Раиси кумитаи дин Абдураҳим Холиқов қайд кард, ки тағйироти лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба низом даровардани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳия гардидааст. «Таҳлидҳо собит намуд, ки солҳои охир бидуни назорат теъдоди зиёди ҷавонони моро ба мактабу мадрасаҳои кишварҳои хориҷ нирӯҳои мухталиф ҷалб намуда, тафаккур ва дидгоҳи онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда, ба суботу амнияти фарҳангӣ ва динии кишвари мо мушкилиҳои назаррас ворид намуданд»,- гуфт ӯ.
Абдураҳим Холиқов афзуд, ки ворид кардани ин ислоҳот ба хотири ҳифзи субот ва амнияти андеша ва муҳити динӣ сурат гирифта, давлат минбаъд ҷараёни таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишварро танҳо бо ризоияти мақомоти ваколатдор иҷозат медиҳад.
Бо ин мақсад дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар қисмҳои 6-7 илова карда мешаванд. Дар қисми 6 гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар аз ҷумла, дар мактабҳои олии динӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсили динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии макомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаҳаи маориф иҷозат дода мешавад. Дар қисми 7 тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тарафи Ҳукумати ҶТ муайян карда мешавад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имкон фароҳам меорад, ки раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шуда, суботу амнияти фазои тафаккури динии кишвар таъмин карда шавад.
Тибқи иттилои раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов дар Тоҷикистон 1 Донишкадаи исломӣ, 19 мадрасаи мутавассита, 2 мактаби динӣ - дунявӣ ва 1 гимназия фаъолият мекунанд, дар онҳо беш аз 6 ҳазор нафар донишӯй таҳсили илми динӣ доранд.