Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Илолов дар ҷараёни нишаст ёдовар шуд, ки ин солон ҳанӯз ҳарорати суханҳои гарму пурҳарорати усодро ёд дорад, аммо парвози сухани шоир хеле фаротар аз марзҳоест, ки мо тасаввур мекунем.
Зимни муаррифии китоб, ки бо кӯшиш ва интихоби Муҳаммадҷаъфар Ранҷбар ва шоири тоҷик Сайёд Ғаффор ба нашр омода шудааст, шоири тавонои тоҷик – Мӯъмин Қаноат таъкид намуд, ки агарчи 80 сол дошта бошад ҳам, то ҳанӯз худро шогирд ва давомдиҳандаи мактаби Мирзо Турсунзода медонад.
Дар маҷмӯа беҳтарин ашъори шоир дар васфи Ватан, дӯстиву бародарии миллатҳо, мақоми модар, сулҳдӯстиву озодихоҳии кишварҳо ва сароишиҳои ҷовидона ва ошиқонаи шоир гулчин шудааст.
Дар ҷараёни муаррифии китоб духтари шоир Фирӯза Турсунзода, сафирони кишварҳои форсзабон – Афғонистон ва Эрон ва ҳамчунин намояндаи сафорати Ҳиндустон сухан гуфта, аз таъсир сухан, бузургии ашъори шоир ва эҳтироми байнулмилалии ӯ ёдовар шуданд.
Дар нашри китоб Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ кӯмак намудааст.