Чи басо бисёранд дар ин гетӣ ҷуфтҳои издивоҷкардае, ки дар ҳасрати фарзанданд ва чи зиёданд фарзандоне, ки дар орзуи падар, модар ва ё ҳадди ақалл якеи ин ду.
Ҳазору чаҳорсад сол муқаддам дар Арабистони Саъудӣ фазои духтарситези писарпарваре бар ҷомеа ва ақли мардум ҳоким буд. Зоди духтар шумхабаре ва таваллуди писар хушхабаре ҳисоб мешуд.
Хонаводаҳои бонуфузи шаҳри Макка аз духтардор шудани худ ор мекарданд ва онҳоро бо ривояти Қуръони Карим зинда ба зинда мегӯрониданд. Дар ҳамон аснову давра буд, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ҷавони хушчеҳрае бо бевазани серталабгоре бо номи Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ кард. Муҳаммади ҷавон ҳам аз хонадони мӯҳтараме буд ва ҳам аз дидгоҳи ахлоқу ҷаҳонбинӣ ва диду назар аз дигарон тафовут дошт. ӯ офату ғалатии духтаркушӣ ё духтарситезии ҷомеаашро қабул надошт, вале зоҳиран дилаш мехост, ки писардор шавад, аммо нашуд. Хадиҷа ҳомила мешуд ва духтар мезоид ва дар ҷамъ бо шавҳари маҳбубаш соҳиби чаҳор духтараки дӯстрӯяк шуданд: Зайнаб, Руқайа, Умми Кулсум ва Фотима. Вале боз ҳам Муҳаммад ибни Абдуллоҳ дар орзуи писар буд. Билохира ду бор ҳамсаронаш писар таваллуд карданд, якеро Қосим аз Хадиҷа ном гузошт ва дигареро Иброҳим, ки аз зани канизаки мисрияш буд, аммо ҳарду писаронаш дар тифлӣ фавт карданд ва Муҳаммад бо духтарону ҳамсараш танҳо монд ва ҳамоно дӯст медошт, ки писардор шавад ва нашуд. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ чораи иловагӣ ҷуст, ки дар замонааш ва то ба ҳол бо номи «писархондагӣ» маъмул аст. ӯ писари Зайд ибни Ҳорисаро ба писарӣ гирифт ва дар пайи он номаш ба «Зайд ибни Муҳаммад» тағйир ёфт. Ин ҳама таҳаввулот мегузашт ва Муҳаммад ба синни чиҳилсолагӣ расиду ба пайғамбарӣ мабъус шуд. Баъди пайғамбар шудан Ҷабраил аз осмон барояш пайғом меовард, ки ҳовии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёту мамоти аҳли башар буд. Яке аз пайғомҳое, ки ба ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту ва салом оварда шуд, маҳз дар ҳамин мавзӯе буд, ки бо орзуи деринаи Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салам дахл дошт. Яъне ҳамон орзуи писардор шуданаш. Муҳаммад (с), ки ҳамакнун соҳиби писар шуда буд, дар ҳама ҷойи Макка номашро бо падархондааш мегирифтанд «Зайд ибни Муҳаммад» ва рӯзе ба Пайғамбар (с) пайғом омад, ки «онҳоро (фарзандхондаҳоро) бо номи падаронашон садо кунед, ки дар назди Худо ин мунсифонатар аст. Агар падаронашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволӣ (озодкардагон)-и шумо бошанд… (33-5 Қуръон).
Аз ҳамон лаҳза дигар касе «Зайд ибни Муҳаммад» намегуфт, балки бо номи падари физикияш садо мешуд «Зайд ибни Ҳориса».
Ҳабиби Худо Муҳаммад (с) бо камоли хушӣ ва бе даранг таслими амри илоҳӣ шуд. Муҳаммад алайҳиссалоту ва салом аз ҷаҳон даргузашт ва лаҳзае барои ному нон зиндагӣ накард, вале номбардорони физикияш чаҳор духтараш шуданд ва аз ҳама бештар Фотима бинти Муҳаммад (с).
Аз ин ҳодиса ва аз он пайғом беш аз 1400 сол мегузарад, аммо ҳукмаш то абад боқист. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо хеле аз пайравони Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салам ҳастанд, ки дар орзуи писар ё духтаранд ва барои ин отифаи худро шодоб намудан ва умеде, ки дар дами пирӣ фарзанде асои дасташон бошад, иқдом ба фарзандхондагӣ мекунанд.
Пас дар маҷмӯъ донистану риояи чанд нукта аз дидгоҳи исломӣ ҳатмист:
• Пеш аз духтарча ва ё писарчаеро ба фарзандӣ гирифтан бояд бо нияту мақсади кори савобу амали нек анҷом додан ба як навзоди бечораву бесоҳибе ин корро амалӣ намуд.
• Кӯшин набояд кард, ки ӯ надонад, ки шумо падару модари аслияш нестед.Ҳар вақт хост, ки бифаҳмад, ҳатман бояд ба ӯ гуфта шавад.
• Ба ҳеҷ ваҷҳ онро бо ному насаби худ набояд гардонд, чун ин амал дар Ислом ҷоиз нест ва ҳар кӯдак бояд бо ному насаби аслияш бошад. Чаро? Чун дар Ислом ному насаб ва шаҷараи ҳар инсон бояд дақиқ ва маълум бошад. Боз ба он хотир, ки вақте фарзандеро ба номат мегардонӣ, ӯро дар дороиву меросат шарик месозӣ ва ӯ чизеро мегирад, ки ҳаққи ӯ нест. Масалан, падару модаре ду писар дошта бошанд, ки яке фарзандхонда бошаду дигаре аслӣ, вале ҳарду бо як насаб. Тамоми дороӣ ва мероси ин волидайн дар охир ду ҳисса мешаванду байни ин ду писар тақсим. Аз нуқтаи назари динӣ, ки меросро фақат ба фарзанди аслӣ ва наздикони хунӣ муайян кардааст, писари ҳақиқӣ аз ними ҳаққаш маҳрум мешавад, чун бародархондааш ҳамнасабаш ҳаст ва дигар ин, ки бародархондааш насиби ҳаққе мешавад, ки ба ӯ дахл надорад, чун ҳамнасаби аввалист ва шояд ҳам ворисони аслияш дороиву мулке дошта бошанд ва бо тағйири насаб писархонда аз он маҳрум мешавад. Дигар ин, ки тағйири насаб шояд боиси издивоҷи маҳорим низ шавад яъне мумкин ба далели надонистани ному насаби аслӣ бо яке аз маҳорими худ одамоне, ки барои ӯ никоҳрас нестанд издивоҷ кунад ва ё ҳам худое нохоста зино ва ин бад коре ҳаст.
• Дигар вақте ба балоғат мерасад, агар писар бошад, модархондааш бояд аз ӯ сатр бигирад ва агар духтар буд, падархондааш, чун аз нуқтаи назари шариати Ислом онҳо никоҳраси якдигаранд.
• Агар ҳангоми фарзандхондаро калон кардан падару модари аслияш ё яке аз онҳо пайдо шуду хост фарзандашро бигирад, бояд падархондаву модархонда монеа нашаванд ва бигузоранд, ки кӯдак бо волидайни аслӣ ва ё яке аз онҳо зиндагӣ кунад.
• Ва нуқтаи вопасин ин аст, ки набояд одами мусулмон бо тақдираш ҷанг эълон кунад. Он зоте, ки касеро фарзанд намедиҳад маслиҳати ӯро беҳтар медонад ва ҳам ғами пирии ӯро мехӯрад. Бояд бо Худованд содиқона ва ошиқона зиндагӣ кард ва дар ғаму фикри рӯзи пирӣ ва барҷомондагӣ рӯзгори феълиро сиёҳу айшро талх накард. Онро ба Худо бояд гузошт. Инҳо насиҳатҳои бузургони дину фарҳанги мо ҳастанд. Чун доштани фарзанд ҳанӯз кафолати дастгирии рӯзи барҷомондагӣ нест. Аз Саъдии бузургвор гуфтаеро мерос дорем, ки:
Занони бордор, эй марди ҳушёр,
Агар вақти вилодат мор зоянд.
Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
Кӣ фарзандони ноҳамвор зоянд.
Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки тарзи фарзандхонӣ содда карда шуда, ба шахсоне, ки мехоҳанд чунин кӯдаконро ба фарзандӣ қабул намоянд, имконияти мусоид фароҳам оварда шавад. Итминон дорам, ки дар кишвари мо шаҳрвандони баномус хеле зиёданд ва мехоҳанд ин амали хайрро анҷом дода, кӯдакони ятиму бепарасторро мисли фарзандонашон ба камол расонанд. Ба Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирӣ, сарпарастӣ ва таълиму тарбияи ятимону бепарасторон ҳамаи шароити заруриро муҳайё карда, барои идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷа мусоидат намуда, баъди хатми ин зинаҳои таҳсилот онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд. (Аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, 20-уми апрели 2011)
|
Оре! Чӣ басо падару модаре, ки бо доштани фарзандони зиёд хор мемиранд ва чӣ басо волидайне, ки дар бефарзандӣ бо ифтихор мемиранд. Худованд донотар аст.