Ҳалолат шири модар, қадри модарро ту медонӣ,
Ба ин сон меҳрубонӣ меҳри хоҳарро ту медонӣ,
Дилат саршори ишқу ишқи ту саршори дил бошад,
Ба ин ишқу ба ин дил ишқи дилбарро ту медонӣ.
Ту бо модар қасам хӯрдӣ, қасамро поктар кардӣ,
Ба шафқат хоҳаронро раставу бебоктар кардӣ,
Вафоро бар диёру ёр то ҳар ҷону дил бурдӣ,
Замини ишқро волотару афлоктар кардӣ.
Ба дилбандӣ ту фарзанди тамоми модарон гаштӣ,
Бародарвор пайванду шафиқи хоҳарон гаштӣ,
Зи сар то по дили покиву барҳақ рамзи дилдорӣ
Ба ҷамъи хушдили дилдодагону дилбарон гаштӣ.
Биарзад, гар садоқатро садоқат аз ту омӯзад,
Сафобахшо муҳаббатро муҳаббат аз ту омӯзад,
Саодат доштан аз бахту аз иқболи мардумро
Дар ин дунёи бемеҳрӣ саодат аз ту омӯзад.
Касеро нестӣ ноёр, аё эй ёри Истиқлол,
Бувад дасту дилат пайваста андар кори Истиқлол,
Ба ҳар ҷо мондаӣ аз хештан осори Истиқлол,
Муборак ҷашни Истиқлол, эй меъмори Истиқлол!
Низом Қосим