Аз рӯи хулосаи ҳакамон ғолиби ин озмун Гулноза Маҳмудова донишҷӯйи курси 1-уми факултаи филологияи руси Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ эълон шуд. Гулноза Ҳакимова сокини шаҳри Кӯлоб буда, қадаш 1,73м аст.
Аъзои ҳакамон иброз медоранд, ки Гулноза дар бартарӣ аз дигар довталабон, на танҳо бо қади мавзуну ҳусни зебои зоҳирӣ, балки бо интихоби сару либос ва ҳозирҷавобӣ бартарӣ доштааст. Ба хусус, сару либоси Гулноза, ки бо маҳорати баланд дӯхта шудааст, писанди ҳамагон шуд. Устоди Гулноза - Шарофат Худойдодова иброз медорад, ки муваффақияти асосии онҳо дар интихоби либоси маликаи сол буд, ки рамзи обӣ дошт. Азбаски Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффост ва об бойигарии асосии кишвари мо маҳсуб меёбад, мо дар духтани либоси шоҳонаи малика рамзи обиро интихоб кардем, ки ба довталаби мо мувофиқ омад.
Ҷ. Сайфиддин