Муаррифӣ:
Нафиса Рӯзиева – зодаи Қазоқистон. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Пахтаарали вилояти Чимкент фаро гирифта ва соли 1992 факултаи филологияи ДДОТ-ро хатм намудааст. Соли 1993 то соли 1998 дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон, 1998-2005 машваратчии Суди олӣ ва аз соли 2005 то имрӯз ба унвони сармутахассиси Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Пайроҳае аз ишқ
Эҳтимол баъд аз мутолиаи ин матлаб дар зеҳни хонанда андешае русух кунад, ки чаро муаллиф пайваста ашхосеро меҷӯяд, ки хати маши зиндагии онҳо ишқ аст. Ишқе, ки лаҳзае дилро саршор аз муҳаббат мекунаду гоҳи дигар ҷудоӣ қалбро ба хун мекашад. Чаро ишқеро меҷӯяд, ки чашми инсонро боз карда, дар фарозу нишеби зиндагӣ танҳояш мегузорад. Ва ин танҳоӣ ӯро мебарад ба пайраҳае, ки ҷуз ошиқ касе роҳи онро надонад. Пайроҳае, ки аз он ба дунёи лоҳут ва ҳам ба марг як қадам аст.
Ин зан ба хотири пайдо кардани маҳбуб даҳҳо маротиба ҷонашро ба хатар гузоштаву садҳо бори дигар фарсахҳои матрукро пиёда тай намудааст. Ба хотири маҳбуб аз хешу пайвандон, зодгоҳу дӯстон буридаву домони муҳаббат гирифтааст.
Нафиса
Исми ин бону Нафиса аст ва чӣ интихоби дурусте кардаанд волидонаш дар таъйини исм. Воқеан, дар муносибат ба инсонҳо… нафис аст. Қалби нозук, эҳсоси латиф, атвори ҳамида ва нигоҳи саршор аз меҳр дорад.
Азбаски бобояш Шодимурод Рӯзиев асосгузори мактаби тоҷикӣ дар Қазоқистон маҳсуб мешуду падараш низ омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буд, бе тардид касби онҳоро интихоб намуд. Ҳанӯз оғози таҳсил дар донишгоҳ, дар худ нигоҳи чанд нафар ҳамсабақҳояшро дӯхта медид. Аз шарм чашмонашро аз китоб намеканд. Аммо нигоҳҳо пайваста амиқтару жарфтар мешуданд. Духтаре, ки тоза аз канори модар ҷудо шуда, аз кишвари дигар ба пойтахти Тоҷикистон омада буд, намедонист чӣ гуна худро аз ин нигоҳҳо халос кунад. Пайваста суханони модари ҷигарсӯз дар гӯшае аз зеҳнаш садо медод: «Худатро эҳтиёт кун, ҳавову ҳавасро канор гузору дипломатро гирифта, ба деҳа бо сари баланд баргард. Маро дар байни хешу табор ва ҳамдеҳагонам сархаму шармсор накун, духтарам». Ин суханони модаре буд, ки дар синни 28-солагӣ дар садамаи автомобилие шавҳари 31-солаи худро аз даст додаву тани танҳо 6 фарзандро (фарзанди калонӣ 9 сол ва хурдӣ 3 моҳ дошт) ба воя расонидааст…
Диплом ва ишқ
5 соли таҳсил ба мисли мижа задан зуд гузашту Нафиса ҳамроҳ бо диплом дар қалбаш меҳри ҷавонеро бо худ ба Қазоқистон бурд. Аз рӯзҳои аввали таҳсил ҷавони чашму абрӯсиёҳе ба ӯ дил додаву ҳар лаҳзаи мувофиқ дар синфхона паҳлӯяш менишаст. Ба тадриҷ «хостгорон» - и дигар худро канор гирифтанд. Онҳо ба дараҷае ҷуфти муносиб буданд, ки ҳатто омӯзгорон, агар нафареро танҳо медиданд, суроғи дуввумиро мегирифтанд.
Домони андеша
Дар давоми 5 соли таҳсил дар донишгоҳ Саъдӣ се маротиба волидайни худро барои хостгорӣ ба Чимкент фиристод, вале ҳар дафъа модар баъд аз машварат бо Нафиса посухро барои соли баъд вогузор менамуд.
Муҳаббат қавонини хешро доштааст. Баъд аз як моҳи баргаштан ба зодгоҳ Нафиса сабру таҳаммулро аз даст дод. Ҳиҷрон, ба қавле миёншикан ва таҳаммулнопазир будааст. Дигар на чизе дили ӯро фараҳ мебахшиду на коре ҷалбаш мекард. Рӯзона пеши назараш чашмони зебои Саъдӣ буду садои ширинаш, ки мегуфт: «Нафис!». Шаб, ки мешуд, дар хобаш боз ҳам ӯро медид. Намехост шаб интиҳо дошта бошад. Охир, бо расидани субҳ висол қатъ мешуду ҳиҷрон домони андеша мегирифт. Кор ба ҷойе кашид, ки Нафиса рӯзе пардаи шарм дариду ба назди модар рафта гуфт: «Бе Саъдӣ зистан наметавонам!». Модар, ки бо умед посухи чандин хостгорҳоро аз деҳа ва рустоҳои наздик барои баъд вогузошта буд ва умед дошт духтарашро дар наздикиҳо ба шавҳар диҳад, бо чашмони пур аз ашк ва дили пур аз дард гуфт: «Бигӯ, ба хостгорӣ биёянд»
Арӯсӣ ва ҷанг
Баъд аз чанд моҳи тӯйи арӯсии онҳо дар Тоҷикистон вазъ ба тадриҷ мутташаниҷ шуд. Саъдӣ Нафисаро ба Чимкент бурду худ ба Душанбе баргашт. Аммо волидон ӯро ба ҳолаш нагузоштанд ва маҷбур шуд ба зодгоҳаш биравад. Овозаи бесарусомониҳои Душанбе хобухӯрро аз Нафиса ба куллӣ рабуданд. Дар давоми ду ҳафтаи ҷудоӣ аз як бонуи зебо ба зани лоғар ва маризе табдил шуд. Модар ин ҳолро дида, ба ӯ иҷоза дод, ки ба Душанбе баргардад.
Нафиса роҳеро, ки ҳама вақт бо муҳаббат, ба хотири дидори дӯстдоштааш мепаймуд, бо мушкилии зиёд пушти сар кард, вале хонаро холӣ ёфт. Шаҳри орзуҳои ҷавониаш аз байн рафтаву ба маконе табдил шуда буд, ки аз паскӯчаву хиёбонҳояш бӯйи хун меомад ва марг ҳар роҳгузарро таҳдид менамуд. Бо кӯмаки ҳамсояҳо ба масири ҳавоии Душанбе – Хоруғ билет дарёфт кард, аммо ғайриинтизор бо хоҳиши модар тағояш барои бурдани ӯ ба зодгоҳаш омад. Нафиса баъд аз андешаи зиёд таваккал карда, ба низомие пул дод, то тағояшро битарсонад, ки ӯ ба Чимкент баргардаду монеи сафараш ба Бадахшон нашавад.
300 км роҳи пиёда
ба хотири дидор
Баъд аз баргаштани тағояш Нафиса бо ҳавопаймо ба Хоруғ рафт. «Азбаски бори аввал ба Бадахшон мерафтам, аз ҳавопаймо фаромада ба назди таксие рафта гуфтам: Бағоҷдони мошинатонро кушоед. Ронандаи таксӣ аз мошин фаромада пурсид, ки ба куҷо меравам. Бо қатъият посух додам, ки ба Дарвоз меравем. Ронанда бо тааҷҷуб ба ман нигариста пурсид, ки оё бори аввал ба Бадахшон омадаам? Барои тасдиқи ҳарфи ӯ сар ҷунбондам. Ронанда хандида гуфт, ки то деҳаи дар Дарвоз мегуфтаи ман тақрибан 300 километр роҳ аст. Мо бошем, танҳо дар шаҳри Хоруғ кор мекунем. Агар бахтат мадад кунад, дар давоми ҳафта мошине меёбӣ, ки бо коре ба ин ҷо омадаасту бармегардад. Бо шунидани ин суханон диламро ғам гирифт. Охир, фикр мекардам, ки имрӯз Саъдиро мебинам. Чанд нафари дигар низ роҳии Дарвоз буданд. Онҳоро бовар кунондам, ки истодан дар Хоруғ маънӣ надорад. Пиёда роҳ бигирем, шояд толеамон баландӣ кунаду мошин ёбем.
3 километр то висол
«Дар ду ҷомадон барои Саъдӣ либоси гарм гирифта будам, ки дар ҳавои сард сармо нахӯрад. Аз куҷо медонистам, ки 12 рӯз бояд бо ин бори сангин роҳ равам. Аз хастагию гуруснагӣ гоҳе гиря мекардему гоҳе ҳам ба ҳоли худ механдидем. Дар толеи пасти мо тайи ин муддат мошине ҳам аз он масир нагузашт, ки роҳамонро кӯтоҳтар кунем. Гоҳе сари роҳ ба хонае наздик шуда, нон ё об мепурсидем. Бори аввал дар худ эҳсос намудам, ки талбандагӣ чӣ кори сахте будааст. Аз шарм баъзан нони гирифта аз гулӯям намегузашт. Хушбахтона, яке аз ҳамроҳонам зани солдида ва таҷрибадор буд. Мо – ду нафар ҷавонро насиҳат мекарду дил мебардошт. Ниҳоят шоми рӯзи дувоздаҳум ба деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз расидем. Тағои Саъдӣ моро дар кӯча дида, ҳайрон ба сӯямон менигарист. Бо дидани ӯ таҳаммулро аз даст дода, бо тамоми овоз ба гиря шурӯъ кардам.
Моро ба хонааш бурд. Новобаста ба дарди бадан ва обилаҳои дасту поям хушбахт будам, ки рӯзи дигар ба дидори Саъдӣ мерасам. Вақте хӯрок кашиданд, нафаре гуфт, ки то хонаи шавҳарам се километр роҳ мондааст. Бо шунидани ин сухан коса аз дастам афтоду бо гиря ба илтиҷо даромадам, ки маро ба он ҷо баред. Тағои Саъдӣ хоҳиш мекард, ки хӯрок хӯраму ҳаммом гирифта, каме ба худ биоям. Қабул накардам. Он вақт шарт гузошт, ки ақаллан хӯрок хӯрам. Дидам, ки илоҷ нест, шартро пазируфтаму гӯшти мурғро аз таги миз ба писари ӯ дода, ноаён хӯрокамро рехтам. Эҳтимол рафторамро мушоҳида кард, ки гуфт: бархез, меравем. Се километр роҳи ҳамвор дар назарам аз 300 километр роҳи фарсудаву хароб дуртар намуд. Вақте ба деҳа расидем, Саъдиро дидам, ки бо аҳли хонаводааш дар роҳ моро мунтазир буд. Дигар чизе дар ёдам нест, ҳама оламро аз ёд бурдам», – мегӯяд ӯ.
18 рӯзи афсона
«Он шабу рӯзҳо қисме аз роҳи байни деҳаи Рузвай ва Кевронро об гирифта буд. Агар касе аз ҷониби Бадахшон меомад, бояд панҷ километри дигар ба кӯҳ мебаромаду аз деҳаи дигар мефаромад. Роҳ хеле хатарнок ва сангин буд, ба хусус барои онҳое, ки бо пайроҳаи кӯҳӣ боре ҳам нарафтаанд. Ҳамчунин барои интиқоли фаврии борҳо сими дукилометрае кашида шуда буд. Вақте фаҳмидам, ки Нафиса ин фосиларо бо сим гузаштааст, фурсате ақлро аз даст додам. Зеро агар одам аз он сим афтад, рост ба қаъри дарёи Панҷ мерафт».
«18 рӯзи дар деҳа буданам, мисли афсона гузашт. На шабҳо хоб мерафтему на рӯз. Он қадар гап дар диламон ҷамъ шуда буд, ки вақт барои гуфтани он камӣ мекард. Бо ҳам алаф медаравидему ташнагиамонро аз оби сарди чашмаҳои кӯҳӣ мешикастем, дар соҳили дарёи Панҷ менишастему аз муҳаббат сӯҳбат мекардем. Шабҳо рӯйи кат хобида, ба ситораҳои осмон менигаристему барои якдигар ситораҳои аз ҳама бузургро тақдим менамудем.
Нигаҳбонбону
Ба Душанбе баргаштанду дили Нафисаро андӯҳ пахш кард. Шавҳараш дар донишгоҳи омӯзгорӣ кор мекард. Нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият надошт, аз ин рӯ ӯ бояд ҳар рӯз аз Яккачинор то донишгоҳи омӯзгорӣ пиёда мерафту баъд аз кор пиёда бармегашт. Рӯзона аз кӯчаву хиёбонҳо садои тирпарронӣ шунида мешуд. Шабе то субҳ андеша карду баъд аз ношто ҳамроҳи шавҳар аз хона берун шуд. «Ту куҷо меравӣ», – пурсид Саъдӣ. «Туро ҳамроҳӣ мекунам», – посух дод ӯ.
Ба ҳамин тариқ, дар давоми як сол ҳар субҳ Нафиса аз маҳаллаи Яккачинор то Медгородок пиёда ҳамроҳи шавҳараш мерафт. Саъдӣ омӯзгорӣ менамуду Нафиса дар саҳни донишгоҳ ӯро мунтазир мешуд.
Ин манзара аз чашми мардум пинҳон намондааст, ки рӯзе марди тақрибан 50-солае наздаш омада салом дод ва гуфт: «Як сол боз мебинам, ки Шумо дар саҳни донишгоҳ шавҳаратонро мунтазир мешавед. Аз ҳамкорони шавҳаратон фаҳмидам, ки маълумоти олӣ доред. Як пешниҳод дорам. Ман мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи тиббӣ ҳастам. Барои зоеъ нарафтани вақт беҳтар мешуд, ки бо мо ҳамкорӣ намоед. Тақрибан дарсҳо дар як вақт тамом мешаванд. Ҳамроҳ бо Саъдӣ ба хона бармегардед».
Ҳамин пешниҳод сабаб шуду Нафиса аз соли 1993 то 1998 дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба ҳайси лаборанти калон фаъолият намуд.
Модар
Мавлонои Балх ҷойе дар «Нукот» мегӯяд: «Агар чизе ба даст овардӣ, чизеро аз даст додаӣ». Воқеияти талхи зиндагӣ чунин будааст. Нафиса дар зиндагӣ муҳаббатеро ёфт, ки Худо на ҳар инсонеро аз ин неъмат баҳравар мекунад, аммо бар ивази он аз фараҳи зодани тифл насиб набардошт.
Шабҳо Саъдӣ хоб мерафту Нафиса то субҳ ба чеҳраи зебои ӯ менигарист, хеле мехост тифле ба дунё биёрад, ки чашму абрӯи ӯро дошта бошад. Аммо…
Ҳар субҳ баъд аз ношто Нафиса Саъдиро ба кор ва Сафинаро ба мактаб гусел намуда, ба кор меравад. Дар давоми рӯз андешааш сари аҳли хонадон аст, ки дӯсташон медорад ва зиндагиро бе онҳо тасаввур намекунад.
Сафина «ҷигар»-и Нафиса ва Саъдӣ, пайвандгари ногусастании миёни онҳо ва пайвандонашон имсол ҳафтсола шуд.
Ҳар шом Нафиса аз муҳаббат ғизо таҳия мекунаду шаб баъд аз хоб рафтани онҳо ба даргоҳи Офарандаи бузург шукр ва сипос мегӯяд.
Мо ҳам намоз мегузорему рӯйи саҷҷода аз Худованд илтиҷо мекунем, ки чунин бонувони зодаи муҳаббатро нигаҳбон бошад, зеро миллати зодаи ишқ хушбахттарин аз мӯъминон аст.
Эмомалӣ САЙИДАМИРЗОД