Намехоҳад ҳатто барои замоне миёни он ҳама хотираҳои рангини олами тифлӣ баргардад. Бо баробари зинда гардидани таърих сӯзи ҷигару дардҳои қалбаш рӯй мезананд. Гиря танг омада, ба фарёд водораш месозад. Он замон ҳамаро дошт. Падари ғамхору соҳибобрӯ намегузошт то духтаракаш миёни хонаи холиаашон лаҳзае худро танҳо эҳсос бикунад. Нозу неъмат, меҳрубониҳои наздикон заррае ба чашмонаш наменамуданд. Бо умеди «пагоҳ меояд, ҳафтае баъд меояд, соли дигар дар рӯзи таваллудат мунтазираш мешавем, мактабхон, ки шудӣ ҳатман бармегардад…», Онаҷони сесола бузург шуду дар орзуи дидани рӯйи модар, эҳсоси навозишу меҳрубониҳои ӯ, умре хира-хира ноаёну пинҳон сӯхт. Тӯли ин солҳо Онаҷон худ унвони баланди ҳамсариву модариро дарёфт, бибӣ шуду бибикалон, муаллимаи номдор шуду олимаи шинохта, аммо хумори ношикастаи даврони кӯдакӣ ҳамоно дар қалби захмбардоштааш боқӣ мондааст.
Падараш Азизқул Худойқуловро, ки солҳои дароз роҳбари ҳизби коммунисти ноҳияи Айнии вилояти Ленинободро бар ӯҳда дошт, ҳама мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Эҳтиромро падар на аз рӯи мансаб, балки аз рӯи соҳибмаърифату илмдӯст буданаш дарёфта буд. Модар дар солҳои мудҳиши «ҷанги гирмон» унвони баланди «муаллима»- ро, ки халқ сазовораш дониста буд, соҳиб гашт. Вақти тавлиди тифлаки чаҳорум сари фарзанд рафту падар бо кӯдакони кӯчак миёни чаҳоркӯчаи қисмат қарор гирифт. Аз рӯйи зарурати рӯзгор падар издивоҷ карду тарбияи кӯдакон бар зиммаи модарандар афтод. Модарандар бар хилофи модарандарони қиссаҳо бо ғамхориву меҳрубониҳояш дар дили кӯдакон ҷой гирифт.
Онаҷон мактаби деҳаро соли 1959 бо медали тилло хатм намуду бо дуои падар барои идомаи таҳсил ба Душанбе омад. Ин духтараки деҳотӣ якбора 5 имтиҳони дохилшавиро ба факултаи кимиёи Университети давлатии Тоҷикистон бо баҳои аъло супорида, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Баъди хатми донишгоҳ Онаҷонро ҳамчун лабаранти калони кафедраи кимиёи ғайриорганикӣ дар факулта ба кор қабул карданд. Соле чун омӯзгор фаъолият кард. Шавҳараш барои идомаи таҳсил ба аспирантураи шаҳри Москав роҳхат гирифту Онаҷонро зарурати баргашт ба деҳа пеш омад. Дар мактаби деҳа шогирдонро аз фанни кимиё дарс медод. Дар ин миён аз номи роҳбарияти донишгоҳ мактубе гирифт, ки бозгашти ӯро ба Душанбе барои идомаи кор дар факултаи кимиё талаб мекарданд. Бо ҳамин соли 1966 Онаҷон ба Душанбе баргашт.
Солҳо чун омӯзгори фаъолу пуркор машғули тадқиқоти илмӣ буд. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Омӯзиши хосиятҳои пайвастҳои комплексии молибден ҳамчун системаи модели шаклҳои мавҷудияти молибден ва рений дар слансҳои сӯзанда» дар шаҳри Ленинград ва рисолаи докториашро дар мавзӯи «Пайвастҳои комплексии молибден бо лигандҳои тиоамидӣ ва ҳосилаҳои пропанол-2» дар шаҳри Душанбе ҳимоя кардааст.
Имрӯз Онаҷон Азизқулова шогирдони зиёдеро дар байни аспирантону докторантҳо роҳбаладӣ менамояд. Олимони зиёди соҳаро ҳукми устодӣ дорад. Дигар бону Онаҷон Азизқуловаро на танҳо дар доираҳои илмии Тоҷикистон, балки хориҷи он низ чун доктори илмҳои кимиё, профессор ва ҳамчун олима-қаҳрамоне, ки бо баробари ҳамсару модар будан тавонистааст, даст ба пажӯҳишҳои мушкилу печидаи соҳаи кимиё бизанад ва дар бардоштани парда аз рӯйи чандин асрори илми кимиё муваффақ шудаву натиҷаҳои арзишмандеро дар илми кимиёи тоҷик соҳиб гаштааст, мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд.
Соҳиби оилаи хушбахт мебошад. Ҳамсараш Муҳаммадқул Халилов номзади илмҳои геологӣ, фарзанди калониаш Шавкатҷон Халилов - номзади илмҳои техникӣ, духтараш Муҳаббат Зарипова номзади илмҳои тиб, духтари хурдӣ Манижа Халилова духтури бемориҳои қалб, наберагон ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасбанд.
Айни замон бо сабаби мавҷуд набудани имконияти дар амал тадбиқкунии баъзе аз корҳои баанҷомрасида Онаҷон Азизқулова наметавонад бигӯяд, ки заҳматҳои кашидааш пурра самар доданду кашфиёташ дар ин ё он соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аммо олима ҳаминро медонад, ки замоне бо баробари пайдо шудани имконият кашфиёташро бар фоидаи халқ истифода мекунанд ва дилпур аз он аст, ки заминае барои ояндаи илми кимиё гузоштаасту рисолати пажӯҳишгариро назди виҷдон ба анҷом расонидааст.
Ҳеҷ шикояте надорад, ба ҷуз он ки мехоҳад шогирдонаш соҳиби лабораторияҳои муҷҷаҳаз бо технологияи замонавӣ бошанду пажӯҳишу омӯзишро дар сатҳи олимони ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.
Шогирдон дар атрофаш парвона ҳастанд. Имрӯз, ки устод 70 - сола мешавад, хавф аз он доранд, ки бигӯяд: «Ман дигар хаста шудам ва бояд истироҳат кунам», аммо устод бо дилпурӣ мегӯяд, ки рисолати олимиашро то замони ҷон дар бадан доштан идома медиҳад ва то имконият дар даст дорад аз шогирдонаш устод ва олим омода мекунад.
PS: Мо низ олимаи шинохтаи соҳаи кимиёи тоҷик Онаҷон Азизқуловаро бо 70-умин солгарди умри бобаракат шодбош гуфта, баҳрашон тансиҳативу хонаободӣ, сарбаландиву муваффақиятҳои беш аз пешро хоҳонем. Бошад, ки хурраму обод, саломату дилшод солҳо илми кимиёи тоҷикро саробон ва ҷавононро пуштибон бошед!
Гулноза