Ба гуфтаи муаллиф адабиёти занонаи тоҷику форс нокифоя омухта шуда, пажуҳиши вай як кушиши дигари пур кардани ин халоъи таҳқиқоти мебошад.Вай яке аз сабабҳои аз доираи таваҷҷуҳи хос берун мондани бонувони суханварро дар он мебинад, ки теъдоди ин гуна эҷодкорон дар ҳар давру замон камтар, вале ашъорашон бештар аз байн рафтааст.
Аз назари пажуҳишгар адабиёти тоҷики-форси дар давраи зуҳури ҳаким Носир Хусрав дар Бадахшон мавқеъ пайдо кард, аммо ташаккул ёфтани ҳавзаи адабаи Бадахшон ба асрҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум рост меояд, ки шуаррои зиёди минтақа дар бо истифода аз заминаи мусоид барои эҷод дар дарбори шоҳии Ҳиндустон ҷамъ омадаанд.
Баръакси таассуб нисбати зан дар дигар кишварҳои мусулмони, дар Ҳиндустон то андозае адабиёти занона ҳам рушд карда, ба афкори адабии минбаъда таъсир гузошт.Тазкираҳо аз 31 бону ба мисли Маҳасти, Найсони, Подшоҳхотун, Ҷаҳонхотун, Бибимеҳри, Саидбегим, Меҳрии ҳирави ном мебаранд, ки дар ин давра кору эҷод карданд.
Аммо ахиран пажуҳиши осори занон дар кишварҳои гусатриш пайдо кард, дар китоби Масъуди Миршоҳи бо номи « Шеъри занони Афғонистон» намунаи осори 70 зани шоир муаррифи гардидааст.
Муаллиф мегуяд, аммо дар Тоҷикистон ба пажуҳиши ашъори занон эътибори камтаре дода шудааст.Соли 1985 бо ибтикори Раҳим Ҳошим маҷмуаи « Ҳамсафар» ва аъд аз ин силсилаи «Навниҳолони боғи адабиёт» чоп шудаанд, ки дар онҳо бо номи «Се қалам» ва «Гулҳои наврузи» қисматҳои алоҳида ба ҳаёту осори шоиразанҳои муосир ихтисос дода шуд. Дар китоби «Барги сабз», ки бо эҳтимоми Ваҳҳоб Одина ва муқаддимаи шоираи шинохта Гулрухсор Сафиева ба табъ расид, намунаи ашъори бист шоираи тоҷик бо шарҳи ҳоли мухтасарашон ба хонандагон пешкаш гардид. «Тазкираи адибони Бадахшон» намунаи ашъори 14 бонуи суханвари Бадахшонро ба дустдорони каломи бадеъ муаррифи кардааст.
Пажуҳишгар Гавҳари Бадахшониро нахустин бонуи суханвари бадахшони мешуморад, ки бо бародараш барои таҳсили илм ба Ҳирот сафар карда, парвардаи мактаби адабии Абдурраҳмони Ҷоми будааст. Дар тазкираҳо омадааст, ки Ҷоми ба ҳунари ин бонуи суханвар баҳо додааст, ки агар касе шеъри Гавҳарро хондааст, «донист, ки гавҳари бадахшист».
Парии Бадахшони суханвари дигаре ҳаст, ки дар асри ҳаждаҳум зиндагию эҷод кардааст. Аз ғазалҳои Пари симои шоираи хушсалиқа, дардманд ва ошиқи озодандешу зиндагидуст пеши назар меояд.
Чашме, ки боз нест ба руи ту баста беҳ,
Дасте, ки домани ту нагирад, шикаста беҳ.
Бархости қиёмати кубро баланд шуд,
Биншин даме, ки фитнаи маҳшар нишаста беҳ,
Ҳарфе, ки дарди ишқ надорад, нуҳуфта хуш,
Оҳе, ки беасар бувад, аз дил нараста беҳ.
Ҷонро, ки нисбат аст бар оташгаҳи вуҷуд,
Пайванд агар ба ғайри ту бошад, гусаста беҳ.
Чун мерасад ба хотират аз хотирам малол,
Қосид ҳалоку боли кабутар шикаста беҳ.
Муҳаққиқ бо ёдовари аз Махфии Бадахшони, ки дар авохири асри нуздаҳ ва нимаи авали асри бистум зиндаги кардааст ва ашъори уро сухансанҷони давр «на камтар аз мардон» шумурданд мақому манзалати занро дар шеър шоиста унвон кардаааст . Махфи на танҳо тахаллуси Зебуниссо(Махфи)-ро гирифт, балки ба тарзи зиндагии вай низ пайрави намуда, охирҳои умрро бо узлатнишини дар як гушаи Бадахшони Афғонистон гузарондааст.
Дустон, бо ки диҳам шарҳи ғами танҳои,
Оқибат кард харобам алами танҳои.
Ёри ҳамдард бувад заҳри ғамамро тарёк,
Ҳама ғам саҳл бувад, оҳ ғами танҳои!
Он чи қисмат зи азал рафт, нагардад каму беш,
Махфиё, сабр гузин дар ҳарами танҳои.
Аз парданишини то руъё
Ба гуфтаи Сардорбек Азорабеков аммо занони шоири қуруни мози дар тазкираҳо одатан бо номи «парданишинони сухангуй» ёд мешаваанд.Аммо маҳрумияти занон аз озоди ва узлатнишинии онҳо барои дар зери парда нигоҳ доштани маъонии ашъорашон ҳам мусоидат кардааст.
Маҳрумияти бештари занони мусулмон аз таҳсили илм ва аз ин имтиёз бархурдор будани фақат занону духтарони шоҳону ҳокимон боис гирдидааст, ки бештари занони шоир шоҳзода ва ё аз насли наҷибзодагон буданд.Ба гуфтаи муаллиф аммо занони эҷодкор бо вуҷуди шоҳзода буданашон аз ҷиҳати маънави худро хору ҳақир мешумурданд ва ашъорашон моломоли шикоят аз ҷаври замон ва ғаму андуҳ будааст. Муҳақиқ меафзояд: масалан Робиаи Балхи, ки наҷибздодае буд, бар хилофи расму одати замон ба ғуломе ошиқ шуд ва аз нуқтаи назари табақаи худ муртакиби гуноҳи азим гардид.Дар натиҷа қурбони ғурури хонаводаги ва урфу одати беҳраҳмонаи замон ва таассуб шуд.Маҳасти шоираи ҳунарманду бузург умрои худро чун булбули хушилҳон дар қафаси заррин ва фазои тангу фосиди дарбори шоҳи Ганҷа ва Султонсанҷари Салҷуқи гузаронид. Ба ҳамин тартиб Мастураи Курдистони, Маҳҷубаи Ҳироти, Ҳоҷизи, Меҳри, Заифи, Зебуннисо, ва чандин тани дигар бар асари зулм ва бераҳмии давр дар авҷи камолоти эҷоди бо дилҳои пурдарду ормон ҳамоғуши марг гардиданд.
Ба фикри муаллиф таассуб ва тақдири андуҳбори занони шоири гузашта сабаб шудааст, ки дар даврони собиқ шурави ҳам агарчанде занон аз ҳуқуқҳои бештаре бархурдор гардиданд , аммо дар майдони шеър натавонистанд ба мисли кабутари озод пару бол бикшоянд.
Муаллиф меафзояд, ки ҳануз чанд даҳсола қабл дар шаҳру навоеҳи Бадахшон заноне, ки ба ҳунари нафиси шеър гуфтан шуғл меварзаданд, ангуштшумор буданд. Бахусус дар навоеҳи Ванҷу Дарвоз духтарони ҷавоне, ки ба шеърнависи шавқу рағбат доштанд, пас аз ба хонаи шавҳар рафтан қаламро аз дасташон мегузоштанд.Вай гуфт:Ҳатто дар замони муосир ҳам ифодаи ҳиссиёти лирики барои зани шавҳардоре, ки дар шаҳрак ва ё деҳаи кучак мезист «ҷурм» ҳисоб мешуд.Хонавода ва атрофиён бештар ба нақши иҷтимоии зан таваҷуҳ мекарданду зан бо ниёзҳои маънавиаш танҳо мемонд.
Муаллиф чунин мешуморад, ки аммо бонувони суханвар чун як неруи иҷтимои-фарҳангии ҷома дар солҳои 80-уми асри гузашта аз худ дарак доданд.Нуқраи Суннатниё , Шаҳрияи Атҳамзод, Раънои Мубориз, Сабзинаи Содиқиён аз зумраи шоирони шинохтаи ҷумҳури ҳастанд, ки аз деҳаи кучак ба паҳноҳои майдони эҷод қадам гузоштанд. Шоира Нуқра шарафи мардро болотар аз қуллаҳои Бадахшон мегузорад ва мегуяд:
Эй мард!
Китфи ту-
Қуллаи болотарини дунёст!
Лавҳаи пирузиамро
Кай ба руят мегузорам?
Ба андешаи муҳаққиқ аммо мактаби адабии Ширин Бунёд дар ташаккули ҳавзаи адабии муосири Бадахшон нақши муҳим бозидааст.Суханварон Раънои Мубориз, Мавҷигул, Руқияи Давроншоҳ , Рудобаи Мукаррам, Зарнигори Муборакшо, Гулнисо Атои ва Зайналмо маҳорати суханвариашонро дар ин мактаб сайқал додаанд.
Ҳар яке аз ин шоирон пайроҳаи хоси худро мепаймоянд.Куҳҳои сарсафеди осмонбус, обу муссаффои чашмасорон, табиати зебову нотакрори Бадахшон манбаъи илҳому болу пар гирифтани андешаашон буда, бо рангоранги дар ашъори ин суханварон тасвир мешавад. Аммо пажуҳишгар бонувони суханвари муосирро дар изҳори эҳсосоташон озодтар дарёфтааст. Рудобаи Мукарррам, муаллифи маҷмуаъҳои «Афсонаи ишқ», «Дуруди ошно» ва «Зиндаги дар ёдҳо» яке аз суханварони ҷавони навовару тозакор муаррифи гардидааст. Худи шоира мегуяд, ки мавуъҳои зебои табиат, ватан, сулҳ, ваҳдатро тараннум мекунад, вале мурғи илҳом хаёлаш ҳамеша дунболагири ишқу муҳаббати самими ва замини ҳаст мебошад.
Ғунчаи дил ба танам пажмурдаст,
Кузаи хоб шикаст обаш рехт.
Лонаи ишқ тиҳи шуд зи наво,
Мурғи буса зи лабонам бигурехт.
Биё бар қасри дил шаҳзодаи толеъи неки ман,
Биё, то чашми армонам ҳамеша интизори туст.
Биёвар бар баҳори умри ман пайки шукуфтанҳо,
Гули нашкуфтаи ман дар баҳори файзбори туст.
Мавҷигули Зардодхон муаллифи «Шаббода», «Таваллуди фарёд» ва «Ҳарими ғунчаҳои сабз» дар сини 47 солаги аз дунё даргузашт.Муҳаққиқ Мавҷигулро шоираи тахайюл ва андеша меномад. Мавҷигул мегуяд.
Эҳсоси ман дилбанди шеър,
Дилдодаву пайванди шеър,
Муи тилои шуд сафед,
Ҳар руз хурда фанди шеър…
Руқияи Давроншоҳ тимсоли шоири иҷтимогарои минртақа аст.Вай шаш баҳорро дар муҳоҷирати паси сар кард, аммо акнун, ки бозгаштаасту агарчанде зиндаги, баҳор ва Хоруғро дигаргуна дарёфт, аммо боз ҳам панҷаи мушкилоти иҷтимоиву равнони гулуи занро мефишорад.
Бо ҳама дарду аламҳо, бо ҳама бахту шиканҳо.
Бо ҳама зулму ситамҳо, зиндаам ман, зиндаам.
Бо ҳама ҳиҷру фирорам, бо ҷафои сахти ёрам.
Бод дили мискини зорам, зиндаам ман зиндаам.
Ашк мешуяд гулуям, оҳ печонад гулуям.
Лола механдад ба суям, зиндаам ман, зиндаам.
Ман хазони бебаҳорам, махзани сабру қарорам,
Бо барору нобарорам, зиндаам, ман зиндаам.
Бо баҳои сахти тақдир, бо ҳазорон ҳукму таҳқир,
Ҷон ба лаб ҷуёни тақдир, зиндаам ман, зиндаам.
Ба гуфтаи Руқия бисёр духтарони навраси мактабхонро дидан мумкин ҳаст, ки шавқу завқи шеърнависи доранд, аммо бо берун шудан аз остонаи мактаб ба шикасти ҳавасҳо рубару мешаванд. Зеро шеър гуфтан истеъдод ҳаст ва ягон имтиёзеро барои суханвар пеш намегузорад.
Маъруфтарин ва қадимтарин зани шоир дар адабиёти форсу тоҷик ҳамзамони Абуабдулло Рудаки Робиаи Балхи шинохта шудааст. Муаллиф меафзояд, аммо пажуҳиши ашъори бонувони суханвари бадахшони аз Гавҳар, то Раънову Руқия ва Рудоба, гулҳои шукуфтаи маҳфили адабии шодравон Ширин Бунёд нишон медиҳад, ки дар баробари дигар нодираҳои суханвари адабиёти тоҷик ин силсила бо каломи бадеъ дар дилу афкор ва андешаи ҷомеа нақши босазо гузоштаанд.
Ш.Мирзоҷалол