Аз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол мегузарад, вале то ҳанӯз минтақаҳое ҳастанд, ки дар он ҷо «дуҳокимиятӣ» ҳукмрон аст. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд шаҳракҳое бо номи «Плотина» ва «Горный» вуҷуд доранд, ки дар онҳо теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ҷумҳурии ӯзбекистон кору зиндагӣ доранд. Фарзандони онҳо дар мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳраки Плотина таҳсил доранд, ки марбут ба шӯъбаи маорифи шаҳри Бекободи вилояти Тошканд аст. Таълим дар он бо забони ӯзбекӣ, аз рӯйи расмулхати лотинӣ, тибқи барномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурии ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Дар ин таълимгоҳ теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд. Онҳо забони давлатӣ, суруд парчами миллӣ ва дигар муқаддасоти Тоҷикистонро намедонанд ва дар рӯҳияи муҳаббат ва ифтихор ба муқаддасоти кишвари ҳамсоя тарбият мешаванд.
Дар маҳаллаи тоҷикнишини шаҳраки Плотина таври тасодуф бо Нилуфар – духтараки ӯзбектабори спитаменӣ вохӯрдем. Вай 11 сол дошта, толибилми синфи 5-и мактаби миёнаи №4-и шаҳраки Плотина мебошад. Нилуфар забони тоҷикиро намедонад. Мо аз ӯ бо забони модарияш мепурсем:
– Оё ту суруди миллии Тоҷикистонро медонӣ?
– На, – мегӯяд ӯ.
– Суруди миллии ӯзбекистонро чӣ?
– Медонам.
– Ку бихон:
«Серқуёшҳурулкам, элга бахт нажот,
Сен узинг дӯстларгаюлдош, меҳрубон,
Шӯҳратингпорласинтоки борҷаҳон
Олтин бу водийлар,ҷон ӯзбекистон!»
– Нулуфар, агар дар шаҳраки шумо Тоҷикистон мактаби наве бунёд кунад, ба он меравӣ ва ё таҳсилро дар мактаби рақами 4 идома хоҳӣ дод?
– Ба мактаби Тоҷикистон меравам.
– Чаро?
– Барои он ки Ватанам аст.
Дар ин вақт савори дучарха Шӯҳрат Соҳибов ном ҷавони 18- сола, ки худро тоҷик меҳисобад, ба истиқболи мо омад. Аз ӯ пурсидем, ки таҳсилкардаи куҷост ва то чӣ андоза забони давлатиро медонад? Шӯҳрат иброз дошт, ки синфи 9-ро дар мактаби раками 4 ба итмом расонидааст. Ва чун мактаб 9-сола аст, вай натавонистааст, таҳсилро идома бидиҳад.
– Агар туро ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон даъват бикунанд, чӣ кор хоҳӣ кард? – суол мекунам аз ӯ. Охир, на забони давлатиро медонӣ ва на расмулхати кириллиро.
– Ман дар ин бора наандешидаам.
– Пас, орзуи идома додани таҳсилро дорӣ?
– Хати кириллиро намедонам. Аз ин рӯ, ба мактабҳои Тоҷикистон рафта наметавонам. Шояд ба ягон омӯзишгоҳ дохил шуда ҳунар омӯзам.
Аҷиб, гӯё дар омӯзишгоҳ хати лотинӣ ба кор меояд.
Шӯҳрат Соҳибов сокини шаҳраки Плотина аст. Вай чанд муддат қабл аз ноҳияи Fончӣ ба ин ҷо кӯч бастааст. Шӯҳрат аз он мушавваш аст, ки агар аҳвол бад-ин тартиб идома ёбад, сарнавишти наберагонаш тирагун хоҳад буд. «Ман намехоҳам, ки наберагонам дар рӯҳияи бегонапарастӣ тарбият шаванд», – арз медорад Шӯҳрат. Бинобар он ҳар боре, ки нафаре аз ноҳия омад, мо ба ӯ ин масъаларо дар миён мегузорем. Вале омадагон сӯҳбат мекунанду мераванд. Ҳоло барои мактаббачагон роҳи ягона – ин рафтан ба деҳаи наздиктарини Қӯштегирмон аст, ки масофаи он беш аз 6 км- ро ташкил медиҳад. Нархи роҳкиро барои як нафар ду сомонӣ аст. Яъне рафту омад дар як рӯз барои як нафар 4 сомонист, ки ин бори гаронро на ҳар оила метавонад бардорад.
«Имсол дар мактаби рақамҳои 10 ва 31-и деҳаи Қӯштегирмон якададӣ синфҳои тоҷикӣ таъсис дода шудаанд, ки хоҳишмандон фарзандони худро ба он дода истодаанд, – мегӯяд котиби ҷамоати Қӯштегирмон Гулчеҳра Саидова. – Хоҳишмандони синфҳои тоҷикӣ бисёранд, вале алҳол мутахассисон намерасанд. Волидон аз он хавотиранд, ки фарзандони онҳо бо гирифтани шаҳодатномаи синфи 9-и мактаби №4-и ӯзбекистон ба ҳеч як мактаби Тоҷикистон дохил шуда наметавонанд. Зеро алифбои кириллиро намедонанд. Баъдан, роҳбарияти мактаби мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон баъзан шаҳодатнома неву маълумотнома медиҳанд, ки он ба ҳеҷ кас даркор намешавад. Бинобар ин, бо дастури роҳбарияти ноҳия толибилмоне, ки мехоҳанд аз мактаби рақами 4-и «Плотина» ба мактабҳои Тоҷикистон бигзаранд, ба як синф поёнтар қабул карда мешаванд. Ҳадаф аз он омӯхтани хати кириллӣ ва мутобиқ шудани хонандагон ба барномаҳои таълимии кишвар аст».
«Мо бунёди як мактабро ба Барномаи рушди деҳоти Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳраки Плотина шомил кардаем, – идома медиҳад Гулчеҳра Саидова. – Зеро дар ин ҷо аққалан бояд чанд синфи ибтидоӣ таъсис дода шавад. Аз мушкили набудани мактаб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Назира Турдиматова бохабаранд.
«Агар Ҳукумати Ҷумҳурӣ заминеро дар ҳудуди шаҳраки Плотина барои бинои мактаб ҷудо намояд, мо омода ҳастем ҳатто тавассути ҳашар онро бунёд кунем, – таъкид медорад раиси ҷамоати Қӯштегирмон Шавкат Қодиров. Одамон дар сӯҳбатҳо омодагии хешро борҳо иброз доштаанд».
Дар шаҳраки Плотина 640 ва дар шаҳраки Горный бошад, 265 нафар сокинони Тоҷикистон ва мутаносибан 970 ва 211 нафар сокинони ӯзбекистон иқомат мекунанд. Ҳамчунин дар ҳудуди ин шаҳракҳо 18 нафар шаҳрвандони бетабаа зиндагӣ доранд. «Ин ҳамон шаҳрвандонеанд, ки то ин авохир шаҳрванди ӯзбекистон будаанд, вале ё худашон, ё волидони онҳо дар Тоҷикистон таваллуд шуда, дар ин кишвар хешу табор доранд, – шарҳ медиҳад Гулчеҳра Саидова. – Дигар шаҳрвандони ӯзбекистоние, ки дар ҳудуди шаҳракҳои «Плотина» ва «Горный» зиндагӣ мекунанд, нияти қабул кардани шаҳрвандии Тоҷикистонро надоранд».
Дар ҳудуди шаҳракҳои «Плотина» ва «Горный» ягон муассисаи фарҳангию варзишии марбут ба Тоҷикистон фаъолият наменамояд. Китобхона, дӯкони рӯзномафурӯшӣ, маҳфилгоҳ, кинотеатр, гурӯҳи ҳунарӣ нест. Мардум барномаҳои садо ва симои Тоҷикистонро озоду роҳат гӯш ва тамошо карда наметавонанд. Дар «Плотина» як бунгоҳи тиббие ҳаст, ки дар он ҳамагӣ як нафар ҳамшираи шафқат кор мекунад. Бинои замоне боҳашамати Кохи фарҳанг имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Шаҳрвандони ӯзбекистонии муқими «Плотина» дар корхонаҳои саноатии шаҳри Бекобод кор мекунанд. Онҳо ҳар субҳ тавассути мошинҳои хеш, ки рақамҳои ҷумҳурии ӯзбекистонро доранд, ба кор мераванду меоянд. Барои рафту омади онҳо ягон монеае вуҷуд надорад. Вале раванди гузаштан ба марзи кишвари ҳамсоя барои спитамениён баъзан мушкилот эҷод мекунад. Сокинони шаҳраки Плотина ба мо изҳор доштанд, ки сарҳадбонони ӯзбек аз рӯйи табъ кор мекунанд. Агар табъашон хира бошад, касеро аз шаҳрвандони чи ӯзбекистону чи Тоҷикистон, соатҳо гузаштан намемонанд. Вале мардуми одӣ ба умеди рӯзҳои хушу муносибати неки зимомдорони кишвари ҳаммарз ба ҳамааш сабру таҳаммул мекунад.
Сокини деҳаи Плотина Эргашой Соҳибоваи 52-сола арз дошт, ки намедонад ба куҷо рафта кор кунад. «Ба як хоҷагии деҳқонӣ баромада кор кардем, – шиква дорад ӯ. Заминро ду маротиба каланд кардем, ягона намудем, чеканкаашро ба сомон расонидем. Вале барои ин кор як дирам ҳам нагирифтем. Саркор мегӯяд, ки пул нест. Fӯзапояашро мегиред. Соли гузашта ҳатто ғӯзапояаш ҳам ба мо нарасид».
Ҳини бозгашт аз шаҳраки «Плотина»дар сари роҳи калон теъдоди зиёди наврасони 15-16- солаеро дучор шудем, ки фориғболона ҳаёҳуйкунон аз кадом як маҳфиле бармегаштанд. Пурсидем, ки миёнатон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд? Чанд нафар бачагон иқрор шуданд, ки тоҷикистонианд, вале забони давлатиро намедонанд. Онҳо ҳатто ба оддитарин суол, ки ноҳияи Спитамен ба кадом вилоят шомил асту Президенти Тоҷикистон кист, посухи мусбат дода натавонистанд. Пас ин насли манқурт, ки на ҳофизаи таърихӣ дораду на саводу дониш ва на ифтихори милливу на муҳаббат ба Ватан, ба кӣ ва дархури чӣ хоҳад шуд?
PS. Барои дарёфти посух ба ин савол мо борҳо ба кормандони масъули Вазорати маориф мактубҳо навиштему занг задем, вале муроҷиатҳо ҳамоно бенатиҷа монданд. Иқрор бояд шуд, ки мо натавонистем ин мавзӯъро ба худи ҷаноби вазир матраҳ бикунем. Шояд ҷаноби вазир баъди мутолиаи мақолаи мо худ дар ин маврид иқдоми нек хоҳад гирифт? Ё чун ҳамеша умед танҳо ба Президент аст?
Тилав Расулзода