Нахустин гомҳо
Аслан ба ҷодаи ҳунар гом ниҳодан интихоби волидони Заринабону буд, ки бо ин иқдоми падару модараш мувофиқ аст. «Ман аз ин интихоби волидонам як ҷаҳон сипосгузорам, ки маро ба роҳи дурусту накуе ҳидоят кардаанд» – мегӯяд ӯ. Қаҳрамони мо таҳсилоти ҳамагониро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова гирифта, онро соли 1987 ҳамчун мутахассиси навозандаи ғижжак хатм карда, ҳамон сол ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад. Дар донишкада низ омӯзиши ғижжакро идома медиҳад. Пас аз як муддати таҳсил, аз консерваторияи Маскав устоди ҳунар Ирина Юсупова, ки худ навозандаи алт буд, барои таълим ба Тоҷикистон меояд ва Заринаро ба шогирдӣ қабул мекунад. Ҳамин тавр, устоду шогирд тӯли ду сол машғули омӯзиши навохтани алт мешаванд. Тавре мебинем, ин омӯзиш натиҷаҳои хуберо ба бор овардааст.
«Садои алт дилнавозтар аст»
Алт асбоби мусиқиест аз ғижжак (скрипка) калонтару аз виолончел хурдтар. Ҳамин аст, ки ба суоли «Алт чист?» аксарият пусух мегӯянд, ки «ҳамон ғижжак аст, аммо каме бузургтар». Воқеан ҳам зоҳиран алт ба скрипка шабеҳ аст, аммо оҳангу садои ба худ хос дорад, ки ба ҳеҷ асбоби мусиқии дигар шабоҳате надорад. Асбоби маъруфу роиҷ ҳам нест, аммо ҷолиб аст, ки як бонуи тоҷик навозиши маҳз чунин асбобро пешаи худ кардааст. Зарина дар ин маврид мегӯяд: «Садои алт нисбат ба скрипка беҳтар аст. Он ба садои одамон бештар шабоҳат дораду дилнавозтар аст». Ин асбоби мусиқиро барои ӯ волидонаш соли 1987 харидаанд, ки то ҳол дар хидматаш аст.
«Театр бароям бовариро омӯзондааст»
Бо оғози кор дар Театри опера ва балет фаъолияти ҳунариаш низ инкишоф ёфт. Ӯ дигар дар утоқҳои дарсӣ барои устодону ҳамсабақон оҳанг иҷро намекард. Заринаро толори барҳавову садҳо тамошобини нуктасанҷу ҳассос интизор буд. Бо мурури замон, бо касби малакаву маҳорат ӯ ба як ҳунарманди касбӣ мубаддал шуд. Тавре худи Зарина мегӯяд: «Агар устодон дар донишгоҳ бароям нозукиҳои навозиши алтро омӯзонда бошанд, пас саҳнаи Театри опера ва балет бароям бовариро омӯзондааст. Воқеан ҳам боварӣ барои як ҳунарманд омили муҳиммест. Ба хусус барои як навозанда, ки садои мусиқиаш бо ҳолати рӯҳиаш робитаи бисёр зич дорад». Зарина соли 1989 тӯли 20 рӯз бо сафари ҳунарӣ дар шаҳри Санкт-Петербург қарор доштааст, ки аз устодони варзидаи санъат нозукиҳои навозиши алтро омӯхта, ҳамзамон дар консертҳои бошукӯҳ ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамчунин соли 2000-ум дар Фестивали мусиқии квартет дар Қирғизистон ва соли 2001 дар чунин консерт дар Қазоқистон иштирок кардааст.
Дар орзуи фарҳанги волову классикӣ...
Зарина Раҳмонова соҳиби чаҳор фарзанд буда, шавҳараш низ ҳунарманд аст. Ҳарчанд фарзандонаш хурд ҳастанд, аммо новобаста аз ин дар ботинашон фарҳанги классикӣ нуҳуфтааст ва дар амалу кирдорашон зоҳир мешавад. Дар ҳоли ҳозир духтари калониаш Нигора аз пайи касби волидон рафтааст. Ӯ дар мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таҳсил мекунад ва мисли модараш омӯзиши навозиши скрипкаро интихоб кардааст. Заринаро зани хушгуфтору самимӣ дарёфтам. Табиатан хеле ботамкину ором аст. Дар поёни сӯҳбатамон суханашро бо ҷумлаи зебову пурмӯҳтавое анҷом дод, ки дар он як ҷумла як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. «Шахсе, ки бо фарҳанги волову классикӣ сару кор дорад, ҳаргиз ба кори бад даст намезанад».
Пасманзар:
Қобили тазаккур аст, ки театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар тӯли фаъолияти 70-солааш ҳунармандони арзандаеро бо шумули бонувон ба воя расондааст. Нахустин парвардааш Тӯҳфа Фозилова буд, ки баландтарин ҷоизаи вақт – Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравиро сазовор шуда буд. Ҳамчунин Лутфӣ Кабирова, Ҳанифа Мавлонова, Малика Собирова аз ҷумлаи дастпарварони беҳамтои опера ва балетаи тоҷик ба шумор мераванд.
Дар ҳоли ҳозир панҷоҳ дарсади хори театрро занҳо ташкил медиҳанд, ки соли гузашта дар Озмуни байналмилалии хорсароён, ки бо иштироки 40 кишвари дунё дар шаҳри Анқара баргузор шуд, ҷойи дуввумро ишғол карданд. Ин саҳна ва мактаби ҳунар зарфиятҳои зиёдеро барои рушди бонувони ҳунарманд дорад ва рушд медиҳад.
Шаҳнози Комилзода