.
Дар Амрикову Аврупо бо пероҳани чакан
Ҳамакнун дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Аврупо ва Амрико зуд-зуд бонувонеро дучор метавон шуд, ки дар бар пероҳани гулдӯзию дар сар тоқии тоҷикӣ доранд. Дар манзилу хонадони бисёре аз сокинони ин кишварҳо метавон болишту рӯйиҷо, болопӯши бистару чодарро дид, ки офаридаи дастони пурэъҷози бонувони тоҷик мебошанд. Агар теъдоде аз ин маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ чун армуғон тақдим шуда бошанд, боқиро шаҳрвандони хориҷӣ тавассути интернет-мағозаҳо харидаанд. Дар ин роҳ ба онҳо созмони байналмилалии «Бустрап» (ИМА) дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) мусоидат кардааст.
Назар ба суханони Гулбаҳор Маҳкамова, мудири кулли АМБСТ, онҳо соли савум аст, ки ба бонувони ҳунарманди тоҷик дасти ёрӣ дароз кардаанд. Дар чавкоти ин ҳамкорӣ онҳо як силсила намоишгоҳҳои маҳсули ҳунарҳои дастӣ, бизнес-симпозиумҳо, мулоқотҳои бонувони ҳунарманди ҳамкорро аз Осиёи Марказӣ созмон додаанд. Мураббиёнро аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши шеваҳои навтарини зебу ороиш ва тарроҳии маҳсулоти дастӣ даъват карда, сафари бонувони ҳунарманди тоҷикро ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон ва Афғонистон роҳандозӣ намудаанд.
– Мо ҳунармандиро чун яке аз навъҳои истеҳсолоте, ки тамоюли содиротӣ дорад, қабул дорем,– мегӯяд Гулбаҳор Маҳкамова. Зеро сӯзании тоҷикӣ дорои вижагиҳои сифатие мебошад, ки аз маҳсулоти дигари ҳамсон ба куллӣ фарқ мекунад. Вале ин ҳунари бобоии арзишманд дар ҳолати азбайнрафтан қарор дорад. Зеро сӯзаниҳои бо истифода аз матои хонагии асили пахтагӣ ё шоҳӣ ва риштаи абрешимин дӯхта шуда, хеле кам мебошанд. Зеро махзани маҳаллии ашёи хом анқариб аз байн рафта, матое, ки хоса барои сӯзанӣ истеҳсол шавад, вуҷуд надорад. Риштаҳои абрешимин истеҳсол намешаванд. Ин аст, ки ҳунармандони мо маҷбуранд маҳсулоти хомро аз хориҷ бихаранд. Табъан, қимати баланди колоҳои харидашуда ва вақти барои дӯхтани сӯзанӣ сарфгашта, арзиши ниҳоии маҳсулотро боло бурда, агар барои муштарии дохилӣ дастнорас бигардонад. Барои ба харидори хориҷӣ бошад, пешкаш кардани онҳо то кунун роҳҳои муназзаму собити худро наёфтааст.
Ҳунар пайвандгари наслҳост!
Салимаҷон Каримова дар яке аз оилаҳои зиёии Хуҷандшаҳр ба дунё омада, ҳунари модарро омӯхтааст. Ӯ ба кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, ироқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва тоқидӯзӣ машғул мебошад. Вай ва дигар шогирдони ӯ маҳсули дастони хешро ба Маркази тиҷоратию ҳунарҳои миллии «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд месупоранд. Раҳбарияти марказ якчанд дӯконро барои ҳунармандон таври ройгон додаанд, то онҳо ба тоқидӯзию мӯзадӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гаҳворасозӣ, кордсозӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, хайётӣ ва ғайра машғул шаванд. Алҳол дар ин марказ беш аз бист нафар машғули кор ҳаст.
– Ман як навоварӣ дар либоси арӯсии хатлонӣ ворид кардаам,– иброз медорад Салимаҷон. Бо он дар озмуни вилоятӣ ғолиб омада, ба озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи чакан», ки соли 2008 дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, роҳхат гирифтам. Баъдан, тарҳи нави либоси арӯсиеро аз матои атлас аст, ихтироъ кардам, ки ивазкунандаи фатаи аврупоист. Онро бори аввал духтари худам дар шаби арӯсиаш ба бар кард. Ҳамагон, аз ҷумла меҳмононе, ки аз пойтахти кишвар ба Хуҷанд омада буданд, шигифту ҳайратзада шуданд. Зеро пероҳани атлас ба қади духтари тоҷик нишаста, бар ҳусни ӯ ҳусни дигар зам мекунад. Барои арӯсҳо як силсила армуғонҳое чун зочаҳо, ҳамёнҳо, қифҳои кӯчак сохтаем, ки онро онҳо маъмулан ба дугонаҳову духтарони ба тӯй омада, ҳадя мекунанд. Соли гузашта ба унвони Парлумони кишвар номае ирсол намуда, дар он пешниҳод кардам, ки ба тақвими рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ «Рӯзи ҳунармандону косибон»-ро шомил созанд, Хуб мебуд, агар ин рӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, бо навбат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Хоруғ, Рашт, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Панҷакент таҷлил мешуд.
Зардӯзӣ моро саодатёр хоҳад кард?
Дар ҳоли ҳозир яке аз шохаҳои сабзи ҳунарҳои дастии мардумӣ, зардӯзӣ аст. Маҳсулоти зардӯзони тоҷик на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Аврупо ва Амрико муштариёни зиёде дорад. Ин аст, ки теъдоди бонувоне, ки мехоҳанд ҳунари ниёгонро биёмӯзанд, беш аз пеш меафзояд. Истода Маҳмадризоеваи панҷакентӣ яке аз ҳунармандони чирадастест, ки сӯзанӣ, рӯйиҷо ва болинпӯш медӯзад. Ҳунарманди кӯлобӣ Савронбӣ Ҳасанова низ аз овони наврасӣ ба дӯхтани сӯзанӣ, тоқӣ ва пероҳану рӯймол, рӯйҷо, пардаю чодару чакан машғул аст. Нақшу гулҳое, ки дар рӯйи матоъҳо ин бону мезанад, беназиру нотакроранд.
Устоди ҳунаристони рақами 50-и шаҳри Конибодом Сурайё Раҳимова иброз медорад, ки алҳол 20 нафар духтарон аз вай ҳунари зардӯзиро меомӯзанд.
Назар ба суханони профессор Наим Ҳакимов, мудири иҷроияи Маркази ҳунарҳо ва барномаҳои маърифатии шаҳри Хуҷанд, эҳё ва рушди ҳунарҳои дастӣ на танҳо бунёди ҷойҳои нави корӣ барои бонувон маҳсуб мешавад, балки боиси дар сатҳи чаҳонӣ муаррифӣ шудани ҳунари тоҷикон мегардад. Таври мисол, дар Арманистон, ки аҳолиаш наздик ба севу ним миллион аст, 26 коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз се ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Дар Олмон, Туркия, Ҳиндустон ҳунармандии дастӣ яке аз соҳаҳои манфиатбахши соҳибкорӣ маҳсуб меёбад. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон қонун дар бораи ҳунарҳои дастии мардумӣ қабул шудааст, ки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии фаъолияти косибиро ба танзим медарорад. Вале ҳунармандони мо то ҳол аз нигоҳи иҷтимоӣ беҳимояанд. Онҳо бидуни сабти расмӣ дар дафтарчаи корӣ фаъолият намуда, собиқаи кории онҳо ҳангоми ба нафақа баромадан ба назар гирифта намешавад. Аз ин рӯ, ҳунармандон маҷбур мегарданд тарки ҳунар намуда, ба кори дигар гузаранд. Дар дигар давлатҳо барномаҳои махсусе ҷиҳати дастгирии нерӯи содиротии ҳунармандон амал мекунанд, ки дар чаҳорчӯби он ҳунармандон метавонанд дастранҷи хешро бо нархҳои шоиста ба хориҷи кишвар бароранд.
Ҳунаристонҳо таъсис бояд дод!
Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳамагӣ як коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан фаъолият дорад. Ин дар ҳолест, ки дар ибтидои қарни бист танҳо дар шаҳри Хуҷанд на камтар аз 4500 дӯкону растаҳои ҳунармандӣ амал мекарданд. Этнографҳо мавҷудияи 103 навъи ҳунари омода кардани матоъҳоро собит кардаанд. Дар ин шаҳр гузари «карбосбофон», «абрабандон», «пиллакашон», «шоҳибофон», «гаҳворасозон», «читгарон» ва даҳҳо гузарҳои дигари ҳунармандон вуҷуд доштанд.
Наим Ҳакимов таъкид медорад, ки ҳоло вақти он расида, то дар шаҳрҳои дигари кишвар ҳунаристонҳои касбҳои мардумиро таъсис бидиҳем ва он нафаронеро, ки ҳомили ҳунарҳои нодири мардумианд, ба раванди таълиму тадрис ҷалб созем.
Алҳол созмонҳое чун Анҷумани миллии соҳибкорон фаъолият доранд, ки барои тарбияи насли ҷавони ҳунармандон иқдомҳои шоиста пеш гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Ғончӣ, Истаравшан, Ҷаббор Расулов курсҳои кӯтоҳмуддати зардӯзиро ифтитоҳ намудаанд.
Алҳол масъалаи доғи рӯз бекории бонувон аст. Аксарияти бонувони рустою шаҳракҳо бекоранд ва ё бар ивази маблағи ночиз ба корҳои сангину пурмашаққати саҳроӣ, чун каландзанию хишовакунӣ, пахтачинию хиштрезӣ машғуланд. Хуб мешуд, агар онҳо ҳунари зардӯзӣ биёмӯзанд. Муҳим аз ҳама, бонуи тоҷик, дигар аз пайи дарёфти як пора нон ба кишварҳои хориҷӣ сафар накардаву мавриди таҳқир қарор нахоҳад гирифт.
Тилав Расулзода