Гелфанова Валия Набиевна зодаи вилояти Новосибирски Русия дар синни 21-солагӣ ба Тоҷикистон меояд. Бемории тӯлонӣ ва марги духтарчаи нахустинамро таҳаммул карда натавонистаму духтурон маслиҳат доданд, ки бояд ҷойи кору макони зистро иваз намоям, – нақл мекунад ӯ. Дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон зиёд шунида, нисбат ба мардумону ин сарзамин меҳр доштам. Вақте зарурати ҳиҷрат пеш омад, бе кадом дудилагӣ интихоб рӯйи Тоҷикистон афтод. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа соҳиби фарзандони солиму солеҳ шуда, дар ҷойи кору маҳалли зистам соҳиби иззату эҳтиромам. Духтарам Зуҳро Гелфанова дар озмуни стипендияи байнулмилалии Президенти Тоҷикистон – «Дурахшандагон» ғолиб баромада, алъон дар факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил дорад. Имсол писарам тариқи квотаи Президентӣ ба факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав дохил шуд. «Вақте барои як оилаи мо ин қадар шароит фароҳам аст, ман ҳуқуқи маънавӣ надорам, ки лаҳзае аз фикри ободию пешрафти Тоҷикистон берун бошам. Ваъдаи фарзандонам ҳам ин аст, ки баъди таҳсил дар хориҷа ба халқу шаҳри худ хизмат намоянд. Онҳо дар назди Ватан, ки барои таълиму тарбияашон саҳми бузург дорад, қарздоранд.
Валия Набиевна дар мактаби № 9-и шаҳри Қӯрғонтеппа омӯзгор аст. Ӯ мегӯяд. «Бовар мекунед, ҳар боре ба аёдати волидонам ба Русия меравам, то бозгашт ба Тоҷикистон мактаб, ҳамсояву дӯстон, ҳар гиёҳу дарахти кӯчаҳои Қӯрғонтеппа лаҳзае аз пеши назарам дур намешаванд. Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ободонии шаҳр ба ман фараҳ мебахшанд. Бояд гуфт, ки муҳимтарин рисолати насли калонсоли ҷомеаи Тоҷикистон тарбияи насли наврас дар роҳи хидмат ба Ватан мебошад.
Костилева Галина Василевна бошад, соли 1944 аз Русия ба ноҳияи Ҳоит муҳоҷир шудааст.
Дар Ҳоит оила барпо намуда, зиндагии ширине оғоз карда будем, ки заминларзаи соли 1949 Ҳоитро хароб кард. Моро ба савхозтехникуми ноҳияи имрӯзаи Бохтар муҳоҷир намуданд. Бо гузашти солҳо дар водии Вахш соҳиби манзилу ҷойи кор шудем. Соли 1992 дар як рӯз ду писарам, ки аз кори хоҷагии лимонпарварии Бохтар бармегаштанд, кушта шуданд. Ман ҳам дар қатори дигар модарони фарзандгумкарда ҳаволаи қотилони писарамро бар Худо кардам. Ба 70-солагии худ нигоҳ накарда аз нав ба китобхонаи маҳаллӣ ба кор даромадам, то ин ки ғаму андӯҳ иродаи маро нашиканад. Вақт захмҳоро малҳаму пиндори нек рӯҳи инсонро покиза нигоҳ дошта, ба ӯ нерӯмандӣ мебахшад. Бо ҳама пастию баландиҳояш ин шаҳрро дӯст медорам. Шукри Худо, ки бар ман умри дароз ато намудааст. Имрӯз духтарам ҳам ба нафақа баромада, набераам бо шавҳараш дар Руссия кор мекунанд. Абераам Натэлла навакак аз таҳсил, аз Амрико баргашт. Акнун ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби касбу ҳунар шавад, баъдан оила, ки барпо кард, дар насибам бошад, чабера аз набераамро ҳам болои даст мегирам, – мегӯяд ӯ.
Абераи Галина Василевна Натэлла Шодибекова хатмкардаи мактаби №9 Қӯрғонтеппа буда, соли гузашта тавассути барномаи «Флекс» як давраи омӯзиширо дар Амрико фаро гирифтааст. Ба гуфтаи Натэлла гарчанде дар Амрико шароити кору илмомӯзӣ ва истироҳату фароғати ҷавонон беҳтар бошанд ҳам, аммо низоми таълим ба ӯ писанд аст. Зеро дар ИМА баъди синфи 9 толибилм танҳо дар тадриси фанҳои интихоб кардааш иштирок менамояд. Одатан наврасон дар интихоби касб якчанд маротиба фикри худро тағйир медиҳанд. Аз ин рӯ методи таълиме, ки дар мо ҷорӣ аст ба толибилмон имконият медиҳад, ки то хатми макта би миёна дар интихоби касби дӯстдошта фикри худро тағйир диҳанд. Вақти таҳсил дар Амрико ман бори дигар бовар кардам, ки наврасони тоҷикистонӣ нисбат ба ҳамсолони амрикоии худ истеъдоду малакаи зиёдтар доранд. Инро тамоми ҳамдарсонам, ки намояндагони кишварҳои гуногуни буданд, эътироф мекарданд. Дар ин бора матбуоти Амрико ҳам зиёд менавишт.
Қӯрғонтеппа шаҳри орзуҳои ман аст, – мегӯяд Натэлла. Боварӣ дорам, ки наслҳои ҷавони мо баъди бозгашт аз таҳсил дар хориҷа Қӯрғонтеппаро ба як шаҳри маданӣ табдил медиҳанд. Дар айни замон бояд шаҳрдорон дар масъалаи тарбияи маънавӣ ва маданияти муоширати насли наврас кори маорифу фарҳангро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр аз забони наврасон алфози қабеҳ ба гӯш мерасад.
Натэлла орзу дорад, ки дар оянда тарҷумон шавад. Ҳоло ҳуҷҷатҳои худро ба шӯъбаи тарҷумонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия супоридааст. Зимни таҳсил дар ИМА забони англисиро хубтар омӯхта, имрӯз озодона муошират мекунам. Аз ин рӯ, барои дохилшавӣ ҳарос надорам, – бо боварӣ мегӯяд ӯ. Муҳим дар имтиҳонҳо шаффофият таъмин бошад.
Ба гуфтаи Наталя Ниёзова, сардабири ҳафтаномаи русии «Новый Хатлон» русҳои сокини Хатлон Тоҷикистонро ватани аслию Русияро ватани таърихии худ меҳисобанд. Дар солҳои 1992-1997 зиёд аҳолии русзабони Қӯрғонтеппа ба Русия ҳиҷрат мекарданд, аммо баъдан бисёрии онҳо бармегаштанд.
Наталя Ниёзова нақл мекунад, ки ҳар гоҳе ба аёдати падарам ба Русия меравам, шароити зиндагию вазъи иҷтимоии мардумро дида, дилам мехоҳад ба зудӣ ба Қӯрғонтеппа баргардам. Дар шаҳре, ки пайвандони ман сукунат ихтиёр кардаанд, истеҳсолот фалаҷу сафи ҷавонони нашъаманд афзудааст. Дар Қӯрғонтеппа рӯз то рӯз теъдоди марказҳои варзишию фарҳангии кӯдакона зиёд мешаванд. Муҳимтар аз ҳама дар ин ҷо мушкили норасоии ғизо нест. Ҳатто шаҳрванде, ки маоши худро пасандоз карда метавонад, имкони ба истироҳатгоҳҳо ё ба ягон шаҳрҳои дигар ба саёҳат рафтанро дорад.
Наталя Ниёзова аз зумраи онҳоест, ки танҳо барои НБО «Роғун» 5 ҳазор доллар кӯмак намудааст. Ӯ имкон дошт мисли дигарон бо ин маблағ саҳмия бихарад, то дар оянда аз даромади он фоидаи молӣ ба даст оварад. Аммо мегӯяд, ки: «Мо дар ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ карда, чаро барои рушду нумӯи он саҳми беғаразона надошта бошем? Писари ягонаи ман, ки маблағҳои хайркардашуда аз пасандози ӯ буд, фарзанди ҳамин сарзамин аст. Ӯ таълиму тарбияи ҳамин Ватанро гирифтааст. Гарчанде имрӯз дар хориҷа кору зиндагӣ мекунад, аммо лаҳзае аз ёди Ватан дур нест. Мегӯяд, ки бунёди «Роғун» моро, ки дур аз Ватан қарор дорем, рӯҳбаланд месозад, зеро «Роғун» давлати моро муқтадир менамояд.
Хонум Ниёзова мисли ҳар сокини дигари кишвар аз афзоиши сатҳи ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон нигарон аст. «Соли гузашта барои ҷашни зодрӯзи писарам ба Шриланка рафтам. Барои шриланкагиҳо ҷудошавии оила мафҳуми бегона буда, мардумон ба ҳам содиқанд. Садоқат пойдевори оила ва оилаи солим мустаҳкамии давлат аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам якчанд барномаҳои ҷолибро баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа рӯйи даст дорад. Муҳим иҷроиши босифати ин барномаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳалҳо мебошад».
– Ҳамчунин аз хароҷоти зиёди мардум дар маъракаҳо нороҳат мешавам, – мегӯяд ӯ. Қонун «Дар бораи танзими расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ» саривақтӣ буд. Барои иҷроиши босифати он бояд фаъолони ҷомеа намунаи ибрат шаванд. Зеро аз байн бурдани урфу одатҳои мардумӣ, ки ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мерос мондаанд, кори осон нест. Шахсан то имрӯз анъанаҳои мусулмонии шодравон шавҳарамро нигоҳ медорам. Имсол рӯзи хотираашро бо урфу анъанаҳои аҷдодиаш қайд карда натавонистам. Он рӯз дар ҷайбам ҳамагӣ 20 сомонӣ маблағ доштам. Ба Худо муноҷот кардам, ки ба ман мадад расонад. Бо ҳамин фикр аз хона баромада, дар назди даҳлез кӯдаконро вохӯрдам, ки бо шавқ бозӣ доштанд. Гузаштаи ширини ҳаёти оилавиамон бо рӯзноманигор Нурмаҳмад Ниёзов ба ёдам омад. Шодравон аз ҳар маошаш ба кӯдакони маҳалла яхмос ё ширинӣ мехарид. Ман ҳам бо 20 сомонӣ маблағи доштаам, яхмос харида, ба кӯдакони маҳалла тақсим кардам. Дар олами хурсандии кӯдакон чеҳраи хандони шодравон Нурмуҳаммад Ниёзов пеши чашмам омад. Дилам ором шуд. Шояд рӯҳи ӯ низ аз ман хурсанд шуда бошад.
Ҳамин тавр, тӯли ҳаёти ҳамҷоя урфу одатҳои мардумони гуногунмиллати шаҳри Қӯрғонтеппа омезиш ёфта, як маданияти хосае пайдо шудааст. Дар Қӯрғонтеппа оилаҳои башардӯст, яъне зану шавҳарони гуногунмиллат зиёд зиндагонӣ доранд. Агарчанде солҳои пеш мардуми русзабон кӯшиши бар Русия ҳиҷрат кардан доштанд, имрӯз баръакс, ҷавони рус ба хориҷа рафта таълим мегирад, то ба Тоҷикистон баргашта, дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми худро гузорад. Зеро Қӯрғонтеппа натанҳо зодгоҳ, балки Ватани аслии онҳо аст. Дуруст мегӯяд бонуи Наталя Ниёзова: «Тоҷикистон Ватани ҳар шаҳрванди сокини он аст. Танҳо барои ободии Ватани азиз аввал андешаи солим баъд амал бояд кард».
Ҷамолиддин Сайфиддинов