Имсол Гулрӯ Сатторова ғолиби озмуни «Директори сол» интихоб гардид. Бо ин баҳона мо ба шодбошаш шитофтему пойи сӯҳбаташ, ки бисёр ҷолибу омӯзанда буд, нишастем…
«Ман як рӯз, ҳатто як лаҳза аз мактабу шогирдон дур набудам ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо дур буда ҳам наметавонам», - мегӯд, Гулрӯ Сатторова.
Гулрӯ САТТОРОВА: “одоби шарқиёнаро мепазирам!”
• Гимназияе, ки Шумо роҳбариашро бар зимма доред, яке аз гимназияҳои беҳтарину овозадори ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, сирри ин ҳама муваффақият дар куҷост?
– Яке аз омилҳои асосии баланд шудани нуфузи таълимгоҳ, ин дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ кору фаъолият доштани ҷамъи омӯзгорон ва кормандони он аст. Агар фазои муассисаи таълимӣ фазои озод, тоза ва шаффоф бошаду омӯзгор бе ғараз, танҳо бо мақсади ба донишу омӯзиш ҷалб кардани кӯдак ба синф ворид гардад, ин обрӯю нуфузи ҳам худи ӯ ва ҳам муассисаи таълимиро афзун менамояд. Зиёд будани омӯзгорони собиқадору донишманди соҳа дар гимназияи мо, омили дигари маъруфияти он дар байни мактабҳои миёнаву гимназияҳои дигар аст.
Муассисаи таълимие, ки имрӯз аз он чун Гимназияи президентии №9 ёдовар мешаванд, 1-уми сентябри соли 1936 ба фаъолият сар карда, даҳҳо роҳбарон, садҳо омӯзгорон ва ҳазорон муҳассилинро ба канор гирифтаву бо амри тақдир ба ҳар самте равона кардааст.
Аз соли 2007 масъулияти роҳбарии ин муассисаи таълимӣ бар зиммаи банда вогузоршуда буд. Имрӯз таълимгоҳи мазкур 10324 муҳассилро дар оғӯш гирифтааст ва 56 нафар омӯзгорони донишманду таҷрибадор аз фанҳои гуногун ба онҳо дарс мегӯянд.
Ман ҳамчун роҳбар, ҳамчун директор кӯшиш мекунам, ки омӯзгорону толибилмони мо ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ бошанд, омӯзанд ва ҳар соату ҳар лаҳза донишу ҷаҳонбиниашон пешрафт кардаву такмил биёбад. Омӯзгорону толибилмони гимназия, ҳар сол дар озмунҳои гуногуни соҳавии «Муаллими сол», «Талабаи беҳтарин», «Роҳбари синфи беҳтарин», «Синфи беҳтарин», олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок карда, ҷойҳои арзандаро соҳиб мешаванд.
• Дар замони пешрафти техникаву технология, зарурати рӯйи кор омадани омӯзгорони ҷавон бо донишҳои хубу замонавӣ ба миён намеояд?
– Аз он хотир, ки раванди таълим дар гимназияи мо бо омӯзиши амиқи забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, дар вақти интихоби омӯзгорон мо ба чанд ҷиҳат, дониш, малака, таҷриба, забондонии онҳо аҳамияти хоса медиҳем. Ҳамеша мекӯшем, ки кадрҳои ҷавону болаёқатро низ ба кор ҷалб карда, аз ҳисоби онҳо мутахассисони ояндаи соҳаро тайёр намоем. Як хусусияти ба ҳама, аз ҷумла ба ман низ писанди кадрҳои ҷавони имрӯза он аст, ки онҳо дар ҷараёни кори худ аз техникаи муосир фаровон истифода мекунанд. Мутаассифона, имрӯз дар байни омӯзгорони собиқадор кам андар кам нафароне ёфт мешаванд, ки аз техникаву технологияи замонавӣ, хоса интернет, истифода карда тавонанд. Хуб мешуд, агар ҷавонон бо донишҳои пешрафта, аз методҳои ибратбахши омӯзгорони ботаҷриба, маслиҳату машварати онҳо, истифода намоянд ва омӯхтаҳоро дар амал сармашқи кори худ қарор бидиҳанд.
• Дар соҳаи мактабу маорифи кишвар, мушкили норасоии омӯзгорон аз ҳисоби мардон вуҷуд дорад, дар гимназияи шумо низ ин мушкил эҳсос мешавад?
– Бале, мо низ омӯзгоронро аз ҳисоби ҷинси мард кам дорем. Аз 56 нафар омӯзгор, танҳо 13 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Вақте ман дар мактаби миёнаи №52 (12 сол ба ҳайси директор) фаъолият мекардам, ҷонишини ман дар он ҷо мард буд ва ин дар кори таълиму тарбия, хоса нигаҳдории интизом дар мактаб бисёр кӯмак мекард. Албатта, ҳастанд занҳои роҳбаре, ки худашон саводи хуб, маърифату маданияти баландро соҳибанд, онҳо дар идоракунии ҷараёни таълиму тарбия ҷасорату ғайрати чашмрас нишон медиҳанд, аммо дар аксар мавридҳо ҳастанд тойифа муаллимаҳое, ки иродаашон суст аст, ё бо сабабҳои гуногун онҳо дар вақти кор ба саҳланкорӣ роҳ медиҳанд. Дар соҳаи таълиму тарбия агар як соат ё ҳатто агар як дақиқа ба саҳланкорӣ роҳ дода шавад, оқибатҳои нохубу вазнини он солҳо эҳсос мешавад…
• Аз нигоҳи Шумо мушкили рақами 1-и мактабу маорифи имрӯза кадом аст?
– Ба андешаи ман, бемасъулиятии падару модар, ки фарзандони болиғшудаашонро аз зери назорат дур мекунанд ва ба тарбияи онҳо таваҷҷӯҳ надоранд, мушкили рақами №1-и мактабу омӯзгор гаштааст. Агар аз нуқтаи назари педагогиву психологӣ назар андозем, даврони ба балоғатрасии фарзанд, бисёр давраи мушкил аст, ӯ дар ин давра ба муносибати фардӣ, меҳрубонии хоса ниёз пайдо мекунад. Дар ин айём бояд ҳамеша байни модару духтар, падару писар сӯҳбатҳои ошкоро сурат бигиранд. Аммо имрӯз бо сабабҳои гуногун, волидайн кӯдаконашонро ба аммаву тағо, бобову бибӣ, ҳатто ҳаққу ҳамсояҳо бовар карда, барои дарёфти пул ба Русия мераванд. Ман ҳамчун модар, ҳамчун модаркалон, ҳамчун омӯзгору роҳбари муассисаи таълимӣ намехоҳам, ки фарзандони болиғшуда аз зери назорати падару модар як дақиқа дур бошанд. Дар мавридҳои дар қайди ҳаёт набудани волидайн, ин фаҳмиданиву бахшиданист, аммо вақте волидайн дар ҳаёт ҳастанду тарбияи фарзанд, тақдири ӯро бар зиммаи шахсони ғайр вогузор мекунанд, ин нобахшиданист. Истифодаи аз меъёр зиёди интернет, шабҳоро дар дискоклубҳо рӯз кардани духтарону писарони болиғ, бисёр бад аст. Инро набояд фаромӯш кард, ки падару модар, ҷавобгӯи тақдиру ояндаи кӯдаконашон (хоҳ духтар, хоҳ писар) ҳастанд.
• Барои омӯзгори хуб шудан, хатмкардаи мактаби олӣ будан ҳатмист?
– Имрӯз танҳо як нафар омӯзгори гимназияи мо, хатмкардаи коллеҷи омӯзгорӣ бо дипломи аълост, боқимонда омӯзгорон ҳама хатмкардаҳои макотиби олӣ ҳастанд. Талаботи гимназияи мо чунин аст, ки агар омӯзгор коллеҷ ё омӯзишгоҳро бо тахассуси муаллими синфҳои поёнӣ ба итмом расонида бошад, имкони фаъолият карданро дар он дорад, аммо барои омӯзгори синфҳои болоӣ, доштани дипломи мактаби олӣ ҳатмист. Агар назари шахсии манро бигиред, ман бар он боварам, ки вақте маҳорату истеъдоди худододӣ дар шарёни хун ҷорист, бе доштани маълумоти олӣ ҳам шахс метавонад ва қодир аст, устоди хуб бошаду шогирдони босавод тарбия бикунад.
• Ҳастанд фанҳое, ки аз онҳо омӯзгорон намерасанд?
– Мо имрӯз норасоии мутахассисонро барои таълим дар синфҳои русӣ баръало мушоҳида мекунем. Дар донишгоҳҳои олии мо ба ғайр аз омӯзгорони фанни забон ва адабиёти рус, дар синфҳои тоҷикӣ, мутаассифона, омӯзгорони махсуси фанниро барои синфҳои русӣ омода намекунанд. Аз ин сабаб омӯзгорони фанҳои математика, информатика, физика дар синфҳои забони русӣ намерасанд.
• Волидайн дар интихоби мактаби хуб барои кӯдакон, солҳо азият мекашанд, ба андешаи Шумо ҳамчун мутахассис мактаби хубро аз рӯйи кадом нишонаҳо метавон муайян кард?
– Мактаби хубу арзандаро, аз ҳисоби омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷрибааш ё аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки бо методҳои махсуси омӯзиш шинохта шудаанд, муайян мекунанд.
Гулноза бобомуродова
Қайдҳои махсус:
«Директори сол»:
«Ҳанӯз соли 1999 вақте ман ба ҳайси директори мактаби миёнаи №52 фаъолият мекардам, аввалин иштирокчии озмуни «Директори сол» будам. Имсол низ баъди ғолибият дар миқёси ноҳия, ман иштирокчӣ ва ғолиби даври ниҳоии ин озмун будам...»
Ҳамеша мекӮшам:
«Бо собиқаи 40 солаи корӣ дар соҳаи мактабу маориф, ман мекӯшам, ки дар радифи дигар ҳамтоёнам, директорони пешсафу пешкори ҷумҳурӣ ва пойтахт қарор бигирам…»
Ҳолатҳои ғаму шодӢ:
«Вақте медидам, ки дониши толибилмон суст аст, фаъолияти омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯй нест, камбудиҳо зиёданд, беҳад мутаассир мешудам, ба фикр меафтодам, ки чи кор бояд кард, ки вазъ беҳбуд ёбад. Лаҳзаҳое ҳам буданд, ки аз дастоварду муваффақиятҳо хурсанд мешудам, завқ мебурдам, меболидам!»
Одоби тоҷикона:
«Аз баски таълимгоҳе, ки ман роҳбаришро бар ӯҳда дорам, дузабона асту ин ҷо қариб аксари толибилмон таҳти таъсири тарбияи аврупоӣ қарор гирифта буданд, аввалин тасмиме, ки ман баъд аз таъйин шуданам ба вазифа гирифтам, ҷорӣ кардани одоби шарқиёна, одоби тоҷикона дар ин муассисаи таълимӣ буд, ки фикр мекунам, муваффақ шудам!»
Хоҳишмандон зиёданд:
«Нафарони зиёде мехоҳанд, ки фарзандонашон, наберагонашон маҳз дар мактаби мо таҳсил бикунанд, аммо мутаассифона, имконият ҳарчанд, ки васеъу ҳаматарафа бошад, ҳам бемаҳдуд буда наметавонад, мо ҳам наметавонем аз меъёр зиёд муҳассилинро барои таҳсил қабул намоем…»