Ҳарфҳое ҳастанд, ки дар ҳаёт барои ҳар як шахс муҳиманд, хусусан барои кӯдакон. Инҳо суханони муҳаббатомезе ҳастанд, ки рӯҳияи инсонро болида мегардонанд.
Тақрибан аз синни 4-солагӣ давраи муҳими ҳаёти кӯдак оғоз мешавад. Ин давра то синни 7-8-солагӣ давом меёбад. Маҳз ҳамин айём заҳмату таваҷҷӯҳи зиёдеро аз волидон талаб мекунад. Зеро барои тифл ин давраи ташаккулёбии хислатҳои инсонӣ, маҳорати муносибат кардан бо атрофиён ва замони омӯхтани роҳҳои мубориза бо мушкилиҳо маҳсуб мегардад.
Волидон дар ин давра бояд ба чӣ чиз аҳамияти хоса бидиҳанд ва ба кадом хатоҳо роҳ надиҳанд? Дар хонаводаҳое, ки дар волидон эҳсоси пасти худшиносӣ вуҷуд дорад ба гумон аст, ки кӯдак ба зиндагӣ назари некбинона пайдо кунад. Ва дар оянда низ чунин кӯдакон барои ба муваффақият ноил шудан заҳмати зиёд мекашанд. Ва боз ҳам ин муваффақият ҳам на ба ҳар яки онҳо муяссар мешавад. Мутаассифона, на ҳама волидон мефаҳманд, ки дар тарбияи кӯдак ҳар як «майдаву чуйда» муҳим аст. Кӯдак ҳама ҳаракат, сухангӯйӣ ва рафтори аъзои оилаашро чун обчинак ба худ ҷаббида мегирад. Мо ба кӯдак чизе наомӯзонему нафаҳмонем ҳам, муҳити оила худ нақши асосиро мебозад. Муносибати байни волидон ҳамеша барои кӯдак намунаи ибрат аст. Яъне ҳар гуна, ки мо дар оила ба якдигар муносибат кунем, кӯдаки мо ҳам дар оянда айнан ҳамин хел рафтор мекунад.
10 МАСЛИҲАТ БА ВОЛИДОН
1 Аввалин чизе, ки кӯдаки шумо дар кадом синну соле набошад, ба он эҳтиёҷ дорад, ин муҳаббат ва боварии шумо ба ӯст. Маҳз аз эътимоди шумо нисбати вай, боварии кӯдак нисбат ба худаш сарчашма мегирад . Дӯстдории шумо бояд самимӣ бошад ва фарзандатон онро эҳсос намояд. Тифли худро дӯст бидоред ва хушбахт аз он бошед, ки бо хости Худованд чунин як мӯъҷиза маҳз насиби шумо гаштааст.
2 Яке аз хатоҳои дигаре, ки мутаассифона, бисёре аз волидон ба он роҳ медиҳанд, ин нагузоштани фарқ байни онҳову тифлашон мебошад. Баъзе аз волидон бо кӯдаки худ ҳамон тарзе рафтор мекунанд, ки гӯё кӯдак низ ҳамсоли онҳо бошад ва мисли калонсолон ҳама чиро бифаҳмад. Бо кӯдак бояд тарзе муомила кард, ки ба синнаш мувофиқ бошад, то тифл бифаҳмад, ки аз ӯ чӣ мехоҳанд. Шумо ва кӯдак як узви ягона не, балки ду шахсияти мустақил ҳастед. Эркакунии аз ҳад зиёд ҳам ба хубӣ намеанҷомад, вале ҳуқуқҳои кӯдакатонро низ поймол кардан лозим нест. Вай бояд ҳама вакт ба шумо эътимод (боварӣ) дошта бошад ва донад, ки дар ҳар гуна мушкилиҳо метавонад ба шумо такя кунад.
3 Кӯдакон, ҳатто тифлони аз ҳама хурдсол хеҷ гоҳ савол, хоҳиш ва ё тарси беҳудаву ноҷо надоранд. Ба ҳар як муроҷиати кӯдак эътибор дода кӯшиш кунед, ки ба суоли ӯ ҷавоби дуруст диҳеду чизи намефаҳмидагияшро бо тарзи ба вай осону дастрас бифаҳмонед. Ҳар кадаре, ки шумо тезтар эркакуниҳои беҳудаву нодаркори худро бас кунеду бо кӯдакатон ҳамчун бо як шахсияти комил муносибат намоед, ҳамон қадар робитаи байни шумо бовариноктару самимитар мегардад.
4 Дар тарбияи кӯдак лаҳзае ҳаст, ки ба он низ таваҷҷӯҳи зиёд бояд дод. Кӯшиш кунед, ки ҳар як сухани ба ӯ мегуфтаи шумо ба ҳақиқат наздик бошад. Кӯдакон ҳама вақт эҳсос мекунанд, вақте ба онҳо дурӯғ мегӯянд. Ҳар як рафтори шумо барои вай намунаи ибрат аст ва агар шумо дурӯғ гуфтед, вай низ дурӯғ гуфтанро ёд мегирад.
5 Ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро таҳқир накунед, хусусан дар шоҳидии дигарон. Агар вай ягон рафтори бад содир кард, ба кори кардааш эрод бигиред, аммо на ба хислатҳояш. Бо вай тарзе гуфтугӯ кунед, ки эҳсоси гуноҳ созад, ки вай боиси озурдахотирии падару модараш гаштааст.
6 Баъзе аз волидон дар мавриди рафтори ноҷои фарзандашон бо маломату сарзаниш аз ӯ суол мекунанд, ки «Ту чӣ гуна одам мешуда бошӣ?» Ин саволро ба тифл не, ба худатон диҳед. Ҷавоби ин савол аниқ аст. Вай ҳамон шахсе ба воя мерасад, ки худи шумо ӯро тарбия мекунед. Ҳар чӣ коштӣ, ҳамон медаравӣ!
7 Дар «ҷанг»-ҳои фарзандатон бо кӯдакони дигар ҳамроҳ нашавед. Бигузоред, худаш мустақилона аз ин «ҳолат» барояд. Bале ҳолатро назорат кунед. Дар ин мавридҳо шумо метавонед иттилооти муҳимеро дар бораи фарзанди худ ба даст оред. Ҳамзамон боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди шумо аз ҳар гуна «ҳолатҳои фавқулодда» (мушкил) мустақилона баромада метавонад. Ин имконотро барояш фароҳам созед.
8 Ба кӯдак дурандеш буданро ёд бидиҳед. Бигузоред ӯ ҳодисаи ба вукӯъомадаро таҳлил кунад ва ҳаққу ноҳақ будани рафтори худро андеша созад. Ва пеш аз ба коре даст задан фикр карда тавонад, ки «оқибат»-аш чӣ мешавад.
9 Ҳар як нақшаву орзу ва ниятҳои фарзанди худро ба назар гирифта, ба онҳо ҷиддӣ назар кунед. Ба ҳоли ӯ нахандед, ҳатто агар бигӯяд, дастгоҳе ихтироъ кардааст, ки нурҳои офтобро ҳисоб мекунад. Нақшаву ниятҳои ӯро ба мисли худаш эҳтиром кунед.
10 Ҳар яки мо ҳуқуқҳои худро дорем, ҳатто ҳуқуқи хато карданро ҳам. Кӯдаки мо низ ин ҳуқуқро дорад. Инро ҳамеша дар хотир дошта бошед.
Таҳияи МАНИЖА