Маҳфил бо ҳузури шоири маъруф Мӯъмин Қаноат сурат гирифта, дар доираи унвони маҳфил суолу ҷавоби шоир ва аҳли нишаст хеле ҷолиб гузашт. Аз ҷумла, Мӯъмин Қаноат дар мавриди шеъри нави тоҷик сухан ронда, чӣ гуна аъзои Иттиҳоди нависандагон шудани Лоиқро ёдрас шуд. Яъне, ба қавли вай Лоиқ бе ҳеҷ маҷмӯаи шеърӣ ва хеле аҷиб ба узвияти иттиҳодия пазируфта шуд. Мӯъмин Қаноат ин қиссаро чунин ҳикоя намуд:
«Раиси вақти Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…» чунон мутаассир мекунад, ки ӯ бо сарфи назар аз талаби ҳатмии китоби чопшудаи ашъор, Лоиқро ба узвияти ин созмон қабул мекунад».
Ҳамчунин, дар ин маҳфил тавассути Интернет ва телефонӣ аз дигар кишварҳо дӯстдорони шеъри тоҷик дар тамос буданд.
Масалан, шоири тоҷики муқими Бишкек Сиёвуш ва аз Кобул донишманди шинохтаи афғон - Латифи Пидром тариқи телефонӣ дар тамос шуданд.
Аз ҷумла, Латифи Пидром аз шӯҳрати Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар Афғонистон ҳарф зада, хушхабар расонид, ки дар ояндаҳои наздик дар пойтахти ин кишвар шаби шеъри Мӯъмин Қаноат ва ҳамзамон бузургдошти Лоиқ Шералӣ баргузор хоҳад шуд.