Зимни муҳокима қайд шуд, ки барои оғози кор аллакай 8,5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо шуда, то соли 2013 ҳамаи қишрҳои ҷомеа бояд омода карда шаванд. Аз соли 2014 ба пуррагӣ имтиҳоноти қабул аз рӯйи низоми мазкур сурат хоҳад гирифт.
Зарурияти ин иқдомро Маҳмадалӣ Ҷалилов, сармутахассиси Раёсати касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи кишвар чунин шарҳ дод: «Имрӯз вазорат зина ба зина барои баробаршавӣ ба низоми таҳсили ҷоҳонӣ кӯшиш карда истодааст. Ҳамчунин, мақсад аз ташкилу таъсиси низоми ягонаи супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ ҳам дар он аст, ки фаъолияти хуб ва пешравии назаррасро дар соҳаи маориф ва соҳаҳои дигар нишон диҳад. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ мутахассисони кордону оқил ва ботаҷрибаро мехоҳад. Аммо барои дарёфти чунин шахсон роҳбарон ва саҳми арзандаи онҳо дар ташкилу таъсиси чунин низоми таҳсил дар макотиби олӣ бениҳоят зарур аст».
Ба қавли ӯ, ин низом дар ҳоли амалӣ шудан қарор дошта, соли 2013 зинаи аввалини он ба нақша гирифта шудааст. Дар ин зина аввалан омода сохтани довталабон барои супоридани имтиҳони ягона сурат гирифта, баъдан 5 ҳазор довталаб ба имтиҳон қабул мегардад. Дар соли 2014 бошад, ҳама макотиби олӣ пурра ба фаъолият омода мешаванд.
Масъулин ба он боваранд, ки ин иқдом вазъи дохилшавиро барои довталабон осон карда, онҳоро аз заҳмати бисёр ва харҷи беҳудаи маблағ озод месозад.
Ҳамчунин, имтиёзи дигар барои довталабон дар он буда, ки фаъолияти шӯъбаҳои тестӣ дар ҳама ноҳияҳо ҷорӣ карда мешавад ва онҳо метавонанд дар нуқтаҳои наздиктарин имтиҳони худро супоранд.
Дар ҳамин ҳол, ташкилу таъсиси чунин низом то куҷо метавонад дар дохилшавии довталабон нақши мусбӣ бозад, алҳол номаълум аст. Аксар довталабон дар сурати ҷорӣ шудани ин низом таваккалиро ихтиёр мекунанд. Инро усули ба қавле кредитӣ дар бархе факултаву донишгоҳҳо исбот карда истодааст. Чун на муаллимон ва на донишҷӯён дар ин самт таҳкурсӣ надоранд, ҳангоми имтиҳонсупорӣ боз ҳам аз роҳҳои ришваситонӣ истифода мешавад.
Аз сӯйи дигар, мутахассиси баландпояро бояд аз таҳсили мактаби миёна тайёр кард. Зеро агар таҳкурсӣ пурқувват бошад, аллакай баъди хатми мактаб ба кадом самт рафтани довталаб маълум мегардад.
Директори бахши таҳсилотии Институти «Ҷамеаи кушод»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон Назархӯҷа Достамбуев низ дар ин мизи гирд қайд кард, ки пешниҳоди мазкур метавонад дар ҷаҳонишавї ва сифати баланди таълим мусоидат кунад.
Ӯ гуфт: «Бештари иштирокчиёни мизҳои муддавари гузашта ба он ақида буданд, ки ҳоло каме барвақт аст, барои ба ин низом гузаштан. Чунки дар дохили ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ин гуна низоми ягона гузаронида нашудааст. Вале агар мо барвақт гуфта, аз пайи амалигардонии он нашавем, мумкин боз даҳсолаҳои дигар аз рушду тараққиёти соҳаи маориф ақиб монем».
Воқеан, низоми кредитиро низ он вақт бо мақсади аз байн бурдани ришва ва рушди маориф гуфта буданд, аммо «рейтинг»-ҳои ҳар 6 ҳафта ва норозигии бештари донишҷӯёну омӯзгорон гувоҳи манфиатовар набудани низоми мазкур аст. Аз ин рӯ, агар ин низом ҳам монанди дигар низомномаҳои таълим самара надиҳад, пас ин кӯшиши беҳуда ва харҷи маблағҳои калон аст.
Зеро ба хотири ҷаҳонишавии сифати таълим ба мамлакатҳои пешрафта тақлид карда, хар рӯз як низомнома қабул кунему боз ҳам ришваситонӣ ва роҳҳои дигар истифода шавад, ҳеҷ гоҳ ба пешравӣ ноил намешавем. Аз ин рӯ, барои ба таври шаффоф ба роҳ мондани ин низом дар кишвар аввал бояд мавқеи омӯзгорро баланд бардошту фасодзадагии соҳаи маорифро барҳам зад, то боварии мардум ба фаъолияти он бештар гардад.
Ба қавли Сабзаалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази миллии тестӣ ҳадафи асосии ин низом интихоби одилона, дастрасии баробар ва ба таври шаффоф гузаронидани имтиҳоноти қабул мебошад.
Бояд қайд кард, ки мӯҳлати супоридани имтиҳонот тариқи ин низом дар тамоми донишгоҳҳо дар як рӯз сурат гирифта, натиҷаҳои санҷиш тариқи компютерҳо муайян мешавад. Довталабонро аз рӯйи қобилияташон ба факултаву донишгоҳҳои мувофиқ равон мекунанд.
Саида Қурбонова