25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БОЗГАШТ БА «МАКТАБИ КӮҲНА»?
Бо вуҷуди сол то сол қисмати бештари буҷаи кишварро ба соҳаи маориф равона кардан, чунин ба назар мерасад, ки шароити баъзе мактабҳо дар деҳот ба «мактаби кӯҳна» наздик мешавад.
Дар арафаи Соли нави мелодӣ рӯзе дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ меҳмон будам. Кӯдаки хурдии хонадон баробари аз мактаб омадан, аз модараш хоҳиш намуд барояш пул диҳад, то барои муаллимаашон куртаи нав бихаранд. Дар аввал гумон кардам, ки ба хотири ҷашнгирии Соли нав омӯзгор мехоҳад аз ҳисоби талабаҳояш куртаи нав дӯзад, вале писарча гуфт: «Не, куртаи муаллимаамон ҳангоми дар печка алов кардан, сӯхт».
Баъдан, аз нақли писарча маълум гашт, ки муаллима онҳоро маҷбур накардааст, ки барояш пул ҷамъ кунанд. Чун пероҳани муаллима аз матои қимати «Черный принц» будаву онро бо маоши чандмоҳааш дар остонаи кадом як ҷашни дигар дӯхтааст, шогирдон аз сӯхтани курта мутаассир шуда, ихтиёран хостанд ба устодашон кӯмак расонанд.
«Муддати чанд сол аст, ки синфхонаҳои аксар мактабҳои ноҳия дар фасли зимистон бо печкаи бобоӣ ва таппаку ҳезум гарм карда мешаванд»,-мегӯянд сокинони деҳаи мазкур.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулин ҳамасола бо ифтихор мегуфтанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз таъмиру тармим бароварда шуда, ба зимистонгузаронӣ омодаанд ва теъдоди мактабҳои нави замонавӣ зиёд шудааст. Чун фасли зимистон наздик мерасад, дастандаркорони соҳаи маориф аз тайёриашон он қадар таъриф месозанд, ки кас гумон мекунад, тамоми мактабҳо пурра бо сӯзишворӣ таъмин шудаанд.
Аммо «таппаку ҳезум низ чун маблағи таъмир, пардаву китоб, сӯзишвории дизелӣ ва ғайра аз ҳисоби хонандагон ҷамъоварӣ мегардад»,-шикоят мекунанд волидон.
Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон бо таассуф аз солҳои шӯравӣ ёд меоранд, ки он замон дар дурдасттарин навоҳӣ мактабҳо тавассути шабакаҳои гармидиҳӣ гарм мешуду акнун муддати чанд соли охир муаллимон синфро аз ҳисоби худу хонандагон бо печкаҳои бобоӣ гарм мекунанд.
Дар воқеъ, бояд гуфт, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ бо сабаби аз фаъолият бозмондани дастгоҳҳои гармидиҳанда дар мактабҳои деҳот фасли зимистон баъзан ба муддати 1-2 моҳ ғайрирасмӣ таътил ҳам мешуд. Вале баъдан чун шабакаҳои гармидиҳиро барқарор карда натавонистанд, масъулини соҳаи маориф ҷорӣ намудани бухории бобоиро ба роҳ монданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазорати маориф Сиддиқ Муборак, бо мақсади он, ки хонандагон дар фасли зимистон аз дарс дур намонанд дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 39 404 печкаҳои аловӣ ва 11 006 гармкунандаҳои барқӣ насб карда шудааст.
Аз ин рӯ, инҷо саволе ба миён меояд: «Кӣ гарм кардани синфхонаҳоро ба худи омӯзгорону хонандагон вогузор кардааст?»
Ҳамчунин, иқдоми дигаре, ки ҳамеша боиси ифтихори роҳбарияти Вазорати маориф мегардад – ин компютеркунонии мактабҳо мебошад. Тибқи иттилои масъулини вазорати мазкур, соли 2011 мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар» бо 34 327 адад компютер, 5 259 адад принтер ва зиёда аз 1 298 генератори дизелӣ таъмин гардидаанд. Аммо то он даме, ки қувваи барқ ақаллан дар мактабҳои деҳот таъмин нагардад, бояд аз идомаи ин ифтихорот даст кашид. Зеро пас аз оғози соли нави таҳсил ҳамагӣ як-ду моҳ дар деҳот барқ асту халос. Мусаллам аст, ки дар ин муддат барои чизе омӯхтан аз фанни компютер фурсат ҳам намешавад. Баъди зимистон бошад, барқро вақте медиҳанд, ки аллакай маъракаҳои омодагӣ ба имтиҳоноту ҷамъбасти соли хониш шурӯъ мешавад. Албатта, дар сурати аз дизел истифода кардан ҳам, гаронии нархи ин сӯзишворӣ ба буҷаи мактабу ҷайби волидон хисороти калон ворид мекунад.
Ҳамасола роҳбарияти Ҳукумат қисмати бештари буҷаи кишварро ба соҳаи иҷтимоӣ, хусусан, маориф равона мекунад, то он рушди бештаре дошта бошад, вале масъулин гӯё ин пешрафтро танҳо дар сохтмони мактабҳо медонанд. Тавре бархе омӯзгорони маҳал мегӯянд:
«Охир, рушди соҳаи маориф танҳо дар сохтани чанд мактаб ва тақдим намудани 2-3 компютер дар мактабҳои бебарқ нест.»
Бо ин вуҷуд, «қариб 50% буҷети соли 2012 ё худ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд ҷудо мегардад, ки аз ин 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ (ба афзоиши 280 миллион сомонӣ) барои соҳаи маориф мебошад», – навишта шудааст дар матлабе дар сомонаи www.pқӯsidӯnt.tj.
Вале мушкили дигаре, ки баъди сохтани мактабҳои навбунёд ба миён меояд ҳанӯз ҳам истифодаи бухории бобоӣ аст. Мутаассифона, ҳатто ҳангоми сохтмони мактаб ҷои махсус барои насби он ба инобат гирифта намешавад, ки ин баъдан боиси мушкилоти тангии синфхонаҳо ва нигаронии бештари муаллимони мактабҳои ноҳияву деҳот мегардад.
«Аз ин рӯ, дар сурате, ки мо бо шароити хуб наврасону ҷавононро дар мактабҳо таъмин карда наметавонем, пас чӣ гуна аз рушди зеҳниву ояндаи миллат ҳарф бизанем?»,- изҳор медоранд ҳамсӯҳбатони мо.
Масъулин бояд донанд, ки дар сардиву гармӣ хонандаро парвои дониш нест. Ин давраи таҳсил дар «мактаби кӯҳна» нест, ки хонандагон дар бӯю дуди таппаки синфхонаҳо дарс хонанд. Ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли иваз шудану пеш рафтан аст, ҳамин тавр инсон низ тағйир меёбаду талаботаш ҳам муосиру замонавӣ мегардад.
Агар камбудиҳои ҷойдоштаро имкони ислоҳ кардан набошад, беҳтар аст, ки таътили тобистонаро ба фасли зимистон (чанд сол пештар ин масъаларо «БТ» низ инъикос карда буд) гузаронанд. Ба андешаи аксари таҳлилгарон, агар чунин тағйирот ворид кунанд, аз чанд ҷиҳат фоидаовар хоҳад буд. Масалан, дар гармӣ ниёз ба таппаку ҳезумҷамъкунӣ намонда, дар зимистон хонандагон дар синфхонаҳои бе дуду бӯй дарс мехонанд ва ҳам муаллимон дар ғами аловкунии печкаҳо нагашта, таваҷҷӯҳро ба дарсу талаба медиҳанд. Аз тарафи дигар, хонандагон аз мушкили пули сӯзишвории дизелҳо наҷот ёфта, бо истифодаи қувваи барқ фанни компютерро роҳат аз худ карда метавонанд. Ё шояд вазорат роҳи дигареро ҳам пешбинӣ кардааст?
Бонуи Сафаралӣ
:.
Фарҳанг
29.02.2012 07:20
3017
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz