Ахиран, мо бояд ба саволе посух дарёбем, ки чаро санъати кинову театр рисолати аслии худро иҷро карда наметавонанд? Оё ҳамаи масъалаҳо ба маҳорати касбии онҳо иртибот дорад? Ё ҳолати иҷтимоии як ҳунарманд то куҷо ба обрӯву нуфуз ва ҳатто маҳорати касбии ӯ таъсиргузор аст?
Дар кишварҳои зиёде ҳаққи заҳмати ҳунари собиқадорони театру синамо нисбат ба ҷавонон зиёд аст. Дар Тоҷикистон бошад, баръакс, аз ҳисоби маоши ночизи эшон донишҷӯёнро ба кор ҷалб карданианд. Оё ин роҳи ҳалли масъала аст? Оё масъулини Вазорати фарҳанг акнун бо дили пур моро бовар кунонида метавонанд, ки пас аз ин театру синамои тоҷик сермухлис хоҳад шуд? Гумон аст! Зеро ба гуфтаи коршиносон вазъи иҷтимоии ҳар узви ҷомеа ба зиндагиву фаъолияташ бетаъсир нест. Масалан, дар солҳои шӯравӣ нафарони зиёде маҳз барои он ҳунарманд шудан мехостанд, ки онҳо вазъи иҷтимоии хуб дошта, обрӯ ва шӯҳратмандтарин ашхоси ҷомеа маҳсуб мешуданд.
Пас аз пош хӯрдани сохти шӯравӣ дар аксари ҷумҳуриҳо вазъ батамом тағйир ёфт. Бовуҷуд, масалан, дар Русия то соли 2008 аз рӯи унвон ҳунарпешаҳои хизматнишондода, халқӣ ва шоиста аз 18 000 то 23 000 рубли русӣ ҳаққулзаҳмат мегирифтанд. Илова бар ин барои иҷрои нақшҳои аввалиндараҷа 30000 рубл тақдим мешавад, ки дар маҷмӯъ то 50 000 мерасад. Маоши кормандони бе унвони театрҳои марказӣ бо иловаи сарпарастҳо ва ҳавасмандпулиҳо 30 000-35 000 рублро ташкил медиҳад.
Аммо ба қавли роҳбари театр, Ибодулло Машрабов, маоши ҳунарпешазанҳои собиқадори театрҳои мо ҳамагӣ 300-350 сомонӣ ва аз ҷавонон 150-200 сомонӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 50 фисади маоши кормандони собиқадорро кам карда, ин маблағро барои ҷалби ҷавонон ба маоши онҳо изофа кардаанд. Нафақаи калонсолтарин ҳунарпеша, Хайрӣ Назарова, ки 70-сол дар як театр фаъолият кардаву нақшҳои бешумор офаридааст, 400 сомонӣ мебошад. Бо ин маош оё онҳо зиндагиашонро метавонанд таъмин кунанд?
Хайрӣ Назарова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бо таассуф ёдовар шуд, ки ғайр аз маошу нафақа дигар ҳеҷ сарчашмаи иловагие надорад. Зеро бо сабаби нафақа баромадан, ӯро дигар барои офаридани нақшҳо даъват намекунанд.
«Дар солҳои шӯравӣ ҳунармандро аз рӯи истеъдоду нақшҳои офаридааш қадр мекарданд. Дар ҷои аввал ҳамеша собиқадорон ва шахсиятҳои маъруфро мемонданд. Масалан, вақте ман 80-100 сӯм маош мегирифтам, роҳбарияти театр маро маҷбур кард, то барои маошамро зиёд кардан, ариза нависам. Баъди ариза навиштан, маошамро 150 сӯм карданд, ки сарам ба осмон расид. 150 сӯми он замон ба 1500 сомонӣ баробар аст», – мегӯяд Хайрӣ Назарова.
Дар воқеъ, беҳтар намудани сатҳи намоишномаҳо ва зиндагии ҳунармандон аз роҳбарият вобастагӣ дорад, андеша доранд ҳунармандон. Ба гуфти собиқадорони театр, он замон қадри ҳунармандро коргардон, муаллифи асар, басаҳнагузоранда ва сатҳи зиндагии хуб, баланд мебардоштанд.
Аммо дар шароити феълӣ чӣ гуна як ҳунарманд метавонад дар танҳоӣ худаш тасмими нақши хубу намоишномаи беҳтарро бигирад?
Масалан, Майрам Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон вақте барои кам шудани маош эътироз намуд, кор ба ҷойе расид, ки то имрӯз на маошашро пардохт кардаанду на нафақаашро. Яъне ӯро барои зидди қарори роҳбарияти Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баромадан, «ҷазо» доданд. Назди вазири фарҳанг шикоят бурда, то ҳол посух нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи ҳуқуқшинос, Ширин Ибронова, роҳбарияти театри мазкур бо чунин амал ҳуқуқи шаҳрвандӣ, конститутсионӣ ва ҳам меҳнатии ҳунармандонро нақз кардааст. Зеро маоши онҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар аст, на аз даромади театр. Ҳуқуқшинос гуфт: «Барои ҷалби ҷавонон ба театр, роҳбар бояд аз имконият ва даромадҳои иловагии театр маоши онҳоро зиёд мекард, на аз маоши ҳунармандони собиқадор, ки солҳо дар рушди соҳа заҳмат кашидаанд. Аммо, агар театр даромад надошта бошад, бояд ба ҳукумат ё вазорати молия муроҷиат мекард, то буҷети театрро зиёдтар намоянд».
Аз ин рӯ, Ширин Ибронова изҳор дошт, ки вақте масъулини Вазорати фарҳанг чора намеандешанд, ҳунарпешаҳо метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.
Бояд ёдрас шуд, ки замоне театри тоҷикро ҳунарпешаҳое чун Хайрӣ Назарова, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Фотима Ғуломова, Дилбар Умарова, Гуландом Сафаралиева, Саврӣ, Соро ва Оят Сабзаалиеваҳо, Зулхумор Иброҳимова, Лутфӣ Зоҳидова ва Мавлуда Обидова бо ҳунару истеъдоди нотакрорашон хориҷ аз кишвар машҳур карда буданд. Ва маҳз онҳо то кунун сутуни театри мазкур буда, ҳатто дар солҳои душвортарин онро тарк накарданд.
Майрам Исоева нақл мекунад, ки солҳои ҷанги шахрвандӣ ҳунарпешаҳо ҳамагӣ 2 рубл («деревянский» ё пули русӣ мегуфтанд он замон)маошу нафақа мегирифтанд. Тамоми дороияшонро фурӯхтанд, то аз саҳнаи театр дур нашаванду театри тоҷик аз байн наравад.
Инро Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, соли 2011 дар як баромадаш низ қайд карда буд, ки театр дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёт ҳамеша паҳлуи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст.
Президенти Тоҷикистон зимни ифтитоҳи «Амфитеатр» дар иртибот ба нақши театр дар ҳаёти фарҳангии мардуми ҷумҳурӣ чунин изҳори назар намуда буд: «Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст. Зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона тарбият мебахшад».
Вале дар шароити феълӣ ҳам аз ҷиҳатӣ молӣ ва ҳам моддӣ дастгирӣ наёфтани соҳа, театру ҳунармандонашро то андозае дар назди бинанда беқадр кардааст.
Дар Русия низ то чанд сол қабл ҳамин аҳвол вуҷуд дошт. Яъне, пайваста сериалҳои хориҷиро тарҷума карда, намоиш медоданд. Акнун дар шабакаҳои телевизиони Русия ҳар як рӯз то чандин сериалҳои ватаниро пахш мекунанд.
Масалан, тибқи иттилои сайтҳои интернетии www.spr.ru ва www.zarplata.ru иҷрокунандаҳои нақшҳои асосии силсилафилми «Бедная Настя» ҳунарпешаҳои ҷавон - Елена Корикова ва Марина Александрова барои як рӯзи сабт 500 доллар мегиранд, ки он дар маҷмӯъ дар як филм то 100 000 долларро ташкил медиҳад. Ҳаққи заҳмати ҳунармандони собиқадор аз 2000 то 10 000 доллар барои як рӯзи наворбардорӣ аст. Донишҷӯёне, ки акнун дар театрҳо ба кор даромадаанд, 250-300 доллар барои якрӯза сабташон ҳаққи заҳмат мегиранд. Албатта, ин мисолҳо маънои онро надорад, ки ҳамин гуна маошро бояд ҳунармандони мо дошта бошанд, вале мақсад ин аст, ки оё маош ё нафақаи аҳли ҳунар мояи зиндагонӣ ва эҷоди онҳо шуда метавонад ё не?
Аммо ҳунармандони тоҷик мегӯянд, ки ин миқдор маошро ҳатто дар давоми сол орзу карда наметавонанд. Ин аст, ки Хайрӣ Назарова ва Майрам Исоева мегӯянд: ҳамон маошро (300- 350 сомонӣ) барқарор намоянду беминнат диҳанд, Худоро шукр мекунанд.
Ибодулло Машрабов, директори Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ин маврид чунин изҳори назар намуд: «Дар театри мо 21 ҳунарпешазан фаъолият мекунанд, ки ҷавонтаринаш 23 ва калонсолтарин 83 сола мебошанд. Бори асосии театрро асосан ҷавонон мекашанд. Барои ҳамин мо кӯшиш карда истодаем, ки барои ҷалби бештари онҳо шароит фароҳам орем. Маоши баландтарин 550 сомониро ташкил медиҳад. Ҳар се моҳ мукофотпулӣ низ мегиранд.
Бо қарори Шӯрои бадеии театрамон 6 нафар нафақагирони театрро, ки аз 75-сола боло ҳастанд, аз воҳиди корӣ гирифта, ба таври шартномавӣ гузаронидем. Инҳо нафароне мебошанд, ки фаъолияти бевоситаи корӣ надоранд. Бинобар ин, тибқи шартнома ҳар моҳ 150 сомонӣ маош мегиранд, вале ҳар дафъаи рӯи саҳна баромадан, ба онҳо иловапулӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат варзида, ҷамъулҷамъ ҳамон моҳонаи пешинаашонро мегиранд. Фақат воҳидҳои кориро ба хотири ба кор қабул кардани ҷавонон холӣ кардем».
Коршиносон ба ин назаранд, ки бо дарёфти сармоя метавон чанд масъаларо ҳал кард. Аввалан, ҳунармандон мақому мартабаи қаблиро соҳиб мешаванд. Дуюм, ҷомеа аз зери таъсири ғояҳои хориҷӣ раҳо мешавад.
Пас аз хуб шудани шароити молӣ имкон дорад филмҳо ва намоишномаҳои театрии муваффақ пайдо шаванду мардум низ рӯ ба театр орад. Тавре, ки таҷрибаи ҳамсоякишварҳо самари хуб дод… Имрӯз бояд мушкили молии театрҳо ҳалли хеш биёбад, то фармудаи шоири классик шиори имрӯзӣ нагардад, ки: «Ҳунар хор шуд, ҷодуйӣ арҷманд».
Саида Қурбонова