Вале бо тақозои вазифаи хидматӣ дар Хоруғ маскан гирифтани оилаи прокурор Исохоҷа Тошхоҷаев бо завҷаи санъаткораш Сайёдхон Турсунова назари сокинони маҳаллиро дар мавриди хонашинии иҷбории занони ашхоси мансабдор куллан дигар кард.
Оҳанги марғуб ба саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ мерехту зери ҳавои суруди дилангез раққосаҳои хушадо рақси бадахшонӣ иҷро мекарданд. Дар ин байн зери садои доира қомати зебо ва мавзуни дигаре бо шеваи ноошно, вале зебову нотакрори рақс ба ҷилва даромад. Дар толор сукути том ҳукмфармо гашт. Нигоҳи тамошобинон ва шӯру шавқашон аз эътирофи ҳунари волои чеҳраи нав дар саҳна гувоҳӣ медод. Сипас гурӯҳи раққосаҳои бадахшонӣ ҳам зери навои хуҷандӣ ба рақс даромада, барномаи консертиро боз ҳам рангинтар карданд.
– Соли 1980 кӯшиши дар театри вилоятӣ ба саҳна гузоштани рақси мардуми шимоли кишварро мушоҳида кардам, вале он бо сабабҳои гуногун муваффақ нашуд. Вале Сайёдхон Турсунова аз рӯзи аввали ба ҷойи нав омадан ҳамкории фаъолро бо шӯъбаи фарҳанги вилоят ба роҳ монда, дар муддати кӯтоҳ тавонист нозукиҳои ин рақсро ба санъаткорони вилоят омӯзонад. Раққосон бо камоли майл дар қатори рақси бадахшонӣ ва чакан рақсҳои хос ба мардуми минтақаи шимоли кишварро иҷро мекунанд ва фикр мекунам, ки он дар баробари намудҳои дигари рақс дар репертуари санъаткорони вилоят ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст,–изҳор дошт директори маркази эҷодии халқи ВМКБ, Мулкамон Мулкамонов.
Ба гуфти журналист Шоҳхумор Шоҳбаҳоров доирарақсро борҳо аз оинаи нилгун дидааст, аммо тамошои он дар саҳнаи театри Хоруғ кайфияти дигаре дошта, иҷрокунандагону басаҳнагузорандаи он тавонистанд дар дили мухлисон таассуроти аҷибу рангине боқӣ гузоранд.
– Нахустин бор ба манзури намоиши гуногунрангии фарҳанги ғании мардуми манотиқи ҷумҳурӣ бо роҳбарии Сайёдхон доирарақсро иҷро кардем. Ҳар як чизи нав сараввал душвор аст, вале рақс ба мо писанд омад ва тамошобинон ҳам онро гарм истиқбол карданд ва худамон хоҳиш намудем, ки намудҳои дигари рақсро низ ба мо омӯзонад,– мегӯяд раққосаи гурӯҳи «Гулдаста»-и шӯъбаи фарҳанги шаҳр Аниса Мусайибова.
Сайёдхон, агарчӣ чеҳраи нав дар саҳнаи Бадахшон аст, вале то ба ин ҷо омадан аллакай роҳи як ҳунарманди соҳибистеъдод ва баркамолро, ки заҳматҳояш эътироф ва қадр шуданд, тай кардааст. Балетмейстер ва раққосаи дараҷаи олии дастаи ҳунарии рақсии «Чаманоро»-и муассисаи давлатии вилоятии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ширкати фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Дӯстдорони синамо ин қаҳрамони филми телевизионии «Гирдоб»-ро ба хубӣ дар ёд доранд. Дар намоишномаҳои «Кабки қафас», «Шаҳраки мо», «Нидо», «Шаҳпарак хоб дид», «Фолбинии Насридини Афандӣ», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», «Як дилу ду ҷаҳон», «Хандаи дуздида» нақш офаридааст. Намоишномаи «Шаҳраки мо» дар озмуни театрҳои касбии «Парасту-2001» соҳиби шоҳҷоиза гашт ва Сайёдхон ҳамчун офарандаи беҳтарин нақши занона мукофот гирифт.Ҳаводорони рақси тоҷикӣ ба ҳунарнамоиаш дар саҳнаҳои Русия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон ва Фаронса каф кӯбидаанд.
Акнунин бону ҳунарашро бо худ ба шаҳри нав армуғон овардааст. Бо ҳунари воло маҳфилҳои фарҳангиро шукӯҳу тароват мебахшаду маҳорату малакаи хешро ба шогирдон меомӯзонад ва барояшон асрори санъати зебои рақсро мекушояд.
Дар ҳоле,ки бархе аз тамошобинон аз зери таъсири рақси чакан ва доирарақси хуҷандӣ мондани рақси бадахшонӣ ва хатари махлутшавии он бо дигар намудҳои рақс сухан мегӯянд, ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Маҳингул Назаршоева ин нигарониро муболиға медонад ва қобилияти муаррифӣ намудани рақсҳои гуногуни зебои тоҷикиро баёнгари фазилати ҳар як ҳунарманди асил мешуморад. Маҳингул шод аст, ки ба шарофати Сайёдхон санъаткорони шӯъбаи фарҳанг имконияти бойю рангин намудани репертуари рақсиро пайдо карданд.
– Рақс унсури хеле нозуки санъат аст. Ман рақсҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон, ба мисли испонӣ, юнонӣ, ҳиндуву арабӣ, озарӣ, гурҷӣ, молдовӣ, уйғурӣ, ӯзбекиву русиро иҷро намудам. Нахустин бор рақси бадахшониро дар саҳнаи Театри мазҳака- мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд зери суруди Муборакшо Мирзошоев «Рақс бикун, шӯр бидеҳ» иҷро кардам. Аммо вақте дар шӯъбаи фарҳанги Бадахшон бо раққосаҳо ба кор сар кардам, фаҳмидам, ки аз бисёр нозукиҳои рақси бадахшонӣ ҳанӯз бехабарам. Бароям ҳаракатҳои тез ва бурои раққосон писанд аст, аммо фаҳмидам, ки ин тарзи ҳаракат хоси рақси мардонаи бадахшонӣ буда, ба таври сунъӣ онҳоро наметавон ба рақси занона омезиш дод. Зеро рақси занонаи бадахшонӣ ҳаракат ва чархиши оҳиставу мавзун мехоҳад ва хеле нозуку нафис буда, тезиро намеписандад. Қариб як сол мешавад, ки дар Хоруғам. Мардуми онро дӯст доштам. Барои санъаткор пазироии гарму самимӣ ва кафкӯбӣ тӯҳфаи аз ҳама гаронбаҳо мебошад.
Дар мавриди издивоҷ бо шавҳараш Сайёдхон чунин нақл мекунад:
– Муттасил ба кор банд будам, бовар доштам, ки фақат бо меҳнат дар ҷодаи ҳунар ҷойгоҳи сазовор пайдо карда метавонам. Шавҳарам, ки он вақт дар прокуратураи вилояти Суғд кор мекард, яке аз мухлисони фаъоли театри мо буд. Ман ин ҷавони орому ботамкин ва дорои маданияти баландро дар толор дидам. Вале ҳеҷ тасаввур намекардам, ки маҳз дар қатори мухлисонамон «ними дигарам» -ро пайдо намоям.Боре ба маслиҳати ҳуқуқӣ эҳтиёҷ пайдо кардам ва аз ин мухлиси доимиамон, ки мутахассиси риштаи ҳуқуқ аст, кӯмак хостам. Бо амри тақдир ин муроҷиат муносибатҳои дӯстонаамонро қавитар намуда, ба ишқу муҳаббат ва хонадоршавӣ анҷомид ва ман худро хушбахт мешуморам, ки дар саҳнаи ҳунар бахту саодатамро пайдо кардам.
Мавлонои Балх гуфтааст:
Дар баҳорон кай бирӯяд гул зи санг,
Хок шав, то гул бирӯяд санг-санг.
Воқеан, ин зану шавҳари дилдодаи касбу кори хеш ва хоксору самимӣ, ки Хоруғро чун ҳар як гӯшаи дигари кишварамон дӯст доштаанд, бо фаъолиятҳои касбӣ ва фазилатҳои инсониашон дар муддати кӯтоҳ тавонистаанд чун намунаи ҷуфти мувофиқ ва муваффақ дар кору зиндагӣ сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гарданд.
Ш. Мирзоҷалол