Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳадафи асосии симпозиум баррасии масоили тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар: анъанаҳои миллӣ ва равандҳои ҳозиразамон мебошад.
Дар чаҳорчӯбаи симпозиум ҳамчунин баргузории давраҳои омӯзишӣ ва дарсҳои кушод бурдани меҳмонон, шиносоӣ бо фарҳанги этнографии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳри ҳунарҳо дар Боғи Ирам», барномаи фарҳангӣ, консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Русия ва ғайраҳо дар назар аст.
Бояд ёдрас шуд, ки созмондиҳандагони чорабинии мазкур Кумитаи кор бо ИДМ-и Шӯрои Федератсияи Русия, Вазоратҳои фарҳанг ва маорифи Федератсияи Русия, Хадамоти федералии кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд, ҳамватанони хориҷ аз кишвар ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество), Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав, Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ ва Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи Давлатии санъат ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Намояндагии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» мебошанд.
БАРНОМАИ ТАШРИФИ МЕҲМОНОН
3 октябр | ||
09.40-15.30 16.30-17.30 17.30-19.00
19.00-20.00 | Парвоз Маскав – Душанбе Ҷой кардани меҳмонон дар меҳмонхона, вақти холӣ Консерти мусиқии органикӣ (Абдуллин Рубин Кабирович, Ҳунарманди мардумии ФР, ректори Ҳунаристони Қазон) Хӯроки шом дар ресторан | |
4 октябр | ||
8.30-9.30 9.30-10.00
10.00-13.00 13.00-14.00 14.00-17.00 17.00-17.30
17.30-19.30
20.00-21.00 22.00 | Хӯроки субҳ дар меҳмонхона Ба ҷои баргузории давраҳои омӯзишӣ ва дарсҳои кушод бурдани меҳмонон Давраи омӯзишӣ Хӯроки нисфирӯзӣ дар ресторан Идомаи давраи омӯзишӣ/дарсҳои кушод Ба меҳмонхона бурдани меҳмонҳо, сипас – ба ҷои баргузории барномаи фарҳангӣ Шиносоӣ бо фарҳанги этнографии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳри ҳунарҳо дар Боғи Ирам» Хӯроки бегоҳирӯзӣ Ба меҳмонхона рафтан | |
5 октябр | ||
8.30-9.30 9.30-10.00 10.00-12.30
12.30-13.30 14.00-17.00
17.00-17.30
17.30-19.30
19.30-20.00 20.00-21.00 21.00 | Хӯроки пагоҳирӯзӣ дар меҳмонхона Ба ҷаласаи умумӣ бурдани меҳмонон Маросими ботантанаи кушодашавии симпозиум ва паёмҳо нишонии симпозиум. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Окилов, вазири фарҳанги ҶТ М. Асрорӣ, вазири маорифи ҶТ А.Раҳмонов, президенти Академияи илмҳои ҶТ М. Илолов, ректори ДДФҲМ Р.Абдулатипов,роҳбари «Россотрудничество» Ф.М. Мухаметшин. Комплекси консертии «Вахдат» Хӯроки нисфирӯзӣ дар ресторан Ҷаласаи умумӣ. Баромадҳо: Сарвазири ҶТ О. Окилов,ноиби сарвазири ҶТ Р.А. Курбанова, вазири фарҳанги ҶТ М.А. Асрорӣ, вазири маорифи ҶТ А. Рахмонов, президенти Академияи илмҳои ҶТ М.И. Илолов, ректор ДДФҲМ Р.Г. Абдулатипов, роҳбари «Россотрудничество» Ф.М. Мухаметшин,ҷонишини вазири фарҳанг Ф.А. Азизи, ҳамчунин кормандони давлатии ҶТ ва ФР Рафтан ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Барномаи фарҳангӣ. Консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Россия Хӯроки шоми тантанавӣ Рафтан ба меҳмонхона | |
6 октябр | |
8.30-9.30 9.30-10.00 10.00-13.00
13.00-14.00 14.00-16.00 16.00-18.00
18.00-20.00
16.00-18.30 19.00-20.00 20.00-20.30 | Хӯроки пагоҳирӯзӣ дар меҳмонхона Ба ҷои кори маҳфилҳо рафтан Маҳфилҳо; Кофе-брейк Маҳалли баргузорӣ: Комплекси консертии «Вахдат» 1. Ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ: стратегияи тайёр намсудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо Модераторҳо: Ф.М. Мухаметшин, роҳбари Россотрудничество; Н.Н. Ярошенко, доктори илмҳои педагогӣ, профессор,мудири кафедраи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ДДФҲМ; Ф.А. Ульмасов, проректори корҳои илми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 2. Анъанаҳои этникӣ-миллӣ ҳамчун заминаи арзишманди тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва ҳунар Модераторҳо: И.В. Малыгина, директории пажуҳишгоҳи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии ДДФҲМ; Л.В. Косогорова, номзади илмҳои педагогӣ, профессор, декани факултаи фарҳанги адабӣ-халқӣ ва дизайни ДДФҲМ; М.Б. Каримов, проректори корҳои илмии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 3. Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар шароити навшавии ҷомеа: стратегияи ҳамкорӣ дар тайёркунӣ ва дигарбора тайёркунии мутахассисон Модераторҳо: Т.В. Кузнецова, директории Пажуҳишгоҳи китобдорӣ-иттилоотии ДДФҲМ; Н.Ю. Салимов, директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4. Динамикаи иртиботи анъанаҳои педагогии маълумоти иҷтимоӣ-фарҳангӣ бо равандҳоибайналмилалии тайёр намудан ва дигарбора тайёр намудани кадрҳои зинаи болоӣ Модераторҳо: В.М. Чижиков, доктори фарҳангшиносӣ, профессор, мудири кафедраи идораи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ДДФҲМ;Муборак Турсунов, номзади илмҳои педагогӣ, проректори бахши илмии ДДСТ ба номи М. Турсунзада. 5.Нақши манбаъҳо ва кадрҳои фарҳанги Россия дар ваҳдати ҷаҳони русӣ Модераторҳо: Л.А. Жумаева, номзади илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи омӯзиши забонҳои ДДФҲМ; Х.Д. Шамбезаде, проректори бахши илмии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия. Хӯроки нисфирӯзӣ Идомаи кори маҳфилҳо. Ҷамъбасти натиҷаҳо Вохӯрии ректори МГУКИ бо ректорони донишгоҳҳои олӣ, интеллигенсияи илмӣ ва эҷодӣ дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе Чорабинӣ тибқи барномаи Россотрудничество (бо даъватномаҳо) Саёҳат ба Қалъаи Ҳисор Хӯроки бегоҳирӯзӣ дар ресторан. Ба меҳмонхона рафтан. |
7 октябр | |
8.00-8.30 09.30-10.00 10.00-12.00
12.00-13.00 13.30-14.00 14.00-14.30 16.30 | Хӯроки пагоҳирӯзӣ дар меҳмонхона. Иштирок дар маросим пӯшидашавии симпозиум Ҷамъбасти натиҷаҳои симпозиум. Маросими тантанавии пӯшидашавиисимпозиум Комплекси давлатии №8 «Сомони» Зиёфати тантанавӣ бахшида ба пӯшидашавии симпозиум Вақти фароғатӣ Ба фурудгоҳ рафтан Парвоз Душанбе – Москва |