25
Ноябр, 2024
Душанбе
25
Ноябр, 2024
Душанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
БОНУИ КИМИЁГАР
Муаррифӣ:
Мубашширхон Раҳимова соли 1966 мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Исфараро хатм намуда, ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1971 донишгоҳро хатм карда, то имрӯз дар он кор мекунад. Номзади илми кимиё, дотсенти кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ. Модари 6 фарзанд.
Тамаддун ва кимиёгарон
Аз қадим кимиё миёни дигар илмҳо бартарӣ дошт ва ҳар шоҳе, ки дар қаламрави кишвараш кимиёгаре дошт, ҳамсояро ба худ баробар намегирифт: ё зулму истисмораш мекард ва ё агар риштаи дӯстӣ миёнашон устувор бошад, кӯмакаш менамуд. Давлатдорон дар паҳнои таърих аз ҳунари кимиёгарон барои пешрафти кишвар ва имконоти хеш зиёд истифода намудаанд ва ҳам дар ҳолати ҳосил нашудани муроди дилашон онҳоро ба қатл расонидаанд. Кимиёгарон ҳам тақрибан интихоби ихтиёр надоштаанд. Ё пешниҳоди давлатдоронро пазируфтаву барояшон аз таркиботи мухталифи кимиёӣ зару сим ва сангҳои гаронарзиш тавлид менамуданду зиндагии хуш доштанд ва ё дар талаби илм умр ба сахтӣ гузаронидаанд ва номашон дар ҷаридаи таърих барои абад сабт шудааст.
Кимиё ва зан
Қаблан, агар кимиё барои тавлиди тилло ва ё таркибҳои кимиёӣ ҷиҳати пешбурди соҳаҳои саноату кишоварзӣ бештар истифода мегардид, имрӯз бонувони олим онро барои ҷавон, солим ва зебо нигоҳ доштани занон низ истифода менамоянд. Мубашширхон Мирзоевна чаҳор намуд намакҳоеро кашф намуда, ки онҳо дар таркиби худ гиёҳҳои маҳаллӣ ва микроэлементҳо дошта, барои солимӣ ва муолиҷаи бемориҳои мухталиф мусоидат мекунанд. Ин намакҳо аллакай дар баъзе аз осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ истифода гардида, натиҷаи мусбат додаанд. Онҳо пӯсти дасту рӯйро нарм намуда, сохтори пӯстро барқарор сохтаву доғҳои баданро нест мекунанд. Ин намакҳо дар навоҳии атрофи пойтахт дар сатҳи болои замин хобидаву дар таркибашон ҳатто йод доранд. Мубашширхон Мирзоевна ба ин намакҳо гиёҳҳои райҳон, арчадона ва эстратҳои спиртиро илова карда, намакҳое ҳосил намудааст, ки онҳо дар тиб ба ҷойи намакҳои баҳрӣ истифода гардида, натиҷаи беҳтаре ба бор меоранд.
Марги сафед?
Пӯшида нест, ки олимони кишварҳои пешрафтае чун Ҷопон ва мамолики Аврупо намакро «марги сафед» гуфтаву мардумро тарғиб мекунанд, ки аз истифодаи он даст кашанд. Аммо қаҳрамони мо ба ин гуфтаҳо мувофиқ нест. Ӯ мегӯяд: «Бархе аз донишмандон қандро ҳам марги сафед меноманд. Истеъмоли зиёди ҳама чиз ба инсон зарар дорад. Мо бояд тарзи дурусти истеъмолро омӯзем. Намак дар таркиби худ натрий, хлор, фосфор ва калий, яъне микроэлементҳои ба организми инсон зарурро дорад. Намак сохторҳои рагҳои баданро аз ҳисоби иони натрий барқарор намуда, барои гардиши хун ва оксиген шароити лозимаро муҳайё месозад. Илова бар ин намак системаҳои организмро безарар (дезинфектсия) мегардонад, яъне микробҳои нозарурро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, истеъмоли ба меъёр мувофиқи он ба одам фоида дорад. Занҳо аз қадим барои нигоҳ доштани гӯшт ва меваҳо оби намакдорро истифода мебурданд. Бояд аз истеъмоли намакҳое худдорӣ кард, ки онҳо дар об ҳал намешаванд. Ин гуна намакҳо дар организми инсон ҳам ҳал нашуда, қабат – қабат ҷамъ мешаванду мушкил эҷод менамоянд».
Ихтироъ ва мушкилот
Ҳини сӯҳбат аз кимиёгарони ҷумҳурӣ шикоят мекунам, ки ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам соҳибистиқлолӣ кашфиёт кам доранду дар пешрафти иқтисод ва солимиву зебоии бонувони кишварамон саҳми арзандае надоранд. Мубашширхон Мирзоевна бо тамкини ба худ хос суханамро то охир гӯш мекунаду ба суол ин тавр посух медиҳад: «Воқеият ин гуна нест, ки шумо мегӯед. Кимиёгарони ҷумҳурӣ ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам имрӯз кашфиёти зиёд доранд, аммо мушкил то ба истеҳсолот бурдани ихтироъ аст. Монеаҳои сунъӣ ва идорӣ зиёданд. Бо ҳамкоронам соли 1987 микронуриҳое бо номи ферумга ва микрорух ҳосил кардем. Ба мушкилоти эҷоднамудаи бюрократҳои замон нигоҳ накарда, баъд аз чанд сол онҳоро дар истеҳсолот истифода намудем. Онро дар навоҳии Данғара, Исфара ва тобеи ҷумҳурӣ таҷриба намудем ва бар зидди касалиҳои мева ва сабзавот истифода кардем. Натиҷаи дилхоҳ ба даст омад. Иловаҳои микроэлементиро бошад, ба хӯрокҳои ҳайвонот ворид сохтем. Азбаски дар таркибашон оҳан доранд, таркиби хунро тоза мекунанду камхуниро (анемия) бартараф менамоянд. Хоҷагиҳое, ки мо ихтироъҳоро дар он ҷо таҷриба намудем, барои харидории микронуриҳо ба Вазорати кишоварзӣ дархост фиристоданд. Истеҳсолот ба роҳ монда шуд ва солҳои зиёд кишоварзону чорподорони ҷумҳурӣ аз он фоида мебинанд. Имрӯз ҳам кимиёгарони ҷумҳурӣ ихтироъҳои зиёд доранд, аммо барои то истеҳсолот бурдани он мушкилиҳои зиёд мавҷуданд. Ҳуҷҷатбозиҳое, ки ба солҳо мекашад, пайдо накардани сармоягузорон низ корро ба таъхир мегузорад. Вақте ба сармоягузорон барои ҳамкорӣ муроҷиат менамоем, шартҳое пеш мегузоранд, ки пазируфтани онҳо барои донишмандон таҳқир аст. Бинобарин кашфиёти мутахассисон солҳо рӯйи коғаз мехобанд».
Зан ва зиндагӣ
Мушоҳида мешавад, ки дар баъзе кишварҳо ва ҳатто дар бархе аз минтақаҳои як кишвар зумрае аз занҳо зуд пир мешаванд. Бо истифода аз ҳузури донишманди илми кимиё ин масъаларо дар байн мегузорам. «Омилҳои зиёде ба пиршавии организм таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, таркиби об, ҳаво, истеъмоли хӯрок, тозагии он, гармии ҳаво ва шароити зист. Агар иқлими ноҳияи Айниро бо Шаҳритус муқоиса намоем, фарқ хеле чашмрас аст. Дар он ҷойе, ки ҳарорат баланд аст, ҳама реаксияҳои бадан метезанд ва организм зудтар пир мешавад. Дигар ба хулқу хӯи одам низ вобастагӣ дорад. Занҳое, ки зуд меранҷанду асабӣ мешаванд, тезтар пир мешаванд. Ҳамчунин шароити хонавода дар ин самт нақши муҳим дорад. Агар шавҳар нисбати зан меҳрубон бошаду мушкилоти ҳаётро бо ҳам бартараф созанд, умр хубтару дарозтар хоҳад шуд», – посух медиҳад ҳамсӯҳбатам.
Орзуи мардҳо
Ҳам падарону ҳам писарон ҳамеша орзу доранд, ки модарон, ҳамсарон, духтарон ва хоҳарон ҳамеша солиму зебо ва хушҳолу хушбахт бошанд. Зеро хушҳолӣ ва хушбахтии онҳо ба бонувон сахт бастагӣ дорад. Аз олимаи ботаҷриба, ботамкину ботаҳаммул ва ҳамзамон зебо даво (ретсепт) - и онро ҷӯё мешавам. «Мехоҳам аввалан на ҳамчун кимиёгар, балки зан дар ин масъала ибрози назар созам. Таманно дорам, ки мардҳо барои бонувони хонаашон ҳама шароитро муҳайё намоянд, ниёзҳояшонро бароварда созанд, нозашонро «бихаранд». Мутаассифона, ба назар мерасад, ки бонувони ҷавони мо имрӯз новобаста ба шароит бештару бештар аз шавҳарон талаб мекунанд. Бояд онҳо низ шароитро ба назар бигиранд. Ҳамчун кимиёгар бошад, тавсия медиҳам аз маҳсулоте истифода намоянд, ки дар тарки би он маводи кимиёӣ набошад.
Худованд ҳама чизеро, ки барои инсон лозим аст, дар табиат муҳайё кардааст. Мо бояд аз маводи табиӣ истифода намоем. Солҳои охир занҳо боз ҳам бештар ба маводи кимиёӣ рӯ овардаанд. Аз атрҳои машҳури гаронқимати фаронсавӣ ва кремҳои аврупоӣ истифода мебаранд. Ширкатҳои бузург дар истеҳсоли атриёт ва кремҳо на маҳсулоти табиӣ, балки кимиёиро ба кор мебаранд. Истифодаи маводи кимиёӣ оқибати хуб ба бор намеорад. Ҳамчун бонуи ботаҷриба ва кимиёгар ба занҳо пешниҳод мекунам, ки аз маҳсулоти ширӣ (шир, ҷурғот ва творог), равғани зағер ва бодом истифода баранд. Ин маводро занҳо метавонанд ҳам хӯранду ҳам ба бадан моланд. Дар сурати хӯрдани маводи ширӣ ва равғанҳо бадани инсон қисме аз онро пасандоз кардаву дар ҳолати зарурӣ ва ё нарасидани витаминҳо аз он истифода менамояд. Ҳангоми молидани ҷурғот вобаста ба равғаннокии пӯст ба он каме намак ҳамроҳ намоянд. Полезӣ низ зиёд фоида дорад. Бодиринг ҳам ба рӯй ва ҳам ба дастҳо тароват мебахшад. Тарбуз ва харбуза низ фоидаи зиёд доранд. Дар таркиби харбуза натрий ва калий бисёр аст, ҳам доғҳоро гум мекунад ва ҳам ба дил фоида дорад. Бинобарин аз маҳсулоти табиӣ истифода бурдан лозим аст, аммо вақт ва меъёрро бояд дар назар дошт», – посух мегирам ба суолам.
Ҳамсари кимиёгар
Бароям хеле аҷиб аст, ки вақте одам аз асрори табиат бештар огоҳ мебошад, зиндагӣ соддатар ва хуштар мегузарад ва ё баръакс? Ва ҳамчунин ҳамсар ва ё фарзанди чунин шахс будан, хушбахтӣ аст ва ё барои инсон мушкил эҷод мекунад, яъне дар истеъмоли таом кимиёгар ба шавҳар ва фарзандон чӣ гуна муносибат менамояд. «Инро нахӯр, ки зарар дорад ва ё онро истеъмол накун, то хобат барад», – гуфта зиндагии наздиконашро ба ҷаҳаннам табдил намедода бошад, гуфта ба ҳамсӯҳбатам нигоҳ меафкандаму ҷуръати пурсидан надоштам. Лаҳзае баъд гӯё суоламро аз чеҳраам хонда бошад, ки Мубашширхон Мирзоевна гуфт: «Шаҳарам – Зуҳуриддин Юсуфов, Худо рӯхашро шод дорад, дар риштаи кимиё фаъолият дошт ва профессор буд. Донистани кимиё бароямон ҳам хуб буду ҳам баъзан мушкил эҷод мекард. Дар истифодаи ин ва ё он маҳсулот ба ҳамдигар ва фарзандон тавсияҳо медодем. Кӯдак хӯрдани шоколад ва қандҳои гуногунро дӯст медорад. Ба фарзандон тавсия медодем, ки ба ҷойи шоколад аз зардолу ва ё дигар хушкмеваҳо истеъмол намоянд, аммо оё мешавад тифлро аз ширинӣ дур кард? Солҳои охири ҳаёт шавҳарамро диабети қанд азоб медод. Аммо табиатан он кас аз хурдӣ шириниро дӯст медоштанд. Баъзан мехост, ки барояш як дона шоколад диҳам. Мегуфтам: « Худатон хуб медонед, ки ширинӣ ба шумо зарар дорад». Ба чашмонам бо илтиҷо менигаристу мегуфт: «Танҳо як дона». Дилам месӯхт. Охир, шахс новобаста ба кимиёгар ва ё олим будан, одам аст».
Охирсухан
Чаро сармоядорони мо ба рушди иқтисоди кишвар бештар таваҷҷӯҳ надоранду ҳангоми муроҷиат кардани донишмандон барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооташон заҳмати онҳоро қадр намекунанд? Умед мебандам, ки рӯзе иқтисоди кишвар рушд намояду шароити кор ва фаъолияти олимони риштаҳои гуногуни ҷумҳурӣ беҳтар гардад. Тибқи иттилоъ, баъд аз пош хӯрдани сохти шӯравӣ дар озмоишгоҳҳои аксар донишгоҳҳо таҷҳизот фарсуда шудаву аз кор мондаанд. Барои таҳлили касбӣ бархе аз донишмандони тоҷик аз ҳисоби маоши худ ба ҳамкасбони хеш аз кишварҳои дуру наздик пул додаву муроҷиат менамоянд, то ихтирои онҳоро дар озмоишгоҳҳо бисанҷанд. Ин тарзи фаъолият ба нафъи кишвар нест. Воқеиятро надониста, мо, журналистон, баъзе авқот дар саҳафоти матбуот фаъолияти олимонро интиқод мекунем. Беҳтар аст ба назди онҳо биравему аз шароити кор ва зиндагиашон огаҳ шавем ва, агар метавонем, барои пешрафти фаъолияташон ёрӣ расонем. Охир, дар ҳама давру замон арзиши ақл боло буду авлавият ба рушди илм дода мешуд. Ё не?
Эмомалӣ Сайидамирзод
:.
Фарҳанг
27.02.2012 11:22
2977
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz