Ба ин манзур хостем, бифаҳмем, ки сокинону меҳмонони кишвар рӯзҳои гарми тобистонаро чӣ гуна паси сар менамоянд, чӣ навъ тафреҳ барояшон писанд аст, дар куҷо истироҳат карданд ё карданианд?
«Аз ҳама ҷои хуб барои истироҳат Помир аст. Ман маъмулан дар истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро чанд рӯз истироҳат мекунам, ки таъсираш барои тамоми сол кофист».
Ситора Саломатова, н.Ишкошим.
«Чун ман дар Тоҷикистон меҳмон ҳастам, мехоҳам тобистон ба ҳама минтақаҳои Тоҷикистон сафар карда, бо фарҳангу зиндагии мардум хубтар ошноӣ пайдо кунам. Баъди супоридани санҷишу имтиҳонҳо аввал ба Хуҷанд, баъд ба Помир ва охирҳои тобистон ба кишварам Доғистон рафтанӣ хастам. Боварӣ дорам, ки хуб истироҳат мекунам ва таассуроти хубе аз ин сафарҳо хоҳам дошт».
Меҳмон аз Доғистон.
«Чаҳор фарзанд дорам, ки сетояшон маҷрӯҳанд. Аз он хотир, ки маъюбанд ва наметавонанд мустақилона ҷое бираванд, имкониятҳои молиро ба назар гирифта амал мекунам. Бо ҳамин мушкиле, ки дорам ман истироҳату фароғатро кайҳо фаромӯш кардаам. Маблағи барои истироҳат сарф мекардаро беҳтар аст, барои саломатию табобати фарзандонам сарфа кунам».
Хоҷаев Сафарбек, н.Ваҳдат.
«Чун фориғ аз дарс шудам, мехоҳам каме истироҳт кунам, то ҷисману рӯҳан барои соли нави хониш омода бошам. Ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафтаниам. Ҳам барои истироҳату ҳам барои омӯзиш. Албатта бо дастгирии молиявии волидайнам. Мо доро нестем. Миёнаҳол зиндагӣ мекунем. Аммо волидайн дар ин иқдоми хайр, маро дастгирӣ карданд».
Меҳрулло Халилов, н.Айнӣ.
«Дар маҳаллаи 63 зиндагӣ мекунам, дар ошёнаи 9-ум. Ва « истироҳатгоҳамон» ҳам ҳамин ҷост. Гарм аст. Хоса барои одамоне, ки кӯдакони хурдсол доранд. Ман ҳам мехоҳам, ки аққалан соле як маротиба ҳамроҳи оилаам дар ягон мавзеи хуб истироҳат кунам. Аммо шароити иқтисодӣ имкон намедиҳад».
Сарвиноз Умарова, хонашин. (Оминаи сесола, фарзанди Сарвиноз)
«Ман аз Ҳиндустон ҳастам. Соли гузашта ҳамроҳи оила дар Тоҷикистон истироҳат кардем. Искандаркӯл ҷойи дӯстдоштанӣ барои ман ва оилаам гашт. Чун истироҳати мо хеле хубу хотирмон гузашт, имсол ҳам ният дорем дар ҳамин ҷо истироҳат кунем».
Синк, меҳмон аз Ҳиндустон. (Навтеҷ, фарзанди оғои Синк)
«Одатан ман таътилро дар ноҳияи худамон, Шуғнони ВМКБ мегузаронам. Аммо чанд маротиба чунин имкон ҳам фароҳам омада буд, ки таътиламро ҳамроҳи дӯстон дар лагери тобистона гузаронам. Масалан, соли гузашта мо як гурӯҳ ҷавонон дар мавзеи хушбоду ҳавои Қаратоғ ва ноҳияи Ванҷ истироҳат карда будем. Чун имсол барои ман соли хотирмон ва каме вазнин буд, аз он хотир, ки хатмкунандаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳастам ва санҷишу имтиҳонҳоям зиёданд, ҳоло фикр накардаам, ки таътили имсоларо дар куҷо гузаронам. Зиёд мехоҳам барои истироҳат ба Амрикову Чин биравам, аммо шароити иқтисодӣ маро пойбанд кардааст».
Султонмаҳмадова Насрин.
«Шукри Худо ман соҳиби 11 фарзандам. 7 духтару 4 писар. Фарзандонам маъмулан истироҳати тобистонаро дар хона, пайи анҷоми корҳои хоҷагӣ мегузаронанд. Ман албатта мехоҳам, ки онҳо ҳам мисли баъзе ҳамсолонашон истироҳат кунанд, ба истироҳатгоҳҳо бираванд, аммо вазъи иқтисодии оилавӣ ба ин имкон намедиҳад».
Тӯйчиев Афзал, н.Ёвон.
«Фориғ аз кор тафреҳ мехоҳиву ба кӯча мебароӣ, Аммо… Баъзан кас муҳити орому камодам мехоҳад. Боғҳои истироҳатии пойтахт аз меъёр зиёд серодаманд. Мо мехостем дар Душанбе ҷое бошад, ки ҳам барои истироҳати кӯдакон қулай бошаду ҳам барои истироҳати ҷавонон ва ҳам кулонсолон. Ва шумори боғҳои истироҳатӣ низ афзояд. Аз ҳама муҳимаш нархҳо бояд дастрас бошанд».
Раҳматулло ва Сарвиноз, оилаи ҷавон
«Соҳиби се фарзанд ҳастам. Шоҳин, Фаррух, Шодмон. Мо дар ноҳияи Қумсангир зиндагонӣ мекунем. Чун Шоҳин синфи чаҳорро хатм карду имсол ӯ довталаби мактаби президентӣ аст, барои супоридани имтиҳон ба Душанбе омадем. Шоҳину Фаррух аллакай имсол барои 15 рӯз дар лагери наздимактабии «Афсона» истироҳат карданд. Он бо дастгирии шӯъбаи морифи ноҳияи Қумсангир таъсис дода шуда буд, ки барои аълохонҳо, фарзандони оилаҳои камбизоат, омӯзгорон ройгон буд».
Шӯҳрат Қосимов, омӯзгор.
«Маъмулан ҳамроҳи фарзандон дар ана ҳамин боғи ба номи «Москва» истироҳат мекунем. Аз он ки дар марказ хона дорем ва ин ҷо ҷойи муносибе барои бозии кӯдакон нест, ба ҳамин боғ меоем. Ин ҷо бошад, ба мо маъқул. Назар ба дигар мавзеъҳо тозаву озода. Дар хусуси истироҳати тобистона, бо ду фарзанди хурд, фикр мекунам, тобистон ҳам ба ягон ҷо рафта наметавонам».
Маҳина Раҷабова, Душанбе. (Салоҳиддин, Саодат, фарзандони Маҳина)
«Анталия, Мармарис, Афина, Барселона… истироҳати орзуҳои ман. То он вақте ки ман худам кори хуб наёбаму маблағи лозима ҷамъоварӣ накунам, аз ҳисоби волидонам ба хориҷа рафтанӣ нестам. Ҳозир аз сайёҳату истироҳат дар дохили кишвар ҳам розиам. Қайроқум, Помир, Варзобу Ромит бароям ин ҳама басанда аст».
Донишҷӯи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия.
Таҳияи Гулноза БОБОМУРОДОВА,