Дар тифлӣ аз бузургсолони деҳа мешунидам, ки рӯзае бо номи «Марям» вуҷуд дорад, ки душвортарин навъи рӯзадорист. Куҳансолони деҳа бо ҳасрату орзӯ дар борааш қисса мекарданд, ки «Рӯзаи Марям бо хӯрдани чанд дона гандум се рӯз пай дар пай рӯза доштан аст ва дараҷаву савобаш бешумор». Ҳатто номи шахсонеро мебурданд, ки ба гирифтани чунин рӯза муваффақ шуда буданд. Имконпазир будани чунин рӯзаи пай дар пайи серӯза дар ҳамон хурдӣ дар ақлам намеғунҷид ва хеле баъдтар фаҳмидам, ки мо ҳамчун мусулмон чунин рӯзае надорем. Ин дар дини тарсоист, ки то ба имрӯз ин рӯзаи душворро зинда нигаҳ доштаанд ва нисбати онро ба ҳазрати Марям медиҳанд.
Тоифае бо номи Настурияи масеҳиёни араб то ба имрӯз талоши гирифтани чунин рӯзаро доранд. Онҳо ин рӯзаро ба ёди дӯшизагони насронӣ мегиранд, ки рӯза онҳоро аз асорати подшоҳи Ҳиратулмунзир раҳоӣ бахшидааст.
Аммо «Рӯзаи Марям» дар фарҳанги динии мо мафҳуми комилан бегонае низ нест. Қуръони Карим дар борааш қисса намудааст. Медонем, ки ҳазрати Марям, ки эҳтимолан машҳуртарин бону дар тӯли торихи башар аст ва чанд миллиард аҳолии рӯйи замин ӯро мешиносанду ба наҳве гиромиву азизаш медоранд, пайғамбарзодае буд. Марям духтари Имрон. Боре малоик ба ӯ гуфтанд, ки Худованд туро башорат ба писар медиҳад, ки номаш Исо ибни Марям аст. Марями бокира бо тааҷҷуб ба фариштаҳо гуфт: «Чӣ гуна соҳиби писар мешавам дар ҳоле, ки марде ба ман наздик нашудааст» Малоик гуфтанд: «Худованд бар амри худ ғолиб аст». Марям ба амри илоҳӣ тан дар доду ҳомила шуд ва назр кард, ки баъди таваллуд рӯза мегирад.
Мутобиқи Каломи Шариф ҳазрати Марям гуфт: «Инни назарту лирраҳмони савма фалан укаллимал явма инсия» - ман назр барои Худо кардам, ки рӯза бигирам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт». Чиҳил рӯз баъд аз он ки Исоро таваллуд кард, фарзандашро гирифта назди қавмаш баргашт. Чун ҳазрати Марям бе шавҳар ҳомила шуда буд, аз таъни қавмаш ба ҷойи дур рафта фарзандашро таваллуд кард ва баъди 40 рӯз аз таваллуд ба назди қавмаш баргашт. Баргашту аз сухан гуфтан рӯза дошт. Ҳар вақт касе аз Марям сухане мепурсид ба ҷойи ҷавоб додан ҳазрати Марям ба тифлаш ишора мекард. Ҳазрати Исо ягона пайғамбаре ва шояд ҳам ягона инсоне ҳаст, ки дар ширхорагӣ сухан гуфтааст: «Ман бандаи Худоям, ки парвардигор китобам додаасту пайғамбарам намудааст». Пас рӯзаи Марям бо ривояти Қуръон рӯза гирифтан аз сухан гуфтан аст.
Бо тааммул бар рӯзаи ҳазрати Марям фикр мекунам имрӯз ин рӯза аз ду ҷиҳат қобили аҳамият аст:
1. Аз он ҷиҳат, ки ин рӯзаи як зан аст
2. Аз он ҷиҳат, ки ин рӯза аз сухан гуфтан аст
Машҳуртарин таърифи рӯза ин аст, ки: «Рӯза – нахӯрдан, наошомидан ва робитаи ҷинсӣ накардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст». Аммо бузургони дини мо чун Муҳаммад Ал-Ғаззолӣ бар ин бовар аст, ки ин таърифи рӯза таърифи рӯзаи авом асту ҳадди аққали рӯзадорист. Рӯзаи воқеӣ ва ҳадди бештараш ин аст, ки Рамазонро ҳамчун фурсати пурқиммати таҳзиби ахлоқ ва покиву порсоӣ рӯза дошту ба дуову ибодат ва хондани Қуръони карим машғул шуд.
Имрӯз ва баъди даргузашти асрҳову садаҳо, балки ҳазораҳо фурсате ҳаст, ки бояд як бори дигар сари рӯзаи Марям биандешем. На ба он мафҳуме, ки дар миёни масеҳиёну баъзе афроди куҳансоли мардуми мо ҳаст, инчунин ба маъное, ки Қуръони карим ба мо ривоят намудааст. Яъне рӯза доштан аз сухан. Дар ҷомеаи имрӯзини мо яке аз офатҳои бузурги ахлоқӣ ин ҳамин суханҳои дурушту дағал ва ҳақорату дашномҳои бадтарин аст, ки мутаассифона, вабовор ҳамагир шудааст. Наслҳои наву ҷавони мо, ки чеҳраҳову андомҳои зебову ҷаззобе доранд, ҳамин, ки лаб ба сухан во карданд, дар бисёр ҳолат аз ҳар ҷумлае ҳақорату дашному фаҳшу носазо мерезад ва ин чӣ бад фарҳангу чӣ офати бузурги лисонист. Имрӯз замоне расидааст ва фурсате даст додаст, ки боз ба рӯзаи Марям биандешем. Ва ин рӯзаи ҳадди ақаллӣ ва осони «нахӯрдан, наошомидан ва амали ҷинсӣ аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб накардан»-ро бо рӯзаи марямӣ ҷамъ намоем.
Ин кори мо тибқи яке аз фармудаҳои ҷовидонаи ҳазрати Хатми Нубувват саллалоҳу алайҳи ва саллам аст, ки мегӯяд: «Ҳар касе дар рӯза аз дурӯғу амали бо дурӯғ боз намеистад. насибаш аз рӯзааш танҳо гуруснагиву ташнагист». Дар матни ҳадис лафзи «дурӯғ» омадааст ва ин яке аз офатҳои лисонист. На фақат дурӯғ, балки гапи сахту носазо ва ҳақорату дашном низ амале ҳаст, ки бояд аз он Марямвор рӯза дошт. Дар ҳадиси дигар Пайғамбари Худо мефармояд: «Агар касе шуморо дар Рамазон дашном дод, ба ӯ бигӯед: «ман рӯзадорам». Ин аст посухи ҳақорату дашном: «Ман рӯзадорам». Ин ибора ҳамон рӯзаи марямиро ба ёд меорад: «бо ҳеҷ инсоне имрӯз сухан нахоҳам гуфт» фақат имрӯз бо иловае бар сухани ҳазрати Марям ва дар партави ҳадиси набавӣ бояд гуфт: «бо ҳеҷ инсоне имрӯз сухан нахоҳам кард. магар гапи хушу хуб».
Дар иртибот ба «Рӯзаи Марям» баргардем ба нуктаи аввалӣ, яъне рӯзаи зан. Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки анъана шудааст аз файзу баракоти моҳи мубораки Рамазон асосан марди тоҷик файз мебараду баҳра меҷӯяд. Зани тоҷик бо гирифтани рӯза бештар ба корҳои физикӣ машғул мешавад. Рӯбучину пухтупаз. Наздики шом марди тоҷик сари суфра нишаста ифтор мекунаду аз пайи хуфтану таровиҳхонӣ мешавад ва аз тарафи субҳ низ ӯро бедор мекунанд, то сари дастурхон нишаста саҳархӯрӣ намояду сипас дар тараддуди бомдодхонӣ мешавад. Албатта хеле аз бонувони тоҷик фикр мекунанд, ки ҳамин пухтупазҳову фурсату шароит муайян намудан барои мардҳои хона барояшон аҷри фаровоне дорад. Шояд ва Худо кунад, ки чунин бошад, аммо бояд ин нуктаро низ зикр намуд, ки моҳи мубораки Рамазон барои ҳарду ҷинси мусулмон ҳам марду ҳам зан фурсати баробари файзбарӣ ва дуову ибодат аст. Дар ин моҳ парастишу розу ниёз таъме дигаргуна дорад. Мардҳои тоҷик бояд биандешанд ва ба ҳамсарони худ кӯмак намоянд, ки дар ин моҳ онҳо низ ба ҳадди тавон дуову ниёишу парастишу ибодати бештаре созанд.Охир ҳар диле дардҳои ниҳоне дорад ва мӯҳтоҷи дуову дуруд аст. Мешавад. агар на ҳар рӯз як шом аз берун ғизо таҳия намуду гузошт, ки ҳамсарон даме роҳат кунанд ва мешавад ҳадди ақалл онҳоро дар баъзе кору бори хона кӯмак намуд. то зиёд хаставу кулуфта нашаванду аз лаҳзаҳои файзбори Рамазон баҳра баранд.
Саъдии ЮСУФӢ