Ӯ мутахассисест, ки пайванди илму ирфонаш на танҳо дар хонадону мактаб, балки иҷтимоъ низ самар додаву ба унвони баланди устодӣ шогирдони бешумореро ба роҳи дуруст ҳидоят кардааст.
Ӯро имрӯз ба ҳайси ҳамсари марди бузурги шеър муаррифӣ мекунанд ва пай бурдан душвор нест, ки воқеан ӯ ҳамсари лоиқи Лоиқ буда ва ҳаст. Хушбахт онест, ки дар интихоби хамсафари ҳаёт хато накардааст ва имрӯз агар Лоиқ зинда мебуд, ин суханҳоро бешак худаш мегуфт ва бо ифтихор мегуфт ва боз ҳам ошиқ мешуд ба ӯ, ба зани оқилаву сазовору лоиқаш, ки…нозбардори шоири миллат, шоири умре ошиқ ба нафаре, ки ҳамеша таҳаммули эркагиҳояш дошту дорад.
Сутуне дар нишемани ишқ
Рафтам ман аз бари ту, дидор бар қиёмат,
Аз хонаву дари ту, дидор бар қиёмат…-
гуфта буд замоне Лоиқ дар як шеъраш ва бо мутолиаи он рашъаи ҳарос вуҷуди ӯро ларзонид ва даҳшати ин мисраъҳоро Зебуннисо ҳамонвақт дарк карда буд, вале ба дилаш фармуда, ки ба ин бовар насозад. Аммо ҳайҳот шоир воқеиятро гуфта…
Рӯзи таҷлили 70-солагии зодрӯзи шоири шаҳир - Лоиқ Шералӣ (20 май) миёни як зумра мардони соҳибмақому соҳибқалам зане дар минбар бо либосҳои сиёхранг ва хеле ҳазин менишаст. Ва гӯё чун ташнае, ки обро қатра - қатра нӯш мекунад. Аз ҳар ҳарфу ҳиҷои марбут ба Лоиқ аз ҳар ёдномаи адибону ҳамкоронаш пораобҳоро ба худ меҷаббид ва лаҳза ба лаҳза рӯҳ мегирифт. То рафт қоматаш росттару нигоҳаш қавитар мегашт. Мазмун: ифтихор аз марди зиндагиаш менамуд, ки бо чунин шаҳомату бузургӣ барояш ҳамсаре буд хеле азизу маҳбуб. Ҳамсаре, ки метавон ба қарнҳо аз ӯ ифтихор дошт. Инак, навбати сухан барояш гузошта мешаваду бо ҳаяҷон ва шарми соф занонаву тоҷиконааш рӯёрӯи дӯстдорони Лоиқу ашъораш меистад.
Ғайричашмдошт сухан аз он оғоз мекунад, ки: «Ман имрӯз набояд аз ин минбари баланд сухан мекардам. Имрӯз ман мебояд дастҳо пеши бар дар хонаам меҳмонҳоро ба зодрӯзи Лоиқам «хуш омадед» мегуфтам»…
Ин аст воқеият ва асли як зани тоҷик. Оре, бонуи тоҷик дар кадом пояе, ки набошад, дар сархати зиндагиаш рисолати модариву ҳамсарии хешро мегузорад. Аз вазоифи аввалияи хеш, кадбонуи хонадон буданашро таъкид медорад. Соҳибхонагиро аз соҳибпешагиву минбарнишинӣ болотар медонад.
Ифтихору шарафи ин бонуи омӯзгору хушсухан, донишманду соҳибандеша дилсӯзи таълиму тарбияи насли наврасу омӯзгорӣ як паллаи тарозусту ифтихори ҳамсари Лоиқ Шералӣ будан, паллаи дигар. Ӯ бо хидматҳои хеш назди маориф ва зиндагӣ наменозад. Ӯ дар ҷашни зодрӯзи шавҳараш аз ҳузури вазири маориф ва аҳли илму адаб чун як зани зираку бовиҷдон, барои тарбияи насли баъдӣ сухан мегӯяд. Ӯ бо хиради азалии хеш метавонад аудиторияро истифода созад. Ӯ қадри сухан ва ҷойи гуфтани онро медонад. Бо таваҷҷӯҳ ба сухангӯйиҳои мардони ашъору адабиёт, онҳое, ки замоне меҳмонҳои доимии хонадонаш буданд, гӯш меандозаду замони зиндагии шаккаринашро бо ҳамсараш -Лоиқ ба хотир меорад.
Ёд аз он рӯзҳое мекунад, ки нишеманаш базмгоҳи шеъру адаб буд. Ва ӯ хидмати меҳмонони Лоиқро қарзи на танҳо ҳамсарӣ, балки хидмате ба адабиёт медонист.
«Ихтисос»-и ҳамсарӣ
Аз ин бонуи боназокат зимни сӯҳбат мехоҳам, ки аз он масоил ва таҷрибаи ибратомӯзи рӯзгораш барои хонандаҳомон ҳарф бизанад ва дар гуфтораш панди рӯзгор, таҷрибаи хонадорӣ ва иҷрои мушкилтарин вазоифро меҷӯям, ки бо як маънӣ метавон ихтисоси ҳамсарияш унвон кард.
- Зебуннисо, онҳое, ки устод Лоиқро аз наздик мешинохтанд, қисса мекунанд, ки Лоиқу ошиқиву майю Варзоб, зебоиву чеҳраи ҳуронаву шеър тавъамии зиндагиаш буданд, пас умре Шумо бар ин ҳама рашк бинмудаед?
- Оре, чунин ҳам буд, вале ман рашке бар ин ҳама надоштам, ба ҷуз ифтихор. Охир рашк чирагари ақл аст, вале барои ҳамсари сазовор будан ба шоире чун Лоиқ ман бояд зани зираку соҳибандеша ва ботаҳаммуле мебудам, то тавонам зиндагии осудаи ӯро посбон бошам.
- Пас, аз қиссаҳои ошиқиаш бохабар будед?
- Қариб ҳамеша. Аксари он занҳоеро, ки ошиқи шавҳарам буданд, мешинохтам. Боре аз Лоиқ нашунидаам, ки дар бораи онҳо чизи баде, ҳарфи таҳқиромезе гуфта бошад. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки «занак, онҳо рафиқони мананд». Ман каме… месӯхтам, вале ончунон дӯсташ медоштам, чуноне ки гумон мекунам то ба ҳол касе чун ман ӯро дӯст надошта…
- Шуморо ишқ ҳамхона карда?
- Бале, вале ишқи модаронамон.
-Яъне?.
- Ман духтари хушрӯе набудам, ки Лоиқ ошиқам шавад. Хешу табор будем, замони донишҷӯияш аз Душанбе нахуст ба хонаи мо ба Панҷакент меомаду баъд ба Мазори Шариф ба хонаи худашон мерафт. Модари ман Лоиқро беҳад дӯст медошту модари ӯ ба хотири идомаи авлод, бо муҳаббат танҳо барои ҳамсарии вай маро қабул дошт. Ва ин ду зани оқилаву дӯстдори Лоиқ тасмим гирифтанду ману Лоиқ фармон бардоштем, вале тӯли зиндагӣ ӯ тавонист маро ошиқу мубталои хеш созаду барои умре мафтуну шайдои худ гардонад.
- Пас «ошиқиҳояшро» хиёнат намешумурдед?
-Ҳаргиз!
- Бо чи далел?
- Ӯ ба ман мегуфт: «Надежда Константиновна, (ин яке аз лақабҳои ман буд) ун… занҳо ӯсмаву сурмаанд, ки бо аввалин шустан мераванд, вале ту миҷҷаву абрӯйи, ки доимо мемонӣ ». Ва ман ба умқи ин гуфтаҳо мераафтаму медонистам, ки ӯ то абад Лоиқи ман аст. Инсон бояд рақобатпазир бошад. Ман ҳамеша худро боло аз як соат мегирифтам.
Ӯро содиқтарин шавҳар меҳисобам.
- Садоқати мард аз назари Шумо чист?
- Мафҳуми вафодории Лоиқро ман дар он медидам, ки ҳушу ёдаш ҳамеша дар хонаву дар ва зану фарзандонаш буд. Зиндагии хубу осудаеро бароямон ташкил карда буд, ки то охирин рӯзҳои зиндагияш мо чӣ будани мушкилиро намедонистем.Масалан ман ошиқиҳои Лоиқро «шӯхиҳои ҷавонӣ» меномам.
- Ба андешаи Шумо ҳайкали устодро бояд дар куҷо гузоранд?
- Ҳайкали Лоиқ дар дили хонанда, дар симои фарзандон, дар ақлу заковати насли баъдии шоӣрӣ, дар таъсири тарбиявии ашъораш ва дар саҳмаш дар адабиёти тоҷик аст…
- Оре, бегазандтарин ҳайкал онест, ки дар дилу ақлҳо маскан гузида.
Ҳуриннисо Ализода