Сол то сол бо баҳонаи сурудҳои эстрадӣ баъзе овозхонҳои тоҷик ба андозае ин соҳаро коста кардаанд, ки дигар ҳар чизе пеш омад, месароянд. Бо вуҷуди он ки гоҳ-гоҳе ин «суруд»-ҳо мавриди таҳлил ва танқид қарор мегиранд, аммо боз мебинӣ, ки маҳз ҳамон овозхон бо чунин сурудҳо унвону ҷоиза мегирад.
Масалан, албоми Фирӯза Ҳафизова бо унвони «Шаҳзодаи ман», ки аз 15 суруд иборат буда, аксари сурудҳояш ба истилоҳ «дуздӣ» ва каммазмуну бемантиқанд. Чортои он копӣ шудаанд: «Шабҳо ба майхона»-и Маҳастӣ, «Азми сафар мекунам»-и Аҳмади Зоҳир, «Дилам дук-дук мекуна» ва «Каҷакабрӯ» аз овозхонҳои афғон мебошанд. Ҳамчунин, чор суруди ин албомро бо хонандаҳои афғон сурудааст: «Қатаған», «Лавҳаи ошиқона», «Ёри тоҷикӣ» дар якҷоягӣ бо Забӣ Истолифӣ ва «Чашма» бо Ҷавод, яъне онҳо низ моли мардуми дигаранд.
Аммо соли равон Вазорати фарҳанг озмуне баргузор карду дар он як қатор ҳунармандони арзандаву ноарзандаро ба унвонҳои «Беҳтарин сарояндаи сол», «Беҳтарин албом», «Беҳтарин клип», «Беҳтарин дуэт» ва ғайра сазовор донист. Ва албоми овозхони мазкурро «Беҳтарин албом» ба унвони эълон кард. Дар ҳамин ҳол, кӣ онҳоро «беҳтарин» интихоб кардааст, номаълум. Агар танҳо интихоби Вазорати фарҳанги ҶТ бошад, пас вой бар ҳоли санъати тоҷик!
Аммо Фарҳоди Милод, ки дар омода кардани албоми Фирӯза Ҳафизова саҳм дорад, онро ба ҷоизаи «Беҳтарин албом» арзанда медонад. ӯ зимни сӯҳбат бо мо гуфт: «Албом арзанда мебошад, чун он пурра аст. Барои омода шудани чандин суруд дар ин албом дасти мо ҳам расидааст. Дар ҳақиқат Фирӯза меҳнат мекунад. Ман зиёд шунидаам, ки вақте аз ҳамаи овозхонон суол мекунед «ба чӣ кор машғулед?» посух медиҳанд, ки «сари албомам кор мекунам». Аммо онҳо албом нестанд».
Ҳамчунин, ба қавли Фарҳоди Милод, агар ин албомҳо пайдо шаванд ҳам, мебинед, ки аз моли дигарон ҳам «истифода» шудааст. «Фирӯза сирфан суруди худро тайёр мекунад ва албомаш ҳам ба ҳамин минвол аз худаш аст» – андеша дорад ӯ.
Ҳарчанд, хостем дар ин маврид андешаи худи Фирӯзаро низ пурсон шавем, вале телефони ӯро гоҳе духтараке бардоштаву худро ҷиянаш муаррифӣ карда, «Фирӯза нест» мегуфту гоҳи дигар продюссераш.
Ба гуфтаи продюссери Фирӯза, ӯ ба кадом кори «муҳим» банд будааст, ки муддати 1 моҳ ҷойе мусоҳиба кардан намехостааст. Аҷиб ин аст, ки аксари «ситораҳо» бо дигарон гуфтугӯйи телефониро ҳам ҳайф медонанд. Телефони ҳамроҳи онҳоро низ дигарон ҷавоб мегӯянд. Шояд ин, нишонаи «бузургӣ»-и онҳост?
Ба қавли Набӣ Ҷалолов, сарвари Муассисаи давлатии маркази эҷодии «Илҳом»-и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва роҳбари тантанаи ҷоизасупорӣ:
– Аслан ин маърака «Суруди сол» набуда, балки тантанаи ҷоизасупории беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар он аслан ҳунармандони соҳаи эстрадаи Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ шуда, соҳиби ҷоиза гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, агар албоми «беҳтарин»-и Фирӯзаро бо диққат гӯш кунед, аксари сурудҳои мазмунан ғамангез бо «ритм»-и баланд ва хушҳолона суруда шудаанд. Фирӯза ҳангоми хондани онҳо хушҳолӣ мекунаду мерақсад. Масалан, таронаи «Зи баъди мо»:
«Зи баъди мо на саробон, на хона мемонад,
Ҳамин ғазал, ки сурудам, нишона мемонад»
мусиқиаш аз суруди «Ошиқам ошиқ ба рӯят»-и Аҳмад Зоҳир аст, ки бо чанд оҳанги дигари ин овозхон омехта, баланду мисли рақсӣ садо медиҳад. Фирӯза бошад, зери чунин сурудҳои мазмунан ғамангезаш давидаву парида хушнудии мекунад. Ҳатто ӯ аз эҳсоси хушҳолии зиёд гоҳе ҳам фаромӯш мекунад, ки чӣ хонда истодааст. Масалан, дар таронаи дигараш бо номи «Кист ӯ?»:
Кист, кист ӯ ба ту моҳил нашавад,
Кист, кист ӯ ба ту қоҳил нашавад…
Дар ин суруд гумон меравад, ки сароянда маънои сурудро сарфаҳм нарафта мехонад. Зеро ин ҷо талаффуз хато аст. Яъне, «моҳил»-у «қоҳил» не, балки «моил» ва «қоил» бояд бошад.
Ҳамчунин, тибқи таҳлили шоир Хайрандеш дар суруди «Шаби боронӣ» ҳам мисраъҳо парешону бе қофия аст. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд:
Шаб ёди ту кардам, ҷигарам месӯзад,
Дил дар ғаму ман аз ишқи ту месӯзам.
Шаб нима гузашт ёрум аз роҳ нарасид,
Сӯхтай ҷигарум гоҳ баалам месӯзад.
Шоир Хайрандеш бо боварӣ иброз дошт, ки: «ҳар мисраи он аз дигар шеър гирифта шудааст. Дар ин мисраъҳо радиф ҳасту қофия нест. Маҳз овозхонҳои мо аз рӯйи нодониашон радифҳоро қофия гумон карда, мехонанд, аммо хато мекунанд».
Хайрандеш ҳамчунин гуфт: «Як хатои бузурги сарояндаҳои мо дар он аст, ки аз чанд шеър мисраъҳои гуногунро гирифта суруд месозанд, ки дар натиҷа суруд бемаъно ва шеър бевазн мешавад. Инро метавон хиёнат ба адабиёти бойи мо гуфт. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки ҷойе на аз муаллифи матн ва на мусиқӣ зикр намешавад?
Воқеан, дуруст аст, ки аксари сарояндагони навбаромади мо на сурудро дарк мекунанду на мусиқиро. Зеро аксари онҳо ҳатто маълумоти миёнаи мусиқӣ надоранд. Ва ба гуфти Фирӯза Ҳафизова, агар сурудхониатон ба ягон дугонаатон маъқул ки шуд, фарқаш нест, ту овоз дорӣ ё не, маънии мусиқиву сурудро мефаҳмӣ ё не, шавқи сурудхонӣ дорӣ ё не. Бояд сароянда шавӣ!
Инҷо гуфтаи худи Фирӯзаро аз як мусоҳибааш дар сомонаи «Pressa.tj» барои иқтибос меорем:
– Ба олами рақс чӣ гуна омада будед, устодатон кӣ буд ва чӣ боис гардид, ки рақсро гузошта овозхон шудед? – мепурсад рӯзноманигор.
Посух: – Аз хурдӣ рақсро дӯст медоштам, вале ба сурудхонӣ рағбат надоштам. Соли 2007 миёни дугонаҳоям баҳс шуду шӯхиомез овозхонӣ кардам. Маъқулашон шуду гуфтанд: «Овозхонӣ ба ту мезебад».
Ва ҳамин боис шуду тақдир маро бо олами сарояндагӣ пайваст.
Ҷойи дигар Фирӯза мехонад:
Аз замин то бар само ман рӯзе дорам айяяяй…
Аз тулӯъ то шомҳо ман месароям вай, вай вай…
Ана нанана ман, Фирӯза ман,
Бинед ҳама рақсидану бозидани ман.
Рӯзи як аз меҳрубонӣ, рӯзи ду аз муҳаббат,
Рӯзи севу чору панҷаш ин ниҳони то абад.
Ба гуфтаи шоир Хайрандеш, дар ин мисраъҳо хостанд гапи нав гӯянд, вале натавонистаанд. Беҳунарона баромадааст. Ин мисраъҳо на маъно ва на қофия доранд, ки тамоман масхараи суруд аст.
Ҳамчунин, ғайр аз он ки суруд маъно надорад, дар клипи ин суруд либоси тамоман дар бадан часпидаи сароянда ба гуфти фарҳангшиносон, ба меъёрҳои шарқиёна тамоман рост намеояд.
Ёрум медона, дили маро ёрум медона,
Печу хами манзили маро ёрум медона.
Дубора ошиқ шудам ба ёри хона,
Ошиқи лоиқ шудам, нагир баҳона.
Ин мисраъҳо ҳам аз яке сароидаҳои Фирӯза мебошад, ки на ба шеър монанд асту на ба суруд. Дар ин тарона шояд овозхон барои дар оҳанг даровардани матн калимаҳоро тағйир додаст ё суруд воқеан хато аст. Ё шояд манзили овозхон «печу хам» дораду «баҳона»-ро танҳо ӯ «гирифта» метавонад, вале дар вазни шеърӣ он нодуруст аст.
Хайрандеш мегӯяд: «Агар инҷо «печу хами роҳи манзили маро ёрум медона» мебуд, андеша дурусттар мешуд ва «баҳона»-ро гирифта намешавад. Баҳонаро ё мекобанд ё баҳона мекунанд».
Бар замми ҳамаи ин, Фирӯза суруди дигаре ҳам дорад, ки боиси вокунишҳои манфӣ дар ҷомеа гардидааст. Ин суруди афғонии «Қатаған» мебошад, ки дар он васфи бачаи қатағаниро мекунад. Дар луғатҳо омадааст, ки «қатаған» як қабилаи туркҳост. Дар Хатлон низ дар қадим бо ин ном қабилае будааст, ки бо роҳзанию дуздӣ машғул буданд. Аз зулми онҳо мардуми деҳот ба ҷойҳои дигар мекӯчидаанд. Инро шоир Хайрандеш бо ду мисраи машҳур миёни мардум, чунин ифода кард:
Ҳарҷо, ки расид пойи аспи қатаған,
Не зинда ватан ёбаду не мурда кафан.
Вале дар сурудаи Фирӯза омадааст:
Қатағани сози мо,
Бишнавид овози мо.
Ба нағмаҳои қатағанҷон,
Пайдо карда рози мо.
Ҳастам булбули чаман,
Хушам меояд қатаған.
Ба қавли Хайрандеш: – «Қатаған» дар Афғонистон як мавзеи машҳур аст. Ҳамон одамоне, ки сарояндаро дастгирӣ кардаанд, шояд аз ҳамонҷоянд». Ба андешаи ман хондани ин суруд беодобӣ ва ноҳурматӣ нисбати миллати тоҷик ва ба Ватан аст – меафзояд шоир.
Хайрандеш мегӯяд, хондани ин суруд надоштани ифтихори миллии ин ҳофизаро нишон медиҳад.
Албатта, инро худи сарояндаи ин суруд инкор накардааст ва дар сӯҳбати бо «Pressa.tj» кардааш иқрор мешавад, ки: «Ҳар сурудеро, ки ба мо маъқул аст ё супориш медиҳанд, мехонем. Ба маънои пасипардагии он кор надорем».
Бо вуҷуди ин, Фарҳоди Милод мегӯяд, ки: «Албом ҳам мисли китоб аст. Овозхон бояд сари он кор кунад. Бояд сужа дошта бошад. Кас вақте гӯш мекунад, бояд ба олами овозхон ворид шавад. Яъне андешаҳои ӯро хонад. Хуб, то куҷо албоми мавриди сӯҳбати мо ба ин дараҷа аст, худи мухлисонашон қазоват кунанд».
Албатта, шунаванда хулосаи худро баровардааст, аммо масъулини эъломи «Беҳтарин албом» пеш аз он ки суруд ё матнеро ба ҷоизаи вазорат сазовор донистанӣ мешаванд, бояд аз сурудҳое назири «Қатағанҷон»-у «Аййайай» маънӣ биҷӯянд ё на?
Шояд нафароне ҳам пайдо шаванд, ки бигӯянд интихоби матни суруд кори инфиродии сароянда аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки фарҳанг низ рисолати тарғибгарӣ дорад ва тарғиби бефарҳангӣ ба воситаи он, хилофи рисолати санъаткориву фарҳанг аст.
Овозхон Фирӯза Ҳафизова бо доштани ҳунари хуби шояд саҳнаоройӣ ё «артистизм» агар ба интихоби матни хуб ва дарки маънӣ аз радиову телевизион ва саҳнаҳои ҳунарии кишвар ба шунавандаву тамошобин фарҳанг ва шеъру маъниҳои хубро тарғиб мекард, ҳам мухлисон баҳра мебурданду ҳам обрӯи худу санъати миллии моро боло мебурд. Вале...
Ба андешаи аксари мардум, тарғиби бемазмунӣ хоса, аз шеъру фарҳанги бегона, тариқи дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, хилофи мантиқ аст.
Бонуи СафаралӢ