Баъд аз ифтитоҳи осорхона дар солони мактаб бо ширкати ҳаводорон, дӯстон ва пайвандони устод Лоиқ маҳфили шеър ороста шуд. Бо ибтикори директори мактаби мазкур Дилбар Худойназарова толибилмон саҳнаи залро бо расмҳо ва китобҳои шоир ороста, аз эҷодиёти ӯ шеърҳо қироат намуданд.
Устод Қаноат, шоираи хушсухан Гулрухсор ва Гулназар Келдӣ дар иртибот ба эҷодиёт, зиндагӣ ва ҳунари устод Лоиқ сухан гуфта, лаҳзаҳои хотирмонеро аз ҳаёти шоир ёдовар шуданд.
Дар созмон додани ин нишаст ҳамсари устод Лоиқ ва фарзандонаш низ саҳм гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки мактаби рақами 54 – и пойтахт бо исми устод Лоиқ номгузорӣ шудааст. Ҷойи тазаккур аст, ки эҷоди чунин нишастҳо ва созмон додани осорхонаи шоири саршиноси тоҷик дар тарбияи насли наврас нақши муҳим ва созанда хоҳад дошт.