Тибқи маълумоти ин Кумита, то имрӯз 327 нафар сархатибону имомхатибони масҷидҳои марказӣ ва ҷомеи кишвар аз аттестатсия гузаронида шуданд, ки аз ин теъдод 39 нафар ноком гардиданд. Ба таъкиди раиси Кумита аз 3347 масҷидҳои панҷвақта 2902 масҷид ба мувофиқнамоӣ фаро гирифта шудаанд, ки 2835 нафар муваффақ ва 29 нафар ноком гаштаанд. 337 нафар аз раванди мувофиқнамоӣ дар канор мондаанд. Ҳамчунин 72 нафар имомхатибони масоҷиди панҷвақтаи шаҳри Душанбе ва Роғун низ аттестатсия нашудаанд.
Шумораи умумии кормандони Кумита дар тамоми ҷумҳурӣ 599 нафарро ташкил медодааст. Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ки феълан дар кишвар 1 Маркази исломшиносӣ, 39 масҷиди ҷомеи марказӣ, 338 масҷиди ҷомеъ, 3352 масҷиди панҷвақта, 1 ҷамоатхона, 5 мадрасаи мутавассита ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки шумораи ҷойҳои ҷамъиятии намозхонии ғайриқонунӣ хеле зиёд мебошанд. Феълан дар Кумитаи дин асноди 2 масҷиди ҷомеи марказӣ, 4 мадрасаи мутавассита барои қайди давлатӣ ва 11 масҷидӣ ҷомеъ, 23 масҷиди панҷвақта ва 2 калисо барои қайди баҳисобгирӣ дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Кумита оид ба корҳои дин то кунун аз 363 номгӯйи адабиёти динӣ, ки барои ташхиси диншиносӣ пешниҳод гардидаанд, ба 68 номгӯй хулосаи манфӣ додааст. То кунун аз 2413 нафар шаҳрвандони тоҷикистонии муҳассили муассисоти таълими диннии кишварҳои хориҷӣ 1951 нафар баргардонда шудааст.
То имрӯз аз рӯйи талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 144 мавод доир ба вайрон намудани талабот тартиб дода шудааст, ки аз нафарони муҷрим ба маблағи 328 ҳазору 300 сомонӣ ҷарима рӯёнда шудааст. Тибқи таҳлилҳои Кумита дин гӯё баъди қабули қонуни мазкур аз 5 миллиарду 064 миллион сомоние, ки барои маъракаҳо масраф мешудааст, 3 миллиарду 703 миллион сомонӣ сарфа гардидааст.
Абдураҳим Холиқов дар нишастӣ хабарӣ аз муносибати журналистон ва навиштаҳои онҳо изҳори нигаронӣ намуд ва иброз дошт, ки раванди фаъолияти Кумита ба таври воқеӣ инъикос намегардад. ӯ таъкид кард, ки Кумита масъули додани фатво дар мавриди дуруст будан ё набудани талоқҳои СМС- ӣ нест. Ҳамчунин ӯ аз додани ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар мавриди сару садоҳои зиёд дар расонаҳо вобаста ба китоби худаш бо номи «Ҳуқуқи исломӣ» саркашӣ кард. Баҳонааш ин буд, ки ӯ китобро ҳамчун олими соҳаи ҳуқуқ навиштааст, на чун раиси Кумитаи дин.
Ба хулосаи раиси Кумита оид ба корҳои дин дар кишвар фазо барои таъмини озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон мусоид буда, давлат кӯшишҳои ҷиддӣ мекунад. Ҳамчунин ӯ аз интиқоди созмонҳо байналмилалӣ дар мавриди маҳдуд ва поймол шудани ҳуқуқҳои динӣ дар Тоҷикистон ҳарф назад.
Иршод Сулаймонӣ