Масалан, албоми Фирӯза Ҳафизова бо унвони «Шаҳзодаи ман», ки аз 15 суруд иборат аст, аксарияти сурудҳояш ба истилоҳ «дуздӣ» ва каммазмуну каммантиқанд. Яъне, се тои он копишудаанд: «Шабҳо ба майхона»-и Маҳастӣ, «Азми сафар мекунам»-и Аҳмади Зоҳир ва «Дилам дук-дук мекунад», «Каҷакабрӯ» аз овозхонҳои афғон мебошанд. Ҳамчунин, чор суруди ин албомро бо хонандаҳои афғон сурудааст: «Қатаған», «Лавҳаи ошиқона» «Ёри тоҷикӣ» дар якҷоягӣ бо Заби Истолифӣ ва «Чашма» бо Ҷаввод.
Аммо соли равон Вазорати фарҳанг озмуни «Суруди сол» баргузор карду дар он як қатор ҳунармандони арзандаву ноарзанда ба унвонҳои «Беҳтарин сарояндаи сол», «Беҳтарин албом», «Беҳтарин клип», «Беҳтарин дуэт» ва ғайра сазовор донист. Ва албоми овозхони мазкурро «Беҳтарин албом» эълон кард. Дар ҳамин ҳол, кӣ онҳоро «беҳтарин» интихоб кардааст, номаълум. Агар танҳо интихоби Вазорати фарҳанг бошад, пас вой бар ҳоли санъати тоҷик!
Аммо Фарҳоди Милод, ки дар омода кардани албоми Фирӯза саҳм дорад, онро ба унвони «Беҳтарин албом» арзанда медонад. Аз ҷумла, ӯ гуфт: «Албом арзанда мебошад, чун он пурра аст. Барои омода шудани чандин суруд дар ин албом дасти мо ҳам расидааст. Дар ҳақиқат ӯ меҳнат мекунад. Ман зиёд шунидаам, шумо ҳам, ки вақте аз ҳамаи овозхонон суол мекунед «ба чӣ кор машғулед?» посух медиҳанд, ки «сари албомам кор мекунам». Аммо онҳо албом нестанд».
Ҳамчунин, ба қавли ӯ, агар ин албомҳо пайдо шаванд ҳам, мебинед, ки аз моли дигарон ҳам "истифода" шудааст. Фирӯза сирфан суруди худро тайёр мекунад ва албомаш ҳам ба ҳамин минвол аз худаш аст.
Ҳарчанд, хостем дар ин маврид андешаи худи Фирӯзаро низ пурсон шавем, вале телефони ӯро гоҳе духтараке бардоштаву худро ҷиянаш муаррифӣ кард, «Фирӯза нест» мегуфту гоҳи дигар продюсераш.
Ба гуфтаи продюсери Фирӯза, ӯ ба кадом кори «муҳим» банд будааст, ки муддати 1 моҳ ҷойе мусоҳиба кардан намехостааст.
Бояд ёдрас шуд, ки он вақт масъулин ин маъракаро на «Суруди сол», балки Тантанаи ҷоизасупории беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд.
Ба қавли масъулони чорабинӣ, дар он аслан ҳунармандони соҳаи эстрадаи Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ шуда, соҳиби ҷоиза гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, агар албоми «беҳтарин»-и Фирӯзаро бо диққат гӯш кунед, аксари сурудҳои мазмунан ғамангез бо «ритм»-и баланд ва хушҳолона суруда шудаанд. Фирӯза ҳангоми хондани онҳо хушҳолӣ мекунаду мерақсад. Масалан, таронаи «Зи баъди мо»:
«Зи баъди мо на саробон, на хона мемонад,
Ҳамин ғазал, ки сурудам, нишона мемонад»
мусиқиаш аз суруди «Ошиқам ошиқ ба рӯят»-и Аҳмад Зоҳир аст, ки бо чанд оҳанги дигари ӯ омехта, баланду рақсӣ садо медиҳад. Фирӯза бошад, зери чунин сурудҳои ғамангезаш давидаву парида хушҳолӣ мекунад. Ҳатто ӯ аз эҳсоси хушҳолии зиёд гоҳе ҳам фаромӯш мекунад, ки чӣ хонда истодааст. Масалан, дар таронаи дигараш бо номи «Кист ӯ?»
Кист, кист ӯ ба ту моҲил нашавад,
Кист, кист ӯ ба ту қоҲил нашавад…
Дар ин суруд маълум мешавад, ки сароянда маънои сурудро сарфаҳм нарафта мехонад. Зеро инҷо талаффуз хато аст. Яъне, «моҳил»-у «қоҳил» не, балки «моил» ва «қоил нашавад» бояд бошад.
Ҳамчунин, тибқи таҳлили шоир Хайрандеш дар суруди «Шаби боронӣ» ҳам мисраҳо парешону бе қофия аст. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд:
Шаб ёди ту кардам, ҷигарам месӯзад,
Дил дар ғаму ман аз ишқи ту месузам.
Шаб нима гузашт ёрум аз роҳ нарасид,
Сӯхтай ҷигарум гоҳ ба алам месӯзад.
Шоир Хайрандеш бо боварӣ иброз дошт, ки ҳар мисраи он аз дигар шеърҳо гирифта шудааст. Зеро дар ин мисраҳо радиф асту қофия нест. Маҳз овозхонҳои мо аз рӯи нодониашон радифҳоро қофия гумон карда, мехонанд, аммо хато мекунанд.
Зимни сӯҳбат Хайрандеш чунин гуфт: «Як хатои бузурги сарояндаҳои мо дар он аст, ки аз чанд шеър мисраҳои хубро гирифта суруд месозанд, ки дар натиҷа суруд бемаъно ва бевазн мешавад. Инро метавон хиёнат ба адабиёти мо гуфт. Шояд ҳамин гуна амалашон аст, ки ҷойе на аз муаллифи матн ва на мусиқӣ зикр намешавад?!
Воқеан, дуруст аст, ки аксари сарояндагони навбаромади мо на сурудро дарк мекунанду на мусиқиро. Зеро ҳамаи онҳо ҳатто маълумоти миёнаи мусиқӣ надоранд. Ва ба гуфти бештари овохонони тоҷик, хусусан Фирӯза агар сурудхониатон ба ягон дугонаатон маъқул ки шуд, фарқаш нест, ки ту овоз дорӣ ё не, маънии мусиқиву сурудро мефаҳмӣ ё не, бояд сароянда шавӣ!
Ҷои дигар Фирӯза мехонад:
Аз замин то бар само ман рӯзе дорам айяяяй…
Аз тулӯъ то шомҳо ман месароям вай, вай вай…
Ана нанана ман, Фирӯза ман,
Бинед ҳама рақисдану бозидани ман.
Рӯзи як аз меҳрубонӣ, рӯзи ду аз муҳаббат,
Рӯзи севу чору панҷаш ин ниҳони муҳаббат.
Ба гуфтаи шоир дар ин мисраҳо хостанд гапи нав гӯянд, вале натавонистаанд. Беҳунарона баромадааст. Ин мисраъҳо на маъно ва на қофия доранд, ки тамоман масхараи суруд аст.
Ҳамчунин, ғайр аз он ки суруд маъно надорад, дар клипи ин суруд бо як либоси тамоман дар бадан часпида гӯё рақси арабӣ мекунад, ки ба меъёрҳои шарқиёнаи тоҷикон тамоман рост намеояд.
Ёрум медона, дили маро ёрум медона,
Печу хами манзили маро ёрум медона.
Дубора ошиқ шудам ба ёри хона,
Ошиқи лоиқ шудам, нагир баҳона.
Дар ин тарона шояд овозхон барои дар оҳанг даровардани матн калимаҳоро тағйир додаст ё суруд воқеан хато аст. Ё шояд манзили овозхон «печу хам» дораду «баҳона»-ро танҳо ӯ «гирифта» метавонад, вале дар вазни шеърӣ он нодуруст аст. Хайрандеш мегӯяд: «Агар инҷо «печу хами роҳи манзили маро ёрум медона» мебуд, андеша дурусттар мешуд. Инчунин «баҳона»-ро гирифта намешавад».
Бар замми ҳамаи ин, Фирӯза суруди дигаре ҳам дорад, ки боиси вокунишҳои ҷомеа гардидааст. Ин суруди афғонии «қатаған» мебошад, ки дар он васфи бачаи қатағаниро мекунад. Аммо бояд гуфт, «қатаған» дар луғатҳо омадааст, ки «қатаған» як қабилаи туркҳост. Дар Хатлон низ бо ин ном қабилаест, ки дар қадим бо роҳзанию дуздӣ машғул буданд. Аз зулми онҳо мардуми деҳот ба ҷойҳои дигар мекӯчиданд. Инро шоир Хайрандеш бо ду мисраъ чунин ифода кард:
Ҳарҷо ки расид пойи аспи қатаған,
Не зинда ватан ёбаду не мурда кафан.
Вале дар сурудаи Фирӯза омадааст:
Қатағани сози мо,
Бишнавид овози мо.
Ба нағмаҳои қатағанҷон,
Пайдо карда рози мо.
Ҳастам булбули чаман,
Хушам меояд қатаған.
Ба назари Хайрандеш:- «Қатаған» дар Афғонистон як мавзеи машҳур аст. Ҳамон одамоне, ки дастгириаш кардаанд, шояд аз ҳамонҷо аст. Ба андешаи ман хондани ин суруд беодобӣ ва ноҳурматӣ нисбати миллати тоҷик ва ба ватан аст».
Ба қавли Хайрандеш, ин суруд надоштани ифтихори миллии ин ҳофизаро нишон медиҳад. Ӯ ифтихори миллиро ба ҳарчиз мефурӯхтааст. Аз ягон ҷиҳат шояд манфиатдор аст? Ё ки ин суруд шояд дар Афғонистон машҳур асту ӯ аз онҳо хубтар хондааст?
Албатта, инро худи сарояндаи ин суруд инкор накардааст ва дар сӯҳбати зикршудааш иқрор мешавад, ки «Ҳар сурудеро, ки ба мо маъқул аст ё супориш медиҳанд, мехонем. Ба маънои пасипардагии он кор надорем».
Бо ин вуҷуд, Фарҳоди Милод мегӯяд, ки: «Албом ҳам мисли китоб аст. Овозхон бояд сари он кор кунад. Бояд сужа дошта бошад. Кас вақте гӯш мекунад, бояд ба олами овозхон ворид шавад. Яъне андешаҳои ӯро хонад. Хуб, то куҷо албоми мавриди сӯҳбати мо ба ин дараҷа аст, худи мухлисонашон қазоват кунанд».
Албатта, шунаванда хулосаи худро баровардааст, аммо масъулини эъломи «Беҳтарин албом» пеш аз он ки суруд ё матнеро ба ҷоизаи давлатӣ сазовор донистанӣ мешаванд, бояд сурудҳоеро назири «қатағанҷон»-у «аййайай» таҳлил кунанд.
Бонуи Сафаралӣ