Маросими таваллуди тифл дар бисёре аз халқҳо ҳокист, ки ба дунё омадани писар ба хонавода шодмонии бештаре меорад.Агарчи дар кӯҳистон анъанаи ба ифтихори таваллуди писар ба осмон тир холӣ намудани падар аз милтиқи шикорӣ акнун фақат дар ёдҳо боқӣ мондааст, аммо нидоҳои муборакбодии «шоҳписар муборак»-и дояҳо ва хешовандону ҳамсояҳо ва чеҳраи хандони падар дар ин маврид баёнгари он аст, ки рӯзи мавлуди писар назар бар духтар бо хурсандӣ ва шукӯҳи бештаре дар хонадон таҷлил мешавад.
Пирони кӯҳистон мегӯянд, ки агарчанде муносибати нобаробар ба писару духтар аз рӯзи мавлуд ҳанӯз дар бархе аз маворид эҳсос мешавад ва падарон одатан аз писарон интизороти бештаре доранд, аммо посухи зиндагӣ ба суоли «кист нози падар: писар ва ё духтар» якранг набудааст.Ин фалсафаи зиндагӣ дар абёте ҳам бозтоби хешро ёфтааст, ки « басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад, ба пешаш сад писар мӯҳтоҷ гардад». Дар афсонаҳо ҳам дучор меоем, ки барои сиҳат ёфтани падар ва овардани оби ҳаёт ҳафт писар оҷизӣ мекашанд, вале духтари ягона либоси баҳодурӣ ба тан карда, бо паси сар кардани машаққатҳои зиёд хостаи падарро ба иҷро мерасонад.
Аммо бармегардем ба ҳикмати пирони кӯҳистон, ки ба қавле аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардоштаанд.Сокини кӯҳансоли деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон Ғарибмамад Мамадҳусайнов муҳаббати духтарро нисбат ба падар гармтар ва қавитар ёфтааст.Ба қавли вай волидон одатан меҳрубонӣ ва дилсӯзии духтарро бештар эҳсос мекунанд.Зеро иҷтимоъ тавре ҳаст, ки муҳаббати писар ба волидайн бо зан гирифтан ва оила бунёд кардан ду тақсим мешавад. Як фарди солманди дигар дар ин маврид илова кард, вақте зиндагиашон серу пур буд, духтар аз хонаи онҳо ба хонаи шавҳараш мебурд, вале чун рӯзҳои сахте барои хонадонашон фаро расиданд, духтар имкониятҳои шавҳарашро барои беҳбудии рӯзгорашон истифода кард, дар ҳоле, ки писаронаш сирф ба мушкилоти хонаводаҳояшон банд буданд.
Аммо журналист Лутфишои Қиматшо дар мавриди тарҷеҳ додан ба писар ва ё духтар дар мавриди парастории волидон мегӯяд, ки ҳама ба тарбияи фарзанди солеҳ вобаста буда, муҳим нест, ки кадоме аз онҳоро худованд ба падару модар ато мекунад. Ман писари ягонаи падар будам, аммо барои падар тавре хизмат кардам, ки фикр мекунам, меҳрубонӣ ва дилсӯзии ҳам писар ва ҳам духтарро эҳсос мекард.
Ба фикри собиқадори меҳнат Мирзошои Лутфишо ғамхорӣ дар ҳаққи падару модар пеш аз ҳама вазифаи писар аст, зеро вақте духтар ба шавҳар мебарояд ва ба хонаводаи нав мекӯчад, ғамхорӣ дар ҳаққи шавҳар ва волидони наваш барояш муқаддамтар мегардад. Падару модар аз хушбахтӣ ва саодати духтар худро саодатманд ва хушбахт меҳисобанд ва бештар ба дастгирии маънавии духтар ниёз доранд.
Аммо сокини Хоруғ бибии Давлатмо аз воқеияти талхи таззодомези ду нафар афроди шиносаш қисса кард, ки яке соҳиби шаш писар буд ва дигаре панҷ духтар дошт, ки барвақт аз навозиши модар бенасиб монданд. Писардор ҳамсояашро нимшӯхиву нимҷиддӣ ба зан гирифтан ташвиқ мекард ва мегуфт, ки шояд ин дафъа зан туро писардор кунад. Аммо падар духтаронашро дӯст медошт ва намехост бо овардани модарандар ба хона дили духтаронашро озурда созад.Бо гузашти айём писарони падар ҳамаашон ноқобил баромаданд ва бо қазияҳои гирифтории маводи мухаддар ва олудаи аъмоли дигари ношоиста зиндонӣ ва пас аз беморӣ фавтиданд.Писари охирин, ки бо падар мухолифат меварзид, дар садамаи нақлиётӣ ҳалок гардид ва падари доғ бар дил пурармон дунёро падруд гуфт.Аммо падари дигар то охири умр аз ғамхории духтаронаш бархурдор буд ва духтаронаш ӯро барои табобат дар чашмаҳои шифоии минтақа сайр медоданд ва барояш ба ҷойи писар ҳам хизмат карданд.
Вале ба гуфтаи иддае аз занони рӯзгордидаи ҳамсӯҳбатам дар ҳар ҳолат меросбари падар ва давомдиҳандаи ҳунару анъанаи хонаводагӣ писар аст ва он рисолате, ки бар дӯши писар меафтад, духтар наметавонад иҷро кунад.
Аммо як пири кӯҳистонӣ дар посух ба ин баҳс афзуд, тибқи фармудаҳо хушбахттарини мард касе ҳаст, ки се чиз дошта бошад–моли ҳалол, зани солеҳ ва фарзанди нек. Муҳим нест, ки ин фарзанд писар бошад ва ё духтар. Агар фарзанд нек бошад, падар ва модар ба саодати ду дунё мушарраф хоҳанд шуд. Дар акси ҳол онҳо доғеро бар дил хоҳанд дошт, аз аъмоли фарзанди бадхоҳ, хоҳ вай духтар бошад, хоҳ ё писар. Аммо «ҷигар ҷигар асту дигар-дигар» ва волидон дар зиндагӣ якеро аз дигаре кам намедонанд ва аз писару духтар умеди баробари баҳра бардоштан аз самараи умрашонро интизор доранд.
Ш. Мирзоҷалол