Вақте ба сӯҳбати академикхонум Ирина Каримова, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мерафтам, тасаввурам аз ӯ ба унвони як тоҷике буд, ки дар муҳити русии Душанбе калон шудаву ихтисоси филологи забону адабиёти русро дорад, ки шояд чандон майлу гироише ба ҳувияти тоҷикӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон надорад. Вале чун ба сӯҳбат ворид шудам, ҳамоно фаҳмидам, ки пиндори ман тасаввуре беш нест. Ӯро на дар сатҳи президенти академия, балки дар сатҳи як инсони заминӣ дарёфтам. Бар хилофи одати бештари мансабдорон аз роҳаткурсии риёсаташ поин шуду дар рӯбарӯям қарор гирифт. Замони сӯҳбат чанд бор телефони ҳамроҳаш занг зад.
Гуфтам: Муаллима, телефон занг мезанад.
Гуфт, ки агар телефонро ҷавоб бидиҳам беэҳтиромӣ нисбати Шумо мешавад. Вақте мо худ одобро риоя накунем, чӣ гуна мешавад каси дигарро тарбия кард.
Ин нукта, фикр мекунам бозтоби хулқ ва одоби ӯст, ки аз шоистагияш гувоҳӣ медиҳад.
Собиқ Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон ба қарори Ҳукумат аз соли 2009 номи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро гирифт. Ин ҷо академикҳо ва аъзо-корреспондентҳо бештар кор мекунанд, ки ба истилоҳи Ирина Каримова ҳар кадоме «ҷавҳари илми педагогикаи тоҷик»-ро ташкил медиҳанд. Худи муаллима қоил мешавад, ки: «Вақте маро аз вазифаи муовини вазир ба ин ҷо таъин мекарданд, каме тарс доштам, ки оё метавонам ба ҳайси як зан миёни ин қадар академикҳои мард кор кунам. Вале ба толеъи ман буд ё ин анъана аз собиқ, ки коллектив маро дастгирӣ кард ва ҳоло тамоми масоилро дар якҷоягӣ ҳал мекунем».
Ирина Каримова солиёни зиёд аст, ки барои соҳаи маорифи тоҷик заҳмат мекашад. Ӯ духтари Душанбест, имсол дар рӯзи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 55-сола шуд. Зодрӯзашро дар ҳалқаи хонавода ва ёру дӯстонаш бидуни ҳеҷ кадом мукофот таҷлил кард.
Имрӯз хонум Каримова ба унвони Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар садорати таҳияи консепсия, барнома ва нақшаҳои таълим қарор дорад, ки ба вазорат пешниҳод мешаванд, якҷоя ба баррасӣ мегиранд ва дар раванди таълими макотиби миёна амалӣ мегарданд.
Инсонҳое ҳастанд, ки дар сӯҳбат хеле самимиянд, аммо фаротар аз сӯҳбат ба гунаи дигар рафтор доранд. Вале Ирина Каримова ҳам дар сӯҳбат ва ҳам дар муносибат хеле самимист. Як инсони чеҳракушода, аз фазо ва соҳаи роҳбарияш огоҳ, муҳимтар аз ин хеле машаққат ва азиятҳоро барои пешрав шудани соҳаи маориф мекашад. То ҳатто мегӯяд, ки барояш дар кор ҳақмузд чандон муҳим нест: «Медонед, вақтҳое буданд (замони ҷанги шаҳрвандӣ), ки мо тамоман бемаош кор мекардем. Касе инҷо кор мекунад, камтар дар бораи маош фикр мекунад».
Ирина Каримова хатмкардаи бахши филологияи забону адаби русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ) аст, ки дар соҳаи маориф аз «сарбозӣ то генералӣ» хизмат кардааст. Солҳои 1978-1992 муаллима ва муовини директор дар мактаби миёна (дар ноҳияи Рӯдакӣ) буд. Ранҷ ва кайфияти омӯзгориро дар макотиби олӣ низ бардошт кардааст. Солҳои 1992-1996 ба ҳайси муаллима ва дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва 1996-2005 дотсент, профессор ва декани факултаи омодагӣ бо салоҳияти директори литсейи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият доштааст. Солҳои 2005-2008 муовини вазири маорифи Тоҷикистон ва аз соли 2008 то кунун президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аст. Соли 2009 унвони академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро дарёфт намуд. Аълочии маорифи Тоҷикистон ва дорандаи ордени «Дӯстӣ» (с. 2001). Соли 1990 рисолаи номзадӣ ва соли 2000 доктории улуми педагогӣ дифоъ кардааст. Муаллифи бештар аз 70 мақолаи илмӣ, 2 дастури таълим ва 3 монография, ҳамчунин муаллифи китоби дарсии «Забони русӣ» барои синфи сеюм мебошад.
Аз зиндагии шахсӣ: Замоне буд, ки ман пояфзол надоштам, салафан мепӯшидам, ки поям тар нашавад. Дар хона тухм набуд, шакар набуд. Духтарам, ки он вақт хурд буд, як рӯз гуфт, ки наход мо мураббо надошта бошем? Баъди ин савол гиря кардам. Чун пул ёфтам, як линча шакар харидам. Худо худаш медиҳад. Ман доим мегӯям, ки Худо маро нағз мебинад.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ки дар хиёбони ба номи аллома Айнӣ воқеъ аст, фақат барои он нест, ки мо бояд аз пешаш ин сӯву он сӯ бигзарем. Балки барои он аст, ки бояд дохилаш рафту дид, ки Ирина Каримова онҷо чӣ қадар заҳмат кашидааст. Ирина Каримова баъди омадан ба маснади президентии Академияи таҳсилот дар ин ҷо Маркази педагогикаи гендерӣ, Маркази рушди кӯдак, маҷаллаи илмии «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» ва осорхонаро фаъол кардааст. Дар ҳамкории танготанг бо созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои муштаракро барои тадқиқ ва муҷаҳҳазгардонии Академия роҳандозӣ намудааст. Фазои кор дар Академияи ӯ хеле мусоид ва умедворкунанда аст.
Аз муаллима пурсидам, ки Тоҷикистон бояд ба низоми таҳсили 12-сола мегузашт, вале ба 2020 мавқуф гузошта шуд, сабаб чӣ буд?
– Академияи мо Консепсияи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо омода карда ба Вазорати маориф пешниҳод кард. Мо навиштем, ки куҷо плюс дорем ва куҷо минус. Чӣ проблемаҳо вуҷуд дорад ва чӣ дастовардеро интизор шудан мумкин. Ҳоло мо барои гузаштан ба низоми 12-сола имконият надорем.
Ба таъкиди хонум Каримова қисме аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба ин низом гузаштаанд, аз қабили Белорус ва Укроин ба мушкилоти шадид мувоҷеҳ шудаанд ва бозпас ба низоми 11-сола гузаштанд. Барои рух надодани чунин ҳолатҳо мо бояд ҷиддан омода бошем.
Дар солҳои ахир сафи омӯзгорони зан афзуд. Ин ба далели дар муҳоҷират қарор доштани қисмати бештари мардон ва бар иллати камии музди меҳнат аз омӯзгорӣ худдорӣ варзидани онҳост. Натиҷа ин шуд, ки хоставу нахоста, огоҳ ноогоҳ қисме аз занҳо ин ки маълумоти олӣ доранд ё не, ба омӯзгорӣ даст заданд. Гузашта аз ин дар маҳдудаи муаллимаҳо хонандаҳо боис ба он мешавад, ки аз характер ва хислатҳои занона таъсир бипазиранд. Ирина Каримова низ мегӯяд, ки чунин шакли тарбия ва таълим чандон дуруст нест: «Дар воқеъ ин проблема ҳаст. Набояд фақат кӯдакро зан тарбия кунад. Дар боғча зан, дар хона зан ва боз дар мактаб зан, ин барои тарбияи кӯдак таъсироти гуногун дорад. Ба бачаҳо бештар хислатҳои занона мегузарад, ки ин ҷо бояд мувозинат бошад. Ман тоза аз сафар омадам. Вақте аз Душанбе ба тайёра савор шудем, дар як солони 200-нафара зиёди зиёд 10 зан буд. Шӯхӣ кардам, ки марҳамат, мониторинг кунед. Хуб ин глоболизатсия ҳаст, ки қисме мехоҳанд бираванд, вале оқибаташ чист?!». Ирина Каримова тарафдори ҷалб шудани бонувони ихтисосманд ба илму таълим аст. Ҳатто мегӯяд, ки ба сифати раиси Шӯрои ҳимоя дар Академия аз бонувон ба таври ошкоро дастгирӣ мекунам: «Вақте дар минбари ҳимоя зан меистаду ҳимоя мекунад, ман бисёр хушҳол мешавам ва ошкоро мегӯям, ки занҳоро бештар дастгирӣ мекунам. Тарбия аз зан сахт бастагӣ дорад».
Се панди академик Каримова:
• Ватандӯстӣ донистани суруди миллӣ нест, ватандӯстӣ чизи дигар аст.
• Агар ҳақмузди омӯзгорӣ зиёд бошад, муаллимҳо камтар тарки мактаб мекунанд.
• Дониш бояд ҳама вақт арзиши олии муайянкунандаи ҳайсият дар ҷомеа бошад.
Имрӯз дар садорати бахшҳои маориф кор кардан ҳам масъулият аст ва ҳам қаҳрамонӣ. Зеро маориф ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди ҳама гуна кишварҳо мавриди таваҷҷӯҳи кулли ҷомеа аст. Хусусан мавриди назари мудовими рӯзноманигорон ва аҳли илм. Муаллима Каримова ҳамчун олими равшанфикр, ки назаран ва амалан барои рушди маорифи кишвар хидмат мекунад, мӯътақид аст, ки соҳаи маориф рӯ ба рушд дорад:
«Акнун ман танқид карда наметавонам, зеро худам муовин будам. Агар гӯям, ки камбудӣ дорем, пас мо кори хуб накардаем. Не, мо дастовардҳои зиёд дорем. Ҳозир мегӯянд, ки мо пешравӣ надорем, ин нодуруст аст. Ин таърих аст. Вақте ман дар мактаби миёна кор мекардам, солҳои 70-80-ум, мегуфтем, ки тамоман пешравӣ надорем, вале ҳоло ҳам ҳамин гапҳо вуҷуд дорад. Албатта пешравиҳои бузург надорем, вале чандон қафомонда ҳам нестем. Хонандагони мо дар олимпиадаҳо иштирок мекунанд, мардуми дунё Тоҷикистонро аз рӯйи хонандагонаш мешиносанд. Вақте дар мактаби миёна мехондам, байни мо ҳам бадхонҳо буданд, бачаҳое буданд, ки хонда наметавонистанд, ҳоло ҳам ҳастанд. Соҳаи маорифи мо пеш рафта истодааст, аммо проблема ҳам бисёр дорем».
Аз мушоҳидаҳои шахсӣ: Дар ноҳияи Ёвон вақте ба дарси як муаллим даромадам, дидам, ки дар тахтаи синф вожаи муаллимро бо як л навиштааст. Шубҳа кардаму журнали синфро дидам, ки онҷо ҳам муаллимро бо як л навиштааст. Албатта будани чунин муаллимҳое, ки номи касби худро нодуруст менависанд, ҷойи таассуф дорад. Ба мо муаллимҳои баландихтисос даркор.
Ирина Каримова ба мансабҳои баланду пурмасъул аз роҳи дониш ва истеъдод расидааст. Худ комилан хилофи будани квота барои занҳо дар мансабҳои давлатист. Аз ӯ мепурсам, ки оё худ аз рӯйи ҳамин квота ба мансаби муовини вазир расидед, мегӯяд, не: «Ман тибқи квота муовини вазир нашудам. Зеро вақте маро ба сӯҳбати Ҷаноби Олӣ даъват карданд, то ҳатто дар хона касе намедонист. Ба фикрам маро аз рӯйи квота интихоб накарданд. Акнун боз намедонам (механдад). Фикр мекунам ҷинс муҳим нест, бояд дониш ва истеъдод меъёрҳои асосӣ бошанд».
Латифаи 1: Мо дар вохӯрӣ будем, баъд як нафар ҳазл кард. Роҳбари муассиса гуфт, ки чаро ин тавр шӯхӣ мекунед, ин ҷо зан ҳаст, Ирина Холовна ҳастанд. Шӯхикарда гуфт, ки кӣ гуфт, Ирина Холовна зан аст, ин кас мард аст, мард. Гуфтам, маро таҳқир кардед. Гуфтанд, чӣ хел? Пас чаро Шуморо мегӯям зан ҳастед, хафа мешавед?
Ирина Каримова минҳайси мансабдорони дигар аз будани проблемаҳои зиёд ҳарос надорад. Мегӯяд, ки проблемаи аввалиндараҷа дар академия ин аст, ки мо хеле кам ҳастем, ҳамагӣ 12 нафар. Воҳидҳои корӣ бояд зиёд бошад. Бояд бештар ҷавононро ҷалб кунем, зеро инҷо бештар калонсолонанд. Ба фикрам аз ҳама ҷавон ман ҳастам.
Латифаи 2: Вақте ба кор омадам ба коргарон гуфтам: Ё ман Шумо барин пенсионер мешавам ё Шумо ман барин пионер.
Шояд барои баъзеҳо ҷолиб бошад, ки Ирина Каримова дар зиндагии шахсӣ чӣ гуна аст. Фарзандонаш дар хориҷа мехонанд ё хонаи мӯҳташаме дорад? Аммо худаш мегӯяд, ки то ҳол дар хонаи аз модаркалонам монда зиндагӣ мекунам: «Хонаи ду ҳуҷарадор. Баъзеҳо медиданд, вааааа, наход ин хонаи муовини вазир бошад? Мо аслан ҳамин гуна зиндагӣ мекунем. Фарзандонам ҳама мактабҳову донишгоҳҳои оддии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Ҳамаашон дар ҳаминҷо кор мекунанд».
Ягона камбуди Ирина Каримова: Хеле самимона ва дилпурона мегӯяд, ки ман танҳо як камбуд дорам: Забони тоҷикиро хуб намедонам.