато барвақт мегаштам. Охир, чун бекор мемонам, гумон мекунам. ки ҳама ҷоям ба дард меояд, вақте бекор мемонам ба суроғи рафиқони пешинаам меравам, мехоҳам лаҳзае бепарвоёна фароғат кунам, боз...боз... ва боз ҳамон кору ҳамон шуғл ва ҳамон ғори бетагу доми марг...
– Не, не ман чиҳо мегӯям, ман бояд шифо ёбам. ман бояд иродае пайдо кунам, ки аз ин роҳи хато бозгардам, бояд тавонам. Охир, падари ду тифлакам, ки ҳар субҳ дасташон гирифтаву по ба по мебарам, охир ҳамсарам бо ҳазор умед дар хона интизори ман аст, бо умеде, ки акнун шифо меёбам. Маро падари пирам дами дарвоза интизор аст, бо умеде, ки асои пириаш шавам…
Фароруни Сабзқадам
:.
Фарҳанг
02.03.2012 11:40
2740
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz