Тавре Абдулфаттоҳ Шафиев, мушовири Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) иттилоъ дод, ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби МБТ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар Ethical Fashion Show, ки соли 2004 таъсис шудааст, ба тарроҳии замонавӣ дар чаҳорчӯбаи ахлоқу маънавиёт ва бо назардошти масъулияти иҷтимоӣ ва муҳитзистӣ аҳамияти вижа дода мешавад. Ethical Fashion Show – намоишгоҳи байнулмилалии муд ва лавозимоти либос барои тарроҳони касбиву бозигарони аслии соҳа буда, дар он ҳамчунин, соҳибони лоиҳаҳои муд, расонаҳо ва мардуми оддӣ низ иштирок мекунанд.
Бояд ёдрас шуд, ки 7 сол қабл дар нахустин EFS ҳамагӣ 20 тарроҳи муд иштирок карда буд. Дар соли 2010 ин намоишгоҳ мизбони тақрибан 100 тарроҳ аз саросари Аврупо буд.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Париж имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд ва бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд. Ин намоишгоҳи касбӣ дар қалби Аврупо доир мешавад ва дар он аз саросари ҷаҳон маҳсулоте, ки бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ва муҳитзистӣ истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Барои меҳмонони ин намоишҳгоҳ муҳим аст, ки таърихчаи офаридани ҳар як маҳсулотро бидонанд. Онҳо ҳамчунин ба чунин ҷанбаъҳои маҳсулот, ба мисли назокату нафосат ва зебоии он ва имкони истеҳсоли он мувофиқ ба табъи харидори замонавӣ ва таҷрибадор аҳамият хоҳанд дод.»
Райлӣ Салярдс, мутахассиси МБТ оид ба тарроҳӣ ва коркарди маҳсулот, ки чанде пеш бо ҳадафи ёрӣ ба корхонаҳо ҷиҳати омодагӣ ба намоишгоҳи Париж ба Тоҷикистон омада буд, бар ин бовар аст, ки Ethical Fashion Show ба ширкатҳои тоҷик имкон фароҳам меорад, то «Бозори байнулмилалии фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро омӯзанд ва беҳтар ворид шаванд, маҳсулоти худро бо тавлидоти ширкатдорони дигари намоишгоҳ муқоиса намоянд, бо харидорони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳои Аврупо, Амрико ва Австралия тамос барқарор намоянд.»
Файзимоҳ Иброҳимова, мудири кулли корхонаи «Суман», умедвор аст, ки сафар ба Париж ба ӯ ва ба тавлидгарони дигари тоҷик имкон медиҳад, «То аз тамоюлот, рангу усулҳои навин, матоъ ва либосвории замонавӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд.»