Дар вохӯрӣ Вазири фарҳанг ба ромишгарони ҳамватан дар бораи дастовардҳо ва проблемаҳои соҳаи фарҳанги тоҷик дар давоми 20 соли истиқлолият ибрози андеша намуд.
Мақсади Фестивали мазкур дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон гирд овардани рошимгарони бурунмарзӣ дар ватани хеш буда, он давоми се рӯз дар толори Консерваторияи милиии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар фестивал ромишгарон - Валерий Шкарупа, Сания Кашкарова, Аҳмад Бакоев, Павел Турсунов аз Россия, Рухшона Муборакшоева ва Зулфия Халилова аз Германия, Бенямин Юсуфов аз Исроил, Дилбар Ҳакимова аз Эрон, Гулчеҳра Иноятова аз Хитой, Содир Нозимов аз ӯзбекистон, Рустам Дулоев аз Италия, Заррина Собирова аз Франсия давоми се рӯз ҳунарнамоӣ карданд.