25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ШАКАРШИКАН
Муаллифи маҷмӯаҳои «Афсонаи ишқ» (Душанбе, 2007), «Дуруди ошно» (Хоруғ, 2009) ва «Замзамаи равони рӯд» (Душанбе, 2011) мебошад.
Асли ҷавоб
Эй зан, ки дили ҷумла барои ту кабоб аст,
Пеши ҳамагон ҳурмати ту фазлу савоб аст,
Рӯи ту гул асту арақи чеҳра гулоб аст,
Гар майл туро бар ҳавас асту ба шароб аст,
Бар аҳли назар ҳастии ту мисли ҳубоб аст.
Бешубҳа, бувад зиннати дунёи ту исмат,
Умри ту гулафшон бувад аз ҷӯяи иффат,
Арзон мафурӯш ин ҳама сармояву давлат,
Мардона нигаҳ дор, зано, ин ҳама савлат,
Ҳастии ту варна ба ҷаҳон ҳамчу сароб аст.
Гар пой зи гулзори хирад канда намоӣ,
Бар рӯи ҳама нокасу кас ханда намоӣ,
Ҳарчанд чу маҳ бо рухи тобанда намоӣ,
Дар маҳкамаи нанг ту шарманда намоӣ,
Медон, ки туро хиттаи тақдир хароб аст.
Бар ҷону дилат меҳри қавӣ дод Худованд,
То меҳру вафоят нашавад кам ба ҷигарбанд,
Ишқ аст ҳама умр туро мӯнису пайванд,
Як умр бимонӣ ба муҳаббат ҳама побанд,
Бе меҳру вафои ту дили даҳр хароб аст.
Эй зан, қади болои ту бар ҷумла хитоб аст,
К-озодагиат баҳри ту арзанда ҳиҷоб аст,
Озодӣ, агар меҳру вафоят чу таноб аст,
Бар ҷумла саволе, ки ба бедориву хоб аст,
Озодиву озодагиат асли ҷавоб аст!
Ҷаҳони ишқ
Бирафтам ҷониби саҳро, шудам ҳамроз бо хуршед,
Ки шояд ёр аз роҳи тасодуф рӯ ба рӯ ояд.
Дар он хомӯшии саҳро, ки холӣ аз ҳаёҳӯ буд,
Хаёлаш, гуфта будам, шоядам бар гуфтугӯ ояд.
Ба ранги хира мемонам, нигоҳи хаста медӯзам,
Ба ҳар ҷое, ки натвон дид ҷуз хомӯшии ҷонкоҳ.
Гулӯямро ба ногаҳ мефишорад дасти фарёде,
Сиришк аз чашмҳоям меравад чун чашмаҳо ногоҳ.
Лаби ҷӯе, ки бо ӯ як замон будам, маро ин дам
Ба лаҳни обаки шӯхаш ба сӯи хеш аз нав хонд.
Чу лабташна давидам ҷониби ӯ, лек, сад афсӯс,
Лабам тар гашту аммо дил ҳамоно ташнаи ӯ монд.
Нахоҳам бигзарам аз ӯ, ки бе ӯ чун хазонбоғам,
Дар ин маъво хаёли ман чу баргони парешон аст.
Ба ҳар гулгашти ёду хотири ман бӯи ёди ӯст
Ва аз бӯи гули ёдаш ҳаловат дар дилу ҷон аст.
Дар он саҳро ба барги як чанор андӯҳи дил гуфтам,
Ба худ ларзидаву зарду ҳазин дар зери по афтод.
Ба бод аз қиссаи ранҷурии худ ҳарфҳо гуфтам,
Ба сар зад дасти густоху ба сад шӯру наво афтод.
Ба дил гуфтам: бурунаш кун, мадеҳ дар хонаи худ ҷо,
Тапид андар худу гуфто, ки як яктопарастам ман.
Агар ӯ дар ҷаҳони сӯзу ишқу меҳр бо ман нест,
Чи созам, дар ҷаҳони ишқи ӯ ҷовид ҳастам ман.
Cавдо
(Нолаи духтаре, ки ба ивази нашъа фурӯхтаандаш)
Духтар ҳадиси умри худ оғоз мекунад,
Бо донаҳои ашки алам роз мекунад:
«Во ҳасрато, баҳори умедам бишуд хазон»,
Бар рӯи худ даричаи ғам боз мекунад.
Ӯро замоне иффату номус ёр буд,
Як духтари баиззату бонангуор буд,
Боғи дилаш пур аз гули рахшони орзӯ,
Субҳи умеди умр варо интизор буд.
Нопокҳо ҳаёти варо пок сӯхтанд,
Ӯро ба нархи ҷони касифе фурӯхтанд,
Дар кӯрдуди мастии тарёку бангу май
Чашми варо зи олами уммед дӯхтанд.
Буд ӯ парӣ, ки дев ниҳебаш ба ҷон намуд,
Гул буду боди сард баҳораш хазон намуд,
Буд баррае, ки гургу саги нафсу ҷаҳли даҳр
Ӯро, дареғ, туъмаи гургу сагон намуд.
Дарди дилаш зи ранҷу алам беш гаштааст,
Аз нокасони даҳр дилаш реш гаштааст,
Дар доми макри бехуду бегона музтариб,
Дилмонда аз қарину ҳам аз хеш гаштааст.
Дар дидааш шарораи умед кам шуда,
Дунё барои ҷону дилаш кунҷи ғам шуда.
Чун мурғи паршикаста зи парвоз мондааст,
Бар доғҳои қалбаш бас доғ зам шуда.
Оташ даруни мазраи умедаш уфтод,
Танг аст баҳри ӯ дигар ин олами кушод.
Як ҳарф бо ду ашк зи чашмаш фурӯ чакад:
«Рӯзи касе, ки карда чунинам, сиёҳ бод!»
:.
Фарҳанг
29.02.2012 11:54
2597
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz